иҷтимоиёт
«ҲОЛИ ТАБОҲИ КИТОБХОНА ДАР ШАҲРИ БОСТОНӢ»
«Ҷумҳурият», аз 26 майи соли 2020
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан мақолаи доктори илмҳои фалсафа Муҳаммадқул Ҳазратқулов ва барандаи ҷоизаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи Абулқосим Лоҳутӣ Ҳусейни Назруллоро мавриди баррасӣ қарор дод.
Муаллифон дар мақолаи хеш масъалаи хеле муҳимеро, ки он барои баҷо овардани хотираи неки гузаштагон, баланд бардоштани фарҳангу маърифатнокии мардум мусоидат мекунад, ба миён гузоштаанд.
Бояд тазаккур дод, ки дар шаҳри Истаравшан 1 китобхонаи марказӣ, 1 китобхонаи бачагона, 24 филиал дар деҳот, 2 филиали китобхонаи шаҳрӣ, ҷамъ 28 китобхонаи оммавӣ амал менамояд, ки аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ дар ин самт ҳамасола зиёда аз 400000 сомонӣ маблағгузорӣ мешавад.
Ҳоло барои бунёди китобхонаи замонавӣ аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр аз мавзеи «Хонаи таълим ва истироҳат» дар масоҳати 2,2 гектар қитъаи замин ҷудо шуда, лоиҳаи анговарии он таҳия гаштааст. Дар ин маҷмааи иншооти фарҳангӣ, аз ҷумла китобхонаи замонавӣ низ ҷойгир мешавад.
Сохтмони китобхонаи замонавӣ дар шаҳри Истаравшан дар нақшаи чорабиниҳои ободониву созандагӣ бахшида ба Ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гаштааст. Мақомоти ҳокимияти давлатӣ дар ҳалли масъалаи мазкур таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир намуда, корбариро ба таври зарурӣ роҳандозӣ намудааст.
Ҳамзамон, бояд қайд намоям, ки тибқи нақшаи генералии шаҳр дар ояндаи наздик аз тарафи соҳибкорон 8 бинои баландошёна сохта ба истифода дода мешавад, ки дар ошёнаи аввали ҳамаи биноҳо ташкили китобхонаҳо ва мағозаи китоб ба нақша гирифта шудааст.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр муассисаи «Қомуси Истаравшан» - ро таъсис дода, бо ҷалби олимон, аз ҷумла Муҳаммадқул Ҳазратқулов ва Ҳусейни Назрулло «Энсиклопедияи Истаравшан» - ро таҳия намуда истодааст. Раванди омода шудани қомус пурра аз ҳисоби буҷети шаҳр маблағгузорӣ мешавад.
Қайд кардан ба маврид аст, ки тӯли солҳои охир дар соҳаи фарҳанг тағйироти куллӣ ба назар мерасад. Аз ҷумла, таъмир ва азнавсозии Қалъаи Муғ, майдони Ғалаба, Қасри ҷавонон ва наврасони ба номи А. Маҳмудов бо гузоштани Парчами давлатӣ, майдони Нишони давлатӣ, мавзеи таърихӣ ва сайёҳии Ҳазрати Шоҳ, Мадрасаи Абдулатиф Султон (Гунбази кабуд) ва ғайраҳо баёнгари таваҷҷуҳи хоса ва аҳамияти беандоза ба ин самт маҳсуб меёбад.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ҷиҳати баратараф намудани камбудиҳои дар соҳаи китобдорӣ ҷойдошта чораҷӯӣ намуда истодааст ва дар фосилаи наздиктарин онҳоро ҳаллу фасл менамояд.
Нигора НАИМҶОНЗОДА,
муовини раиси шаҳри Истаравшан
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 24.07.2020 №: 138 Мутолиа карданд: 115