иҷтимоиёт
МАСТЧОҲ. КӮҲИСТОНЕ, КИ АЗ ҚУДУМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БАҲОРИСТОН МЕГАРДАД
Ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ зодаи даврони истиқлолият буда, бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моҳи феврали соли 1996 ташкил гардид. 24 сол барои таърих мижазание беш нест, аммо барои мастчоҳиён солҳои меҳнати ободкорона ва шукуфоии зодгоҳ гашт.
МАЙДОНИ КАРТОШКА 510 ГЕКТАР АФЗУД
Хайрулло Бобозода, раиси ноҳия, дар суҳбат бо хабарнигори «Ҷумҳурият» бо ифтихор иброз дошт, ки дар ин муддат Сарвари давлат панҷ маротиба ба ноҳия ташриф оварданд, ки ҳар кадоми он қадами назарраси пешрафти Кӯҳистони Мастчоҳ шуд. Зеро аз кору зиндагии мардум бевосита дидан карда, аз мушкилоташон пурсон шуданд ва ба ҳалли онҳо мусоидат карданд. Мардуми сипосгузор ба чунин ҳусни таваҷҷуҳу дастгириҳо як ҷавоб доштанд – аз сидқи дил заҳмат кашидан, обод кардан.
Кӯҳистони Мастчоҳ ноҳияи аграрӣ буда, мардум дар зироаткорӣ, бахусус картошкапарварӣ, боғдорӣ ва чорводорӣ ном баровардааст. Бояд эътироф кард, ки картошкаи мастчоҳӣ дар ҳосилу лаззат аз амсилаи машҳури ҷиргатолияш ҳеҷ камие надорад ва ниҳоят серхаридор аст. Ин буд, ки дар нимсолаи аввали соли равон дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ 2834 гектар картошка кишт карда шуд. Нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта қариб 510 гектар бештар. Дар ин давра 80 гектар замин ба гардиши кишоварзӣ ворид шуд.
МЕҲРОНРО БАЪДИ ЧОР - ПАНҶ СОЛ НАМЕШИНОСЕД
Бо вуҷуди ин, бояд гуфт, ки роҳбарияти ноҳия танҳо дар фикри замину зироат нест. Андешаи беҳбудии шароити кор, таҳсилу зистро низ бояд кард. Хайрулло Бобозода аз нақшаи генералии маркази ноҳия - шаҳраки Меҳрон барои то соли 2035 нақл намуд, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2018 тасдиқ шудааст. Дар ин муддат тибқи нақша, ки ҶДММ «Суғдшаҳрофар-М» таҳия намудааст, дар шаҳрак зиёда аз 50 бинои муосири маъмурию маишӣ бунёд меёбад, ки аксарияти он дар ноҳия бори аввал арзи ҳастӣ мекунад. Шаҳрак дар 20,45 гектар доман мегустурад.
Ҳоло сохтмони муассисаи таълимӣ барои 450 хонанда ва варзишгоҳ барои 3000 ҷойи нишаст идома дорад. Ҳамчунин, корҳои сохтмонии бинои мактаб дар деҳаи Дашти деҳоти ба номи Иван-Тоҷик барои 240 хонанда дар як баст, муассисаи таълимӣ дар деҳаи Эсизи Поён барои 320 хонанда ва бинои муассисаи томактабӣ барои 72 кӯдак дар деҳаи Дашт тариқи ҳашар идома доранд.
РОҲҲО ТАҶДИДУ НАВСОЗӢ МЕШАВАНД
Ба гуфтаи раис, масофаи умумии роҳҳои ҳудуди ноҳия 311 километрро ташкил медиҳад, ки 151 километри он аҳамияти маҳаллӣ дошта, дар тавозуни муассисаи давлатии нигоҳдории роҳи автомобилгарди ноҳия қарор дорад. 160 километри роҳои боқимонда дар ҳудуди хоҷагиҳои деҳқонӣ буда, дар тавозуни онҳо мебошад.
Соли равон роҳи асосии ноҳия баҳри пайваст намудан бо роҳи ағбаи Оббурдон - Овчӣ дар масофаи 7000 метр ба паҳноии 8 метр васеъ карда шуд. Роҳи асосии ноҳия имсол ду маротиба таъмир гардид. Илова бар ин, 16 километр роҳҳои аҳамияти маҳаллидошта, инчунин, 12 километр роҳҳои байнихоҷагии деҳаҳои Ҳадишаҳр, Камодон, Оббурдон, Муждиф ва Табушн аз тарафи аҳолӣ таъмир шуданд.
Бо вуҷуди ин, аз 151 километр роҳҳои маҳаллӣ 71 километраш ба талаботи имрӯза ҷавобгӯ нест. Аз 22 пули мавҷуда 8 - тояш чӯбӣ буда, дар ҳолати садамавӣ қарор дорад. Роҳи мазкур аз маркази ноҳияи Айнӣ то охирон деҳаи Кӯҳистони Мастчоҳ шағалпӯш аст.
Мардуми болооби Зарафшон – ноҳияҳои Айнӣ ва Кӯҳистони Мастчоҳ мутмаинанд, ки дар оянда сохтмони роҳи мазкур оғоз гардида, мушкилоти рафтуомад ҳалли худро меёбад.
COVID-19. ФАВТ САБТ НАШУДААСТ
Раиси ноҳия вобаста ба мавзӯи доғи рӯз – хуруҷи SARS-CoV-2 иброз дошт, ки дар ноҳия айни замон 1 беморхонаи марказӣ, 5 маркази саломатӣ ва 12 бунгоҳ фаъолият дорад. Чаҳор шуъба барои пешгирӣ ва табобати бемории сироятии коронавирус ташкил шуда, табибони шуъбаҳо бо сарулибоси махсуси муҳофизатӣ таъминанд. Бо мақсади пешгирии хуруҷи вируси нав ва дармони гирифторон то ба имрӯз аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ қариб 92 ҳазор сомонӣ ҷудо шудааст. Ин ҳама тадбиру заҳмат бар ҳадар нарафт. Дар ноҳия 37 нафар сироят ёфта бошад ҳам, хушбахтона, ягон нафар нафавтид.
Мунаввари САФАР,
«Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 04.08.2020 №: 144 Мутолиа карданд: 251