logo

иҷтимоиёт

РЎЗГОРЕ БАРОИ ИБРАТ

Субҳ медамид ва академик Муҳаммадулло Лутфуллозода фурўғи рўзи навро мисли ҳамеша бо оромиву таҳаммули ба худ хос истиқбол мекард. Аммо барояш субҳи имрўз оҳангу навои дигаре дошт. Ў сапедадами умри ҳаштодупанҷсолаашро низ пешвоз мегирифт. Зери навоҳои фараҳангези дил ва аз баландии умри бобаракаташ ба рўзгори хеш ва ба солҳои сипаригардида дида медўхт.
Дар лавҳи хаёлаш зинда мегашт, ки солҳои мудҳиши Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳамроҳ бо ҳамсолонаш гоҳ сарлучу гоҳ пойлуч бори аввал китоби «Алифбо» дар бағал ба остонаи мактаби деҳа қадам ниҳода буд. «Алифбо» бо тасвирҳову суратҳояш дили ўро мерабуд.
Он замон, албатта, намедонист, рўзе мерасад, ки худаш муаллифи «Алифбо» - и нави тоҷикӣ мегардад. «Алифбо» - е, ки 35 сол инҷониб калиди дари донишро ба рўи насли наврас боз менамояд. Агар ба тарзи дигар бигўем, аз нуҳу ним миллион сокинони Тоҷикистон беш аз нисфашон аз «Алифбо» - и Муҳаммадулло Лутфуллозода хондану навиштанро омўхтаанд.
Ў, инчунин, барои кўдакони тоҷикзабони ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ «Алифбо» таълиф намудааст.
Донишгоҳи омўзгории пойтахтро соли 1959 бо дипломи аъло хатм кардааст. Сипас, солҳои зиёд дар ҳамин муассисаи таълимӣ дар вазифаҳои муаллим, дотсент, мудири кафедра ва декан кор карда, ба шогирдони зиёде таълим додааст.
Навои дили Лутфуллозода шевотар ва афзунтар мегардад, вақте ба ёд меорад, ки солҳои 1978 – 1982 ба Афғонистон рафта, дар вазифаи мушовири маорифи ин кишвар адои вазифа намуд. Инчунин, дар доираи Барномаи маҳви бесаводии Юнеско боз як муддат дар ин ҷо ба корҳои омўзишу парвариш машғул шуд.
Муҳаммадулло Лутфуллозода барои мактабу маорифи Афғонистони ҳамсоя ва ҳамзабон китобҳои зиёди дарсӣ ва дастурҳои таълимӣ таълиф кардааст, ки теъдодашон ба беш аз шаст адад мерасад.
Махсусан, дар бахши забони дарӣ ва усули тадриси он, амсоли «Дастури забони дарӣ», «Сарзамини хуршед» ва «Кабўтари сафеди сулҳ» як силсила асарҳо таълиф карда, соли 1990 дар мавзўи «Асосҳои таълими савод дар Афғонистон» рисолаи докторӣ дифоъ намудааст.
Ў зимни фаъолияти худ дар Афғонистон миёни аҳли илму адаб ва мардуми он кишвар бо номи «устод Лутф» маҳбубият ва маърифати зиёде пайдо кард.
Вақте ки Муҳаммадулло Лутфуллозода ба ёд меорад, ки як қисмати умдаи ҳаёташ дар вазифаи сарвари Пажўҳишгоҳи Рушди маориф ва сипас ба ҳайси нахустин Президенти Академияи таълимоти Тоҷикистон сипарӣ гардидаанд, навоҳои тоза ба тоза қалбашро фаро мегиранд. Он солҳои айёми пурҷўшу хурўши роҳбарӣ ва таълифи асари фаровони улуми педагогӣ маҳсуб меёбанд. Умуман, ба қалами ў 650 мақола ва 245 асари илмӣ – тадқиқотӣ, китобҳои дарсӣ, барномаҳои таълимӣ, дастурҳои методӣ ва осори адабӣ – публитсистӣ мансубанд.
Муҳаммадулло Лутфуллозода дар Осиёи Марказӣ яке аз аввалин муҳаққиқонест, ки афкори педагогии ниёгонро хеле амиқ ва муфассал омўхтааст. Зеро таърих гувоҳ мебошад, ки арҷ бигзоштан ба китоб, ба илму дониш, ба таълиму омўзиш асрҳо инҷониб бо ҷавҳари рўҳу ҷони мардуми ориёӣ омезиш ёфтааст.
Сифатҳои хоси инсонии устодро яке аз шогирдонаш Салоҳиддин Амонӣ бо камоли эҳтирому ифтихор чунин васф намудааст:
Ба мисли қуллае сар дар канори осмон ҳастӣ,
Вале дар хештан аз хоксориат ниҳон ҳастӣ.
Дили ташнаи илму дониш ва саршор аз ифтихори миллии Муҳаммадулло Лутфуллозода ҳар рўзу ҳар соат ба наво меояд ва ўро ба анҷом додани корҳои шоистаи даврони истиқлолият неруву илҳоми тоза мебахшад.

Ўрун КЎҲЗОД, Нависандаи халқии Тоҷикистон,
Алӣ БОБОҶОН,  шоир ва публитсист,
Раҷабалӣ ҚУДРАТЗОДА, Корманди шоистаи Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 29.07.2020    №: 141    Мутолиа карданд: 283
22.01.2021


ҶАЛАСАИ XVII ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ КИШВАРҲОИ УЗВИ МУКОЛАМАИ ҲАМКОРИҲОИ ОСИЁ

21.01.2021


ДАР КӮЛОБ КОРХОНАИ ИСТЕҲСОЛӢ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД

ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИИ НАТИҶАҲОИ РУШДИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

ВАҚТИ ПАЙВАНДИ ИЛМ БО АМАЛ АСТ

НАВИДҲОИ ФАРҲАНГ

ФИФА. ТОҶИКИСТОНРО 14 ДОВАР МУАРРИФӢ МЕКУНАД

НАХУСТИН ФИЛМИ ТОҶИКИЮ БРИТАНӢ АЗ РӮИ ФИЛМНОМАИ АНИСА СОБИРӢ НАВОРБАРДОРӢ МЕШАВАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДАР РОССИЯ АЗ КОРОНАВИРУС ЗИЁДА АЗ 3 МИЛЛИОН БЕМОР ШИФО ЁФТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДУ БОЗИИ РАФИҚОНАИ МУНТАХАБИ ТОҶИКИСТОН

КОМЁБИИ ДАСТПАРВАРОНИ МТМУ № 45

РУЙДОДҲОИ ИЛМӢ

19.01.2021


СҶТ-РО ДАСТРАСИИ НОБАРОБАРИ ДАВЛАТҲО БА ВАКСИНА САХТ НИГАРОН НАМУДААСТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ХАТЛОН. СОДИРОТИ БАРЗИЁДИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ

“САФЕДДАРА”. ЯТИМОНИ КУЛЛИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ БЕҲТАРИН МАВЗЕИ САЙЁҲӢ ДИДАН КАРДАНД

ТАҚДИМИ КИТОБИ «ТОҶИКОН» БА СОКИНОНИ НОҲИЯИ ИШКОШИМ

ҲИСОР. ХИЗМАТРАСОНИИ ТИББӢ РӮ БА БЕҲБУДӢ ДОРАД

15.01.2021


ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНИ “ОМӮЗГОРИ СОЛИ ТОҶИКИСТОН – 2020”

ҶАЛАСАИ СИТОДИ КОРӢ ОИД БА ТАҶЛИЛИ 30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ БАРГУЗОР ШУД

МАОРИФ. НАТИҶАГИРӢ АЗ ФАЪОЛИЯТИ ВАЗОРАТ

НАВИДҲОИ ФАРҲАНГ

ТОҶИКИСТОН. БОЗ ЯК ШИРКАТ БА БОЗОРИ САЙЁҲӢ ВОРИД ГАРДИД

РӮЙДОДҲОИ ИЛМӢ

12.01.2021


 ҶДММ «ММК АГРО» МАЙДОНИ ГАРМХОНАИ ИННОВАТСИОНИРО МЕАФЗОЯД

 РАШТ: МУЛОҚОТИ  РАИСИ  МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОН  БО  ИНТИХОБКУНАНДАГОН

 ШАҲРИ ГУЛИСТОН: АВҶИ СОХТМОНИ ИНШООТИ ҶАШНӢ

 ТАФСИЛОТИ ЯК ҶИНОЯТ. Ё ЧАРО «ҚОЗӢ»-И АВФШУДА ПАСИ ПАНҶАРА РАФТ?

 ТАЪСИСИ КОРХОНАИ НОДИРИ ИЛМИВУ ИСТЕҲСОЛӢ

 ТАЪМИНИ МАРКАЗҲОИ ИЛМӢ ВА МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ БО РЕАКТИВҲОИ КИМИЁӢ

 ПЕШНИҲОДИ БОСТОНШИНОСОН БА ЮНЕСКО

08.01.2021


ВОХӮРИИ МАҲМАДТОИР ЗОКИРЗОДА БО СОКИНОНИ НОҲИЯИ САНГВОР

ДАВРИ ҶУМҲУРИЯВИИ ОЗМУНИ «МУРАББИИ СОЛИ ТОҶИКИСТОН – 2020» ОҒОЗ ГАРДИД

НАВИДҲОИ ФАРҲАНГӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед