logo

иҷтимоиёт

ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА РУШДИ ВАРЗИШ

Баъди паҳншавии бемории сироятии COVID - 19 аксари мусобиқаҳои варзишӣ дар ҷаҳон муваққатан манъ шуданд. Навигариҳои охири варзишии дар кишвари азизамон бавуқӯъпайваста, яъне ифтитоҳи Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обӣ дар шаҳри Душанбе, далолат ба он  менамояд, ки сарфи назар аз мушкилиҳо, Ҳукумати мамлакат барои беш аз пеш рушд намудани ин соҳа тамоми тадбирҳои заруриро роҳандозӣ менамояд.
Ифтитоҳи ин иншооти бузурги варзиш маро водор сохт, ки ҳамчун мутахассис, мураббии соҳа оид ба дастовардҳои даҳ соли ахири варзиши тоҷик ибрози андеша намоям.


ҶОИЗАИ ПРЕЗИДЕНТӢ
Варзиш дар қатори дигар соҳаҳои ҳаётан муҳим яке аз самтҳои афзалиятноки Тоҷикистон ба ҳисоб меравад ва ривоҷу равнақи он таҳти таваҷҷуҳи ҳамешагии Ҳукумати кишвар қарор дорад.
Яке аз иқдомҳои беназири Сарвари давлат таъсиси Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ мебошад. Мукофоти мазкур, ки аз Фонди захиравии Президенти кишвар ба ғолибон ва ҷоизадорон тақдим мегардад, варзишгаронро водор намуд, ки солҳои охир шумораи медалҳои худро аз мусобиқаҳои байналмилалӣ зиёд намоянд ва обрӯву нуфузи кишварро  дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баландтар бардоранд.
Ҷоиза 9 январи соли 2015 бо Фармони Президенти мамлакат таъсис ёфта, то имрӯз 180 варзишгар, яъне ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалӣ бо Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардиданд ва ҳаҷми умумии он қариб 4 миллион сомониро ташкил додааст.
Ин иқдоми беназири Пешвои миллат буд, ки мо давоми 10 соли охир шаҳди пирӯзии варзишгаронамонро аз Чемпионати Осиё сар карда, то ба Бозиҳои олимпӣ, ки қуллаи баланди варзиш маҳсуб меёбад, чашидем. Инро метавон дар мисоли медали биринҷии Бозиҳои олимпии Лондон – 2012-и Мавзуна Чориева ва медали тиллои Дилшод Назаров, ки дар Олимпиадаи Рио-де-Жанейрои Бразилия ба даст оварданд, ном бурд.

МАРҲИЛАИ НАВИ РУШД
Боиси тазаккур аст, ки баъди сохтани иншооти гуногуни варзиш ва муҳайё намудани шароитҳои лозима аз ҷониби Ҳукумати мамлакат бо мақсади таҳкими заминаҳои меъёрии ҳуқуқии соҳа ва ҳалли мушкилоти мавҷуда барномаҳои миёнамуҳлати давлатӣ қабул ва амалӣ гардиданд. Қабули барномаҳои маҷмӯии «Рушди тарбияи ҷисмонӣ ва инкишофи варзиш» ва «Рушди футбол барои солҳои 2017 – 2021», тайи се соли охир зери роҳбарии президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон гузарондани Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ, ки воситаи муҳими эҳё ва рушди бозиҳои миллии варзишӣ мебошад, аз ҷумлаи онҳост.
Дар ин марҳила дастовардҳои футболбозони тоҷик ҳам давоми дастгириҳои Пешвои миллат ва роҳбари ФФТ Рустами Эмомалӣ буд, ки наврасони мо тавонистанд, бо маҳорати баланди варзишии худ кишварамонро дар финали Чемпионати Осиё арзанда муаррифӣ намоянд. Инчунин, метавон номи дигар варзишгаронро ин ҷо гирифт, ки номи худро дар саҳифаҳои таърихи кишвар бо ҳарфҳои заррин сабт намуданд: Комроншоҳи Устопириён (қаҳрамони Осиё солҳои 2015, 2017, дзю-до), Беҳрӯз Хоҷазода (қаҳрамони ҷаҳон соли 2017, самбо), Сомон Маҳмадбеков (қаҳрамони ҷаҳон миёни наврасон соли 2019), Баҳодур Усмонов (қаҳрамони Осиё соли 2019, бокс), Шаҳриёр Даминов (қаҳрамони Осиё, қаиқронӣ) ва дигарон.
Натиҷаи ҳамин иқдомҳост, ки тибқи таҳлилҳои мутахассисони соҳа агар дар 70 соли даврони Иттиҳоди Шӯравӣ варзишгарони мо аз мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ ҳамагӣ 133 медал ба даст оварда бошанд, пас дар замони соҳибистиқлолӣ ин рақам ба зиёда аз панҷ ҳазор расидааст. Танҳо соли 2019 варзишгарони тоҷик аз мусобиқаҳои байналмилалӣ ба хазинаи варзишии кишвар 203 медал (65 медали тилло, 57 нуқра ва 81 биринҷӣ) ворид карданд.
Бо итминони комил метавон гуфт, ки варзишгарони мо дар оянда низ ба комёбиҳои нав даст хоҳанд ёфт. Зеро онҳо аз дастгириҳои ҳамешагии Президенти маҳбуби кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бархӯрдоранд. Ин аст, ки 21 июли соли 2020 зимни суханрониашон дар Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обии шаҳри Душанбе Пешвои муаззами миллат бори дигар таъкид намуданд: «Минбаъд низ бунёди инфрасохтори варзиш дар мамлакат идома меёбад ва барои варзишгарон, алоқамандони тарзи ҳаёти солим ва, умуман, сокинони кишвар тамоми шароиту имкониятҳои муосир таъмин карда мешаванд».

Дӯстмурод ҚАҲҲОРОВ, сармураббии мактаби президентӣ дар ноҳияи Данғара, устоди варзиш
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 05.08.2020    №: 145    Мутолиа карданд: 191
21.01.2021


ДАР КӮЛОБ КОРХОНАИ ИСТЕҲСОЛӢ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД

ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИИ НАТИҶАҲОИ РУШДИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

ВАҚТИ ПАЙВАНДИ ИЛМ БО АМАЛ АСТ

НАВИДҲОИ ФАРҲАНГ

ФИФА. ТОҶИКИСТОНРО 14 ДОВАР МУАРРИФӢ МЕКУНАД

НАХУСТИН ФИЛМИ ТОҶИКИЮ БРИТАНӢ АЗ РӮИ ФИЛМНОМАИ АНИСА СОБИРӢ НАВОРБАРДОРӢ МЕШАВАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДАР РОССИЯ АЗ КОРОНАВИРУС ЗИЁДА АЗ 3 МИЛЛИОН БЕМОР ШИФО ЁФТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДУ БОЗИИ РАФИҚОНАИ МУНТАХАБИ ТОҶИКИСТОН

КОМЁБИИ ДАСТПАРВАРОНИ МТМУ № 45

РУЙДОДҲОИ ИЛМӢ

19.01.2021


СҶТ-РО ДАСТРАСИИ НОБАРОБАРИ ДАВЛАТҲО БА ВАКСИНА САХТ НИГАРОН НАМУДААСТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ХАТЛОН. СОДИРОТИ БАРЗИЁДИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ

“САФЕДДАРА”. ЯТИМОНИ КУЛЛИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ БЕҲТАРИН МАВЗЕИ САЙЁҲӢ ДИДАН КАРДАНД

ТАҚДИМИ КИТОБИ «ТОҶИКОН» БА СОКИНОНИ НОҲИЯИ ИШКОШИМ

ҲИСОР. ХИЗМАТРАСОНИИ ТИББӢ РӮ БА БЕҲБУДӢ ДОРАД

15.01.2021


ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНИ “ОМӮЗГОРИ СОЛИ ТОҶИКИСТОН – 2020”

ҶАЛАСАИ СИТОДИ КОРӢ ОИД БА ТАҶЛИЛИ 30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ БАРГУЗОР ШУД

МАОРИФ. НАТИҶАГИРӢ АЗ ФАЪОЛИЯТИ ВАЗОРАТ

НАВИДҲОИ ФАРҲАНГ

ТОҶИКИСТОН. БОЗ ЯК ШИРКАТ БА БОЗОРИ САЙЁҲӢ ВОРИД ГАРДИД

РӮЙДОДҲОИ ИЛМӢ

12.01.2021


 ҶДММ «ММК АГРО» МАЙДОНИ ГАРМХОНАИ ИННОВАТСИОНИРО МЕАФЗОЯД

 РАШТ: МУЛОҚОТИ  РАИСИ  МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОН  БО  ИНТИХОБКУНАНДАГОН

 ШАҲРИ ГУЛИСТОН: АВҶИ СОХТМОНИ ИНШООТИ ҶАШНӢ

 ТАФСИЛОТИ ЯК ҶИНОЯТ. Ё ЧАРО «ҚОЗӢ»-И АВФШУДА ПАСИ ПАНҶАРА РАФТ?

 ТАЪСИСИ КОРХОНАИ НОДИРИ ИЛМИВУ ИСТЕҲСОЛӢ

 ТАЪМИНИ МАРКАЗҲОИ ИЛМӢ ВА МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ БО РЕАКТИВҲОИ КИМИЁӢ

 ПЕШНИҲОДИ БОСТОНШИНОСОН БА ЮНЕСКО

08.01.2021


ВОХӮРИИ МАҲМАДТОИР ЗОКИРЗОДА БО СОКИНОНИ НОҲИЯИ САНГВОР

ДАВРИ ҶУМҲУРИЯВИИ ОЗМУНИ «МУРАББИИ СОЛИ ТОҶИКИСТОН – 2020» ОҒОЗ ГАРДИД

НАВИДҲОИ ФАРҲАНГӢ

МИЁНИ ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН БОЗ ЯК БУНГОҲИ НАЗОРАТӢ КУШОДА ШУД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед