logo

Хабарҳо

ВАҲДАТ. 21 КОРХОНАЮ КОРГОҲ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД

Дар нимсолаи аввали соли равон дар шаҳри Ваҳдат 21 корхонаю коргоҳҳо, аз ҷумла 12 коргоҳи дӯзандагӣ, 5 коргоҳи истеҳсоли хишти сементӣ, корхонаҳҳои коркарди маҳсулоти чармӣ ва истеҳсоли қуму шағал, коргоҳҳои коркарди пахта ва истеҳсоли орду шолӣ ба истифода дода шуд. 
Дар ин бора Раҳмоналӣ Амирзода, раиси шаҳри Ваҳдат, дар нишасти матбуотӣ баён дошт.
Инчунин, дар нишаст зикр гардид, ки бо мақсади иҷрои “Барномаи рушди соҳаи боғу токпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016 – 2020” дар масоҳати 20,5 гектар боғу токзори нав бунёд шуда, 24 гектар майдони боғу токзор барқарор гардид.
З. РАҶАБЗОДА, “Ҷумҳурият”
«ФАЛАК» БА РӮЙХАТИ МЕРОСИ ЮНЕСКО ШОМИЛ МЕШАВАД
Ба Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ нома расид, ки созмони ЮНЕСКО, баъди таҳлилу баррасӣ, жанри «Фалак»-ро аз назари техникӣ комил донист ва он ба наздикӣ ба рӯйхати мероси ғайримоддӣ шомил мешавад.
Ин паёмро Зулфия Давлатзода, вазири фарҳанг, дар нишасти матбуотӣ иброз дошт.
Ба гуфтаи ӯ, озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман», ки  бинобар пандемияи коронавирус мавқуф гузошта шуда буд, аз 25 июл бидуни тамошобин шурӯъ мешавад.
Кормандону ҳунармандони Вазорати фарҳанг барои пешгирӣ аз паҳншавии COVID – 19 ба Фонди  мубориза бо коронавирус 70 ҳазор сомонӣ гузаронданд.
- Сомонаи бонуфузи «Тур Стат» Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айниро аз беҳтарин театрҳои операвии ИДМ эътироф намуд. Ҳамчунин, муассисаҳои давлатии мамнӯъгоҳҳои таърихиву фарҳангии Ҳисор ва Ҳулбук дар номинатсияи «Беҳтарин минтақаи сайёҳии Тоҷикистон» сазовори ҷоиза ва нишон гардиданд, - афзуд вазир.

Бузургмеҳри БАҲОДУР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 194
14.08.2020


САНГВОР. ДЕҲАҲО ТАРОВАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

ВАҲДАТ. ЭҲСОСИ ШУКӮҲИ ҶАШНИ МИЛЛӢ

ДАЪВАТИ СММ АЗ ҶОМЕАИ ҶАҲОНӢ

Ҷаҳон дар як сатр

ҶОМИ ҶАҲОН – 2022. БОЗИҲОИ МАРҲИЛАИ ИНТИХОБӢ СОЛИ 2021 БАРГУЗОР МЕШАВАНД

12.08.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ COVID – 19 БОЗ 39 БЕМОР ШИФО ЁФТ

ВИДЕОКОНФРОНСИ “ОСИЁИ МАРКАЗӢ + ЯПОНИЯ”

ВОХӮРИИ МУҲАММАДЮСУФ ИМОМЗОДА БО МУҲАММАД ЗОҲИР АҒБАР

ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ ФОСИЛАВИИ «ТОЗАГӢ – ГАРАВИ САЛОМАТӢ»

ЛИГАИ АВРУПО. ҶУФТҲОИ ДАВРИ НИМНИҲОӢ МАЪЛУМ ГАРДИДАНД

10.08.2020


КОРОНАВИРУС. ШУМОРАИ ШИФОЁФТАГОН БА 6 ҲАЗОРУ 573 КАС РАСИД

ЁРИИ НАВБАТИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА СОКИНОНИ ЭҲТИЁҶМАНДИ БАДАХШОН

САФАРИ МУОВИНИ САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ ШИРИН ИСМАТУЛЛОЗОДА БА ШАҲРУ НОҲИЯҲОИ ҶУМҲУРӢ

«СУҒД ТЕКСТАЙЛЗ» ФАЪОЛИЯТАШРО ТАВСЕА МЕБАХШАД

ЛИГАИ ОЛӢ. "ИСТИҚЛОЛ", "ХУҶАНД" ВА "ХАТЛОН" ДАВРИ ДУЮМРО БО ПИРӮЗӢ ОҒОЗ КАРДАНД

БАДАХШОН. АВЛАВИЯТ БА ТАВСЕАИ МАЙДОНИ КИШТ

АГЕНТИИ НАШЪАОВАР. МУСОДИРАИ БЕШ АЗ 1 ТОННА МАВОДИ НАШЪАОВАР ВА МАҲВИ 26 ГУРӮҲИ ҶИНОЯТӢ

07.08.2020


ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 443 БЕМОРИ COVID-19 ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ШИНОСОИИ АЗИМ ИБРОҲИМ БО ҶАРАЁНИ КОР ДАР ИНШООТИ ҶАШНӢ

КМИР. НАҚШАИ ТАҚВИМИИ ЧОРАБИНИҲОИ ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОНРО ТАСДИҚ КАРД

ЛИГАИ БОНУВОН. «ХАТЛОН» ҒОЛИБИ МАРҲИЛАИ АВВАЛ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

06.08.2020


ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 399 ГИРИФТОРИ БЕМОРИИ COVID-19 ШИФО ЁФТ

СУҒД. МАҲСУЛОТИ АРЗОН ЗИНДАГИРО БАРАКАТ МЕБАХШАД

АГЕНТӢ. ШУМОРАИ ХИЗМАТЧИЁНИ ДАВЛАТӢ АЗ ҲИСОБИ ЗАНОН КОҲИШ ЁФТААСТ. ЧАРО?

СЕРИЯ ПРО. МУБОРИЗАИ "СОРО - КОМПАНИЯ" ВА "СИПАР" ШИДДАТ МЕГИРАД

05.08.2020


ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 356 ГИРИФТОРИ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

АЗ «АМОНАТБОНК» СИПОСГУЗОРЕМ

ЛИГАИ ОЛӢ. МАРҲИЛАИ ДУЮМ 8 АВГУСТ ОҒОЗ МЕЁБАД

04.08.2020


ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 317 БЕМОРИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ОМОДАГИҲО ҶИҲАТИ БАРӮЙХАТГИРИИ АҲОЛӢ ВА ФОНДИ МАНЗИЛ ИДОМА ДОРАНД

АГЕНТИИ СОДИРОТ. СОДИРОТИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ АФЗУД

83 КОРХОНАИ НАВИ САНОАТӢ МАВРИДИ БАҲРАБАРДОРӢ ҚАРОР ГИРИФТ

ВКД. САТҲИ ҶИНОЯТ КОҲИШ ЁФТ

SARS – CoV – 2. ТАДҚИҚОТИ ОЛИМОН ХАТАРИ НАВИ ОНРО ОШКОР СОХТ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед