logo

мулоқотҳо

Эмомалӣ РАҲМОН: «Фаронса шарики асосии Тоҷикистон дар Аврупост»

12 марти соли 2010 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон намояндаи махсуси Президенти Фаронса доир ба кишварҳои Осиёи Марказӣ Эмрӣ де Монтескюро ба ҳузур пазируфт. Дар мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистону Фаронса баррасӣ шуданд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Фаронсаро «шарики асосии Тоҷикистон дар қитъаи Аврупо» арзёбӣ намуда, аз сатҳи муносибатҳо ва пайвастагии робитаҳои сиёсии ду кишвар изҳори қаноатмандӣ намуд. Ба ҳамкории сохторҳои дифоии ду кишвар низ баҳои баланд дода шуд.
Эмрӣ де Монтескю «Таҷрибаи сулҳоварии Тоҷикистон ва маслиҳатҳои Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмонро барои барқарорсозии сулҳу осоиш дар Афғонистон басо муҳим» арзёбӣ намуда, таъкид дошт, ки «Фаронса ба рушди ҳамкорӣ бо Тоҷикистон манфиатдор аст».
Гуфтугӯйи судманд  ҳамчунин оид ба ҳамкории иқтисодии Тоҷикистону  Фаронса сурат гирифт.  Намояндаи махсуси Президенти Фаронса иттилоъ дод, ки сохтмони терминали нави муосир дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе то 20 – солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, яъне сентябри соли 2011 ба анҷом хоҳад расид.
Ҳар ду ҷониб ба густариши бештари ҳамкории иқтисодӣ, аз ҷумла дар соҳаҳои саноат, гидроэнергетика, кишоварзӣ ва бунёди корхонаҳои истеҳсоли семент ва дигар масолеҳи сохтмонӣ изҳори ҳавасмандӣ карданд.

ххх
- Таҷрибаи сулҳи тоҷикон дар ҳалли низои дохилӣ ва ба эътидол овардани вазъи сиёсии кишвар, ки натиҷаи сиёсати дурусти Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, аст, метавонад барои ба низом даровардани авзои Ҷумҳурии Исломии Афғонистон бо роҳи мусолиматомез истифода шавад. Таҷриба ва маслиҳатҳои судманди ҷаноби Президент дар робита ба ин масъала барои мо арзиши ниҳоят баланд доранд, - гуфт Эмрӣ де Монтескю, намояндаи махсуси президенти Фаронса оид ба кишварҳои Осиёи Марказӣ, пас аз мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Эмрӣ де Монтескю дар сӯҳбат бо хабарнигорон зикр кард, ки дар мулоқот ба масъалаи сохтмони терминали байналмилалии фурудгоҳи Душанбе, ки яке аз муҳимтарин лоиҳаҳои татбиқшавандаи ҷониби Фаронса дар Тоҷикистон ба ҳисоб меравад, таваҷҷӯҳи махсус зоҳир гашт. Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки терминали мазкур, ки барои анҷоми сохтмони он 20 миллион доллар тахсис шудааст, бояд то ҷашни 20 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди истифода қарор дода шавад.
Ҳамчунин намояндаи махсуси президенти Фаронса изҳор дошт, ки кишвараш дар робита ба дастовардҳои кишоварзӣ дар ҷаҳон ҷойгоҳи намоён дорад ва омода аст дар ин самт бо Тоҷикистон ҳамкориҳои густурдаеро ба роҳ монад. Таъкид шуд, ки Тоҷикистон дорои захираҳои фаровони обу замин, нерӯи зарурии корӣ ва табиати мусоид буда, имкон дорад бо истифода аз чунин шароити хуб ба истиқлолияти кишоварзӣ даст ёбад.

Додоҷон Рӯзиев,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 778

09.12.2019


Боз як майдончаи нави варзишу бозии кӯдакон кушода шуд

Сохтмони гузаргоҳи зеризаминӣ бо дарозии 260 метр

Чемпионати осиё. Тоҷикистон дар гурӯҳи "А"

Сӯхтор дар фабрикаи Деҳлӣ боиси марги беш аз 40 нафар шуд

Медведев шартҳои бастани шартномаи газ бо Киевро гуфт

Ёрии ҷаҳонӣ ба Афғонистон 46 дарсад коҳиш ёфт

Аморати Муттаҳидаи Араб кайҳоннавард интихоб мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

06.12.2019


Боздиди Рустами Эмомалӣ аз варзишгоҳи «Миллий»

Хуҷанд. Бунёди корхонаи истеҳсоли телевизор, яхдон ва кондитсионер

Масъалаи моҳияти сармояи инсонӣ дар рушди инноватсионӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт

Пекин аз Вашингтон кам кардани боҷи молҳои чиниро дархост намуд

ОПЕК истихроҷи нафтро метавонад кам созад

Дар мактабҳои Қазоқистон гузариш ба алифбои лотиниро мавқуф гузоштанд

Коррупсияро дар Қирғизистон тавассути рақамисозӣ бартараф карданианд

Ҷаҳон дар як сатр

05.12.2019


Беш аз ду тонна доруворӣ ба коми оташ рафт

Фестивали филм ва мусиқии Руминия дар Тоҷикистон

Боздиди Рустами Эмомалӣ аз шаҳри Самарқанд

Дар Афғонистон шоҳасари Бобоҷон Ғафуров “Тоҷикон” чоп шуд

Макрон изҳороти НАТО оид ба «таҳдиди русӣ» - ро зери шубҳа гузошт

Боздошти муовини собиқ сарвари «ДИ» Ал - Бағдодӣ дар Ироқ

Андрей шевченко дар мураббигӣ низ муваффақ аст

Ҷаҳон дар як сатр

04.12.2019


Тақвияти ҳамкориҳо дар мубориза бар зидди терроризму экстремизм матраҳ гардид

Ҷаласаи гурӯҳи корӣ оид ба таҳияи намоишгоҳ бахшида ба мероси муштараки фарҳангии Роҳи абрешим баргузор шуд

Китоби Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Теҳрон рӯнамоӣ мешавад

Мирзиёев раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалиро ба ҳузур пазируфт

Департаменти давлатӣ: «ИМА Россияро маблағгузори терроризм намешуморад»

Ҳукумати Албания хисороти заминҷунбии мудҳишро ҳисоб намуд

Москва ва Киев созишномаи 10 – солаи таҳвили нафтро ба имзо расонданд

Ҷаҳон дар як сатр

03.12.2019


Дар пойтахт барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил гузаронда мешавад

Дар майдони «Дӯстӣ» арчаи солинавӣ қомат меафрозад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед