иҷтимоиёт
Муроҷиатномаи Шўрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон вобаста ба Иди Қурбон
Бо қарори Шўрои уламо таҷлили Иди Қурбон 31 июли соли 2020 муқаррар шудааст. Бинобар сабаби паҳншавии бесобиқаи бемории сироятии коронавирус дар ҷаҳон, ҷиҳати эмин нигоҳ доштани аҳолии мамлакат аз сирояти бештари он, тибқи фатвои раёсати Шўрои уламо намози Иди Қурбон баргузор намегардад.
Иди Қурбон рўзи хайру саховат ва дастгирии фақирону камбизоатон, бенавоёну ятимон буда, онҳое, ки қудрати қурбонӣ кардан доранд, бояд аз ҳоли фақирону мискинон бохабар шаванд.
Дар Иди Қурбон то се рўз қурбонӣ кардан ҷоиз аст. Бо дарназардошти баргузор нашудани намози ид, тибқи таълимоти мазҳаби ҳанафӣ қурбонӣ бояд баъди тулўи Офтоб анҷом ёбад. Гўшти қурбонӣ се тақсим карда шуда, қисме барои соҳиби қурбонӣ, қисме барои хешу табор ва ёру дўстон ва қисми дигар ба одамони камбизоат, ятимону маъюбон дода мешавад.
Одатан, дар рўзҳои ид одамон ба хонаҳои якдигар рафта, дар ҳаққи гузаштагон дуо мекарданд. Хотиррасон менамоем, ки айни ҳол дар давлатҳои ҳамсоя мавҷи дувуми бемории сироятии COVID-19 хуруҷ дорад, ҳолати дубораи карантинӣ ҷорӣ шудааст. Дар ҳолати ташкил намудани идгардаки калонсолон ва хурдсолон эҳтимоли паҳншавии дубораи вируси COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вуҷуд дорад. Одамон аз хонаҳои худ дар ҳаққи гузаштагон дуо кунанд, кифоя ва ҷоиз аст.
Дар мавриди ҳифзи сиҳатии омма, Пайғамбар (с) фармудаанд: “Шахси мариз назди шахси тандуруст оварда нашавад.” Олимон зимни ҳадиси мазкур фармудаанд: «Шахсони солим набояд бо касоне, ки ба бемориҳои сирояткунанда гирифторанд, нишасту бархост кунанд, то ин ки беморӣ ба онҳо нагузарад».
Дар баробари ин, хотирнишон мекунем, ки вақтҳои охир ҳангоми адо намудани намози ҷаноза талаботи дастурамали «Тартиби дафни бандаи муъмин», ки аз ҷониби Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва тасдиқ гардидааст, сарфи назар карда мешавад. Намозҳои ҷаноза мисли пештара бо шумораи зиёди одамон, бе риояи қоидаҳои беҳдошт, бидуни пўшидани ниқоби муҳофизатӣ ва масофагирии ҷисмонӣ анҷом дода мешаванд. Ин ҳолат хатари воқеии сироят ба бемории COVID-19-ро дучанду даҳчанд менамояд.
Бо иштирок дар чунин ибодатҳо ҳар кас худ, хешу табор ва атрофиёнро зери хатари ҷиддии сироятёбӣ қарор медиҳад, ки чунин рафтор аз лиҳози дини ислом, хусусан мазҳаби ҳанафӣ қатъиян маҳкум мегардад. Аз чунин амали хатарзо ягон гуна савоб ҳосил намешавад, балки ин гуна ашхос муртакиби гуноҳ мегарданд.
Бинобар ин, Шўрои уламо ҷиҳати эмин нигоҳ доштани мардум аз сирояти бемории COVID-19 қотеона тақозо менамояд, ки намозҳои ҷаноза бо иштироки шумораи камтарини хешу таборони наздики майит, бо риояи қатъии дастурамали «Тартиби дафни бандаи муъмин» анҷом дода шавад.
Намози ҷанозаро имом бо риояи талаботи шариат анҷом дода, дар масофаи 2 метр аз тобут дуртар меистад. Имом ва намозхонон бояд масофаро риоя намуда, ҳатман ниқоб пўшанд.
Намозҳои ҷаноза танҳо аз ҷониби мутасаддиён – имомхатибон, имомони масҷидҳои панҷвақта ва шахсоне, ки ба ин кор муваззаф шудаанд, хонда мешаванд.
Бо таманниёти солимии ҷомеа мардуми шарифи Тоҷикистонро бо фарорасии Иди Қурбон аз самими қалб муборакбод менамоем. Ба кулли ҳамватанон ибодати мақбул, бахту иқболи баланд, хушбахтиву некрўзӣ, барору комёбиҳо дар кору зиндагӣ, дили шоду хонаи обод, ҳамдиливу якдигарфаҳмӣ, фазои софу беғубор ва неъмати бузурги оромиву осоиштагӣ таманно менамоем.
АМИТ «Ховар»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 29.07.2020 №: 141 Мутолиа карданд: 283