иҷтимоиёт
ВАҲДАТИ МИЛЛӢ. АЗ АҲАМИЯТИ ДОХИЛӢ ТО САБАҚИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
Таҷлили ҷашнҳои миллӣ, аз ҷумла Ваҳдати миллӣ, бо арҷгузории фаъолияту осори намояндагони барӯманди фарҳанги миллӣ ва санаҳои таърихӣ аз он ҷиҳат муҳим мебошанд, ки тавассути ин иқдом на танҳо оммаи васеъ, балки аҳли илму эҷод низ амиқтару густардатар ба дарку омӯзиши онҳо фурӯ мераванд.
Ваҳдати миллӣ ҳамчун рамзи пирӯзиву хушбахтӣ ба мардуми тоҷик неруву тавони нав бахшида, дар қалби ҳар як сокини кишвар шуълаи умедро ба фардои ободу осуда фурӯзон намуд. Ин рӯйдоди нодири таърихӣ дар дилу шуури шаҳрвандони кишвар ҳисси эҳтиром ба Тоҷикистони азиз ва муқаддасоти Ватанро устувор гардонда, ба онҳо эътимод бахшид, ки миллати куҳанбунёди тоҷик метавонад танҳо бо ҳамин ғояи наҷотбахш ба ободкориву созандагӣ машғул шавад ва барои ояндагон як Ватани ободу зебо ва шукуфо ба мерос гузорад. Ин дастоварди нодир ҳоло ба сифати ҷузъи таркибии ҳаёти мардуми мо дар пешрафти ҳаёти сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии кишварамон нақши бузург дошта, моро муваззаф месозад, ки барои ҳифзу гиромидошти он беш аз ҳар вақти дигар саъю талош намоем.
Дар расидан ба сулҳи саросарӣ ва рушди босуботи Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши марказӣ доштанд. Он кас ҳамчун як роҳбари мардумӣ ва лидери миллӣ сокинони кишварро дар атрофи ғояҳои баланди сулҳу ваҳдат ҷамъ оварда, наҷоти давлат ва миллатро таъмин намуданд. Эмомалӣ Раҳмон тамоми қувва ва иродаю имконияти хешро барои таъмини сулҳ, баргардондани муҳоҷирони иҷборӣ ба Ватан ва шурӯи музокирот бо мухолифин равона намуданд. Аз тарафи Эмомалӣ Раҳмон тарҳрезӣ шудани таҷрибаи нодири сулҳи тоҷикон як дастоварди муҳими таърихи муосири халқи тоҷик арзёбӣ мегардад. Қобили зикр аст, ки дар ин роҳи басо душвор шуҷоату ҷасорати нотакрор доштани Пешвои миллат, фаросати азими мардумпарваронаашон, ватанпарастӣ ва миллатдӯстиашон боиси он гардид, ки ҷони хешро ба гарав монда, барои таъмини ваҳдат ва барқарории сулҳ дар Тоҷикистон сафарҳои пурхатар анҷом дода, сулҳу ваҳдатро дар кишвар барқарор намуданд. Ба қавли Кофи Аннан, собиқ Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид: «Тоҷикон намунаи беназири таҷрибаи сулҳофариро барои мамлакатҳои дигар ба армуғон оварданд».
Бо таваҷҷуҳ ба ин, омӯзиши илмӣ ва беғаразонаи нақш, таҷриба ва равиши махсуси Эмомалӣ Раҳмон дар расидан ба сулҳ ва ризоияти миллӣ на танҳо аҳамияти дохилӣ, балки аҳамияти минтақавӣ ва байналмилалӣ низ хоҳад дошт. Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон барои дастовардҳои минбаъдаи мардуми кишвар дар самти плюрализм, мусолиҳаи миллӣ, гуногунандешӣ, ташаккули низоми бисёрандешӣ, ислоҳоти сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, равандҳои демократӣ ва тақвияти институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ заминаи мусоид фароҳам овард.
Тамоюли ҷаҳонишавии фарҳанг ба яке аз проблемаҳои глобалии асри XXI табдил ёфта, талабот нисбат ба сатҳи маънавиёти инсон, тарбия ва ташаккули наслҳое, ки вазифаҳои азими бунёди ҷомеаи навин дар даврони соҳибистиқлолии миллати тоҷик ба зиммаи онҳо гузошта хоҳад шуд, торафт меафзояд. Дар ин марҳалаи муҳим мақсаду вазифаҳои аҳли фарҳанг бештар ба масъалаҳои ташаккули маънавиёт, омӯзиши амиқи таъриху фарҳанги гузаштаву муосири халқи тоҷик, баланд бардоштани ифтихори миллӣ ва ҳисси ватандӯстиву ватандорӣ, инчунин, дар тафаккури мардум ва махсусан, наврасону ҷавонон густариш додани эҳсоси эҳтиром ба муқаддасоти милливу рамзҳои давлатӣ равона мегардад.
Тоҷикистони соҳибистиқлол зери парчами ваҳдату ҳамбастагӣ, бунёдкорию созандагии пурсамар дар партави сиёсати хирадмандонаю дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ташаббусҳои ҷаҳонии ин шахсияти таърихӣ тавонист ҷойгоҳи шоистае дар арсаи минтақавию байналмилалӣ барои худ касб намояд, чунонки акнун ҳеҷ гуна тасмимгирии дастаҷамъиро дар минтақа бе ҳузури фаъоли Тоҷикистон наметавон тасаввур кард.
Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ ба ифтихори Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар ноҳияи Рашт, 26 июни соли 2019, бо ёдоварӣ аз таърихи даврони соҳибистиқлолӣ ва истиқрори сулҳу ваҳдат, таҷрибаи сулҳофарии тоҷикон таъкид доштанд: “Рӯзи ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ - 27 июни соли 1997 барои мо, воқеан, оғози ҳамдигарфаҳмиву сарҷамъӣ ва фароҳам овардани шароит барои зиндагии орому осоиштаи халқамон мебошад”. Ба таъкиди Сарвари давлат: «Бо гузашти солҳо мо амиқан дарк кардем, ки ваҳдати миллӣ омили муҳимтарини рушди ҷомеа, шарти асосии пешрафти иқтисод ва иҷтимоиёту фарҳанги мардуми мо ба ҳисоб меравад. Маҳз ба ҳамин хотир, мо ҳифзи истиқлолият ва ваҳдати миллиро аз ҷумлаи рисолатҳои инсонии худ мешуморем. Имрӯз бисёр зарур аст, ки мо андешаи сулҳу ваҳдатро ҳамчун рукни боэътимоди истиқлолият ба яке аз ғояҳои давлатдории миллӣ табдил диҳем ва онро миёни наврасону ҷавонон ҳамчун шарти асосии бақои амнияти ҷомеа ва пойдории давлат васеъ тарғиб кунем».
Муҳриддин НИЗОМӢ,
ректори Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода,
доктори илмҳои филология
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 07.07.2020 №: 124 - 125 Мутолиа карданд: 238