logo

иҷтимоиёт

БАДАХШОН. ДАР ИНТИЗОРИ ҚАДАМИ ФАЙЗБОРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

Таҳти раёсати муовини Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Ёдгор Файзов бо иштироки аъзои ситоди вилоятӣ, роҳбарони идораву муассисаҳои вилоятӣ ва шаҳри Хоруғ ҷаласаи ситоди вилоятӣ оид ба омодагӣ ба ташрифи навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон баргузор гардид.
Ба иттилои раиси вилоят, ташрифи навбатии Пешвои миллат ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон  дар арафаи таҷлили 29-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар назар аст. Зикр гардид, ки Сарвари давлат аз замони интихоб шудан ба мансаби Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иҷлосияи таърихии 16- уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва баъдан Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  интихоб шудан бештар аз 60 маротиба ба шаҳру навоҳии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф овардааст.
- Ҳар сафари Роҳбари давлат ба  вилоят  рӯйдодҳои муҳими сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоӣ, илмию фарҳангӣ, ободкорию созандагӣ дар пай дошт. Боварии комил дорам, ки ин сафари Пешвои миллат ба боз ҳам вусъат ёфтани корҳои ободонию созандагӣ, бунёди иншооти нави истеҳсолию иҷтимоӣ,  рушди тамоми соҳаҳои хоҷагӣ ва дар ин замина боз  баланд гардидани сатҳи зиндагии мардум мусоидат менамояд, - гуфт раиси вилоят.
Дар ҷараёни сафари навбатии Пешвои миллат ба шаҳру навоҳии вилоят 45 иншооти таъйиноти гуногун мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешавад. Аз ҷумла, дар маркази вилоят бинои театри вилоятӣ, як қисмати бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 8 ба номи Сайфулло Абдуллоев, коргоҳи дӯзандагӣ дар ҳудуди бозори «20-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон», иншооти варзишӣ дар маҳаллаи Тирчид мавриди истифода қарор гирифта, санги асоси пули мошингард дар маҳаллаи Селхозтехника, ки  дарозии он бо эстакада 200 метрро ташкил  медиҳад, гузошта мешавад. Ин пули сеюми мошингузар аст, ки ду соҳили дарёи Ғундро дар ҳудуди шаҳр  ба ҳам мепайвандад ва мушкилоти тамбашавии нақлиётро дар маркази шаҳри Хоруғ аз миён мебардорад.
Тибқи нақшаи чорабиниҳо вобаста ба ташрифи Пешвои миллат ба ВМКБ, дар ҳамаи минтақаҳои вилоят корҳои созандагиву ободонӣ вусъати тоза гирифтаанд. Дар ин раванд  иншооти зиёди иҷтимоӣ - фарҳангӣ ва истеҳсолӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, боз даҳҳо ҷойи нави корӣ  таъсис меёбад ва ба рушди истеҳсоли маҳсулоти худии воридотивазкунанда  заминаи  воқеӣ гузошта  мешавад.
Дар ҷаласа барои дар сатҳи баланд  истиқбол намудани Президенти мамлакат ва дигар меҳмонони воломақом, ки дар ин сафар ӯро ҳамроҳӣ мекунанд, омода намудани иншооти ҷашнӣ, вусъати корҳои ободонӣ, ташвиқу тарғиби сиёсати созандаю сулҳпарваронаи Пешвои миллат 14 гурӯҳи корӣ таъсис дода шуд ва аъзои онҳо вазифадор гардиданд, ки барои анҷоми корҳои ба зиммаашон вогузошта тадбирҳои мушаххас роҳандозӣ намоянд.

Раҳмони ГУЛЗОР,  “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 07.07.2020    №: 124 - 125    Мутолиа карданд: 250
12.04.2021


КИТОБИ «ТОҶИКОН» ДАСТРАСИ СОКИНОНИ НОҲИЯИ САНГВОР ГАРДИД

НУРОБОД ДАР СӢ СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТ

СУҒД. ФЕСТИВАЛИ ВИЛОЯТИИ «ҲУНАР БЕҲТАР АЗ ЗАР БУВАД» БАРГУЗОР МЕГАРДАД

СУҒД. 420 000 СОМОНӢ ГРАНТ БАРОИ ЗАНОНИ ҲУНАРМАНДУ ЭҶОДКОР

МЕРОСИ ТАЪРИХИЮ ФАРҲАНГӢ. ҲАМОИШИ МУҲИМИ КОРШИНОСОН

«КАДБОНУИ БЕҲТАРИН» МУАРРИФИИ ҒОЛИБОНИ ОЗМУН

ЛИГАИ ОЛӢ

09.04.2021


ТОҶИКИСТОН ВА АМА. ГУСТАРИШУ ТАҲКИМИ ҲАМКОРИҲО ТАЪКИД ШУД

ОЛМОН БО РОССИЯ ОИД БА ДАРЁФТИ «СПУТНИК V» МУЗОКИРОТ МЕГУЗАРОНАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

08.04.2021


ТОҶИКИСТОН – МАҶОРИСТОН. САҲИФАИ НАВИ ҲАМКОРӢ БОЗ ШУД

САРВАРИ ВКХ ПОКИСТОН РОССИЯРО ОМИЛИ УСТУВОРӢ ДАР МИНТАҚА ВА ҶАҲОН НОМИД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ТАСВИРИ ОБ ДАР АСАРҲОИ РАССОМОНИ ТОҶИКИСТОНӢ

«ХУҶАСТА БОД ИСТИҚЛОЛ!»

Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин бо Армида Салсия Алишаҳбана

МАГНОЛИЯ. НИҲОЛИ НОДИР ДАР ХУҶАНДИ БОСТОН

07.04.2021


МИСГАРӢ — БОЗГӮИ РАМЗҲО ВА АНЪАНАҲОИ МАРДУМӢ

«ТЕРРОРИЗМ РЕЛИГИОЗНЫХ ЭКСТРЕМИСТОВ...»

Лавров: «СММ низоъҳоро дар дунё муваффақона ба низом меоварад»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФУТБОЛ

06.04.2021


ВМКБ. НАҚШАИ ДАЪВАТ ДАР ЯК РӮЗ ИҶРО ШУД

ИШКОШИМ. ҒОЛИБОН БА НОҲИЯ БАРГАШТАНД

Лавров барқарорсозии кори «формати Москва»-ро зарур шумурд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ЛИГАИ ОЛӢ

ТАШКИЛИ ЯРМАРКА - ФУРӮШИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ ДАР ХУҶАНД

МИНТАҚАИ РАШТ. ИҶРОИ НАҚШАИ ДАЪВАТ ДАР ЯК РӮЗ

УНВОНУ ДАРАҶАҲОИ ИЛМИИ РОССИЯВУ ТОҶИКИСТОН БАРОБАРАРЗИШ МЕШАВАНД

02.04.2021


ХИЗМАТИ ҲАРБӢ. ВМКБ ВА 5 НОҲИЯИ ХАТЛОН НАҚШАРО ИҶРО КАРДАНД

МУЛОҚОТИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ БО ПАК БЁН СОК

ҶОНИБДОРИИ ВАНХЁРК АЗ МУКОЛАМАИ ВАШИНГТОН БО МОСКВА

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

01.04.2021


ЛИГАИ ОЛӢ. Бори аввал легионерҳои нидерландӣ ва ҷопонӣ ҳунарнамоӣ мекунанд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед