logo

Хабарҳо

АГЕНТИИ НАШЪАОВАР. МУСОДИРАИ БЕШ АЗ 1 ТОННА МАВОДИ НАШЪАОВАР ВА МАҲВИ 26 ГУРӮҲИ ҶИНОЯТӢ

Зимни як амалиёт шаҳрванд Тоҳир Шарипов, сокини ноҳияи Фархор боздошт шуд. Ҳангоми кофтукови манзили бародари дастгиршуда, аз махфигоҳи махсус зиёда аз 7 килограмму 600 грамм воситаи нашъадори навъи «ҳашиш» дарёфт ва мусодира шуд. Дар рафти тафтиш маълум гардид, ки Тоҳир Шарипов воситаи нашъадорро аз шаҳрванди Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ба маблағи 1100 доллари ИМА харида, мехост гаронтар ба фурӯш барорад.

Дастгиршуда қаблан низ бо моддаи 162 Кодекси ҷиноятии Федератсияи Россия, яъне роҳзанӣ адои ҷазо кардааст. Ҳоло ӯ дар ҳабси пешакӣ қарор дошта, нисбаташ тибқи талаботи моддаи 200 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардидааст.
Бояд гуфт, ки кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми шаш моҳи аввали соли ҷорӣ парда аз рӯйи 80 ҷиноят вобаста ба гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар бардоштанд. Инчунин, 216 ҳодисаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ошкор шуд. Рақами мазкур далели торафт ҳадафрас шудани фаъолияти ин ниҳод мебошад.
Тавре Шерхон Салимзода, директори агентӣ, ба рӯзномаи «Ҷумҳурият» иттилоъ дод, дар натиҷаи ошкорсозии қонуншиканӣ 227 нафар ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуданд. Дар маҷмӯъ 296 кирдори ғайриқонунӣ оид ба муомилоти маводи нашъаовар муайян ва 316 кас ба ҷавобгарӣ кашида шуд. Дар ин давра аз ҷониби мақомоти қудратии ҷумҳурӣ дар маҷмӯъ аз муомилоти ғайриқонунӣ 1 тоннаю 185 килою 434 грамм маводи нашъаовар мусодира гардид. Гарчанде дар ин давра дар маҷмӯъ мусодираи маводи нашъаовар аз рӯи миқдор кам шуда бошад ҳам, мусодираи маводи нашъадори навъи “ҳероин” ва моддаҳои психотропии синтетикӣ, ки ба инсон зиёни бештар доранд, зиёд шудааст. Дар ин давра аз муомилоти ғайриқонунӣ 1649 ҳаб ва 14,545 килограмм моддаҳои психотропии синтетикӣ дар намуди кристалл мусодира гардид. Истеъмолкунандагони моддаҳои психотропии синтетикӣ, хусусан, навъи ҷадиди он «кристалл», ки ба таври қочоқ аз кишварҳои Аврупо, аз ҷумла Латвия ба Тоҷикистон интиқол мешавад, истифода менамоянд. Мутаассифона, вақтҳои охир моддаҳои психотропии синтетикӣ аз Ҷумҳурии Исломии Афғонистон низ ба кишвар ворид мегардад.
- Дар ин давра фаъолияти 26 гурӯҳи ҷиноятӣ дар ҳайати 54 нафар, аз ҷумла 3 гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ дар ҳайати 7 нафар, ошкор ва безарар гардонда шуд, - гуфт Ш. Салимзода.

Сафаргул АЛИМОВА,  «Ҷумҳурият»
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 304
17.09.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ COVID – 19 БОЗ 45 БЕМОР ШИФО ЁФТ

РОҒУН БА ИНТИХОБОТ ОМОДА АСТ!

ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. БА НОМЗАДҲО ШАҲОДАТНОМА СУПУРДА ШУД

16.09.2020


ТОҶИКИСТОН. 86,5 ДАРСАДИ ГИРИФТОРОНИ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТАНД

ФАЙЗОБОД. ЧОРАБИНИИ СИЁСӢ ДАР САТҲИ БАЛАНД ХОҲАД ГУЗАШТ

ҶОМИ ТОҶИКИСТОН. ҶУФТҲОИ ДАВРИ НИМФИНАЛ МУАЙЯН ГАРДИДАНД

ИНТИХОБОТ. ВУСЪАТИ КОРҲОИ ОМОДАГӢ ДАР НОҲИЯИ РӮДАКӢ

ҶАВОНОН – ПАЙРАВОНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. ҲАМОИШИ ИЛМӢ - СИЁСӢ ДАР АКАДЕМИЯИ ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТӢ

ЛЕВАКАНТ. ПАХТАЧИНӢ ВУСЪАТ МЕГИРАД

ТОҶИКИСТОН НОЗИРОНИ ИДМ-РО БА ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТӢ ДАЪВАТ КАРД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

15.09.2020


ТОҶИКИСТОН. 86,4 дарсади беморон шифо ёфтанд

НОҲИЯИ ВОСЕЪ. БОЗ 82 ШАҲРВАНД БО КОР ТАЪМИН ГАРДИД

ТАЪСИСИ 86 КОРХОНА ДАР ҲАФТ МОҲ

«ЛИДАР». АКНУН ТАРКИБИ МОЛЕКУЛАВИИ ҲАВО САНҶИДА МЕШАВАД

14.09.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ КОРОНАВИРУС 7816 БЕМОР ШИФО ЁФТ

ПАЙВАНДГАРИ ДИРӮЗУ ИМРӮЗ. БАРДОШТ АЗ ҲАМОИШИ ҶУМҲУРИЯВӢ БАХШИДА БА 90-СОЛАГИИ "ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН"

US OPEN. ТИМ ВА НАОМИ ҒОЛИБОНИ ИН МУСОБИҚА

СММ КИШВАРҲОИ ПЕШРАФТАРО ДАЪВАТ НАМУД, КИ АЗ ТАҲРИМОТ АЛАЙҲИ МАМЛАКАТҲОИ РУШДКУНАНДА ДАСТ КАШАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

11.09.2020


ТОҶИКИСТОН. 7 ҲАЗОРУ 714 СИРОЯТЁФТА АЗ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ЛИГАИ БОНУВОН. «ЗЕБОНИСО» БОРИ ДУЮМ ЧЕМПИОНИ ТОҶИКИСТОН ШУД

САФОРАТ ВА ДОМОДЕДОВО ХАБАРҲО ДАР БОРАИ БАНД МОНДАНИ ТОҶИКОНРО ДАР ФУРУДГОҲ РАД КАРДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

10.09.2020


НИСФИ КӮДАКОНИ РУСИЯГӢ COVID-19-РО САБУК ГУЗАРОНДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ОҒОЗИ НАШРИ КИТОБИ «ТОҶИКОН»-И БОБОҶОН ҒАФУРОВ

08.09.2020


ТОҶИКИСТОН. ШАБОНАРӮЗИ ОХИР 32 ҲОДИСАИ НАВИ БЕМОРИИ COVID – 19 ОШКОР ШУД

СҲШ, ИДМ ВА СААД БОРИ АВВАЛ АЛАЙҲИ ТЕРРОРИЗМ МАШҚҲОИ МУШТАРАК МЕГУЗАРОНАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФУТБОЛ. ТОҶИКИСТОН БАР ТИМИ ӮЗБЕКИСТОН ҒОЛИБ ОМАД

ТОҶИКИСТОН. 7 ҲАЗОРУ 581 БЕМОРИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

04.09.2020


ТОҶИКИСТОН. ШУМОРАИ ШИФОЁФТАГОН АЗ КОРОНАВИРУС БА 7 ҲАЗОРУ 482 КАС РАСИД

ОЗМУНИ XVII БАЙНАЛМИЛАЛИИ «САНЪАТИ КИТОБ». «УФУҚҲОИ ИСТИҚЛОЛ» СОҲИБИ ШОҲҶОИЗА ГАРДИД

ПЕСКОВ БА АЙБДОРСОЗИИ МОСКВА ДАР ҲОДИСА БО НАВАЛНИЙ ҶАВОБ ГАРДОНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед