logo

иқтисод

СОХТМОН. ҲАҶМИ ИСТЕҲСОЛИ МАСОЛЕҲИ ХУДӢ РӮ БА АФЗОИШ ДОРАД

Агар солҳои 90 - уми қарни гузашта дар саноати масолеҳи сохтмонии ҷумҳурӣ 32 корхонаи саноатӣ ва ташкилоти хизматрасонии соҳа арзи вуҷуд дошта бошад, дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ миқдори онҳо ба 517 адад расидааст. Шумораи коргарони корхонаҳои соҳа 10364 нафарро ташкил медиҳад, ки назар ба соли 1991 қариб сею ним маротиба зиёд аст.

Воқеан, давоми солҳои охир бо истифода аз технологияҳои инноватсионӣ ва ашёи хоми маҳаллӣ даҳҳо корхонаи истеҳсоли масолеҳи сохтмонии сементбарорӣ, истеҳсоли хишт, маводи ғайримаъданӣ, коркарди санг сохта шуда, тавлиди маҳсулоти нави воридотивазкунанда - семент, гаҷкартон, сангҳои ороишӣ, пахтаи минералӣ аз санг, андоваҳои минералӣ, рангҳои аккрилӣ, лӯлаҳои бетонӣ ба роҳ монда шуд.
Бо иқдому талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корхонаҳои бузурги сементбарорӣ - «Хуаксин Ғаюр семент» - и ноҳияи Ёвон бо маблағи 120 миллион доллари ИМА, «Тоҷ Чайна 2013» - и шаҳри Ваҳдат бо маблағи 83 миллион доллар,  «Хуаксин Ғаюр Суғд семент» - и  ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо маблағи 150 миллион доллар, «Ҷунгтсай Моҳир семент» - и ноҳияи Ёвон бо маблағи 145 миллион доллар, хиштбарории «Пейҷинг технология» - и ноҳияи Ҳисор бо маблағи 3 миллион доллар, коркарди санг - «Элегант» - и шаҳри Бӯстон бо маблағи 5 миллион доллар бунёд ёфтанд.
Истифодаи технологияҳои нав имкон дод, ки ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти соҳа афзоиш ёфта, аз 5 миллион сомонии соли 1991 дар соли сипаришуда ба 2,75 миллиард сомонӣ баробар шавад.
Бо зиёдшавии шумораи корхонаҳои калони соҳа ҳаҷми истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ афзуда, арзиши  он дар бозор паст гардид. Масалан, нархи 1 дона хишт аз 80 ба 50 дирам, 1 кило семент аз 1,2 сомонӣ ба 80 дирам расид.
Ҳамасола ба ҷумҳурӣ зиёда аз 1 миллион тонна семент ворид мегардид. Ба фаъолият оғоз кардани корхонаҳои нави сементбарорӣ имкони содироти онро фароҳам овард. Содироти семент охирҳои соли 2015 оғоз гардида, соли 2019 ба 1,5 миллион тонна расид. Ҳатто дар давраи пандемияи коронавирус дар шашмоҳаи аввали соли равон  наздики ду миллион тонна семент истеҳсол гардид. Новобаста ба маҳкам будани гузаргоҳҳои гумрукӣ, содироти семент ба  Ӯзбекистон (333 ҳазор тонна), Қирғизистон (294 ҳазор тонна) ва Афғонистон (40 ҳазор тонна) ҷараён гирифт.
Дар доираи амалӣ намудани дастуру супоришҳои Сарвари давлат доир ба саноатикунонии босуръати кишвар соли гузашта корхонаҳои истеҳсоли сангҳои ороишӣ - «Зиркон» дар шаҳри Душанбе, «Хорои Хуҷанд» дар шаҳри Хуҷанд, сементи «Моҳир семент» - и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, шифери «Муқим - 1» дар ноҳияи Ёвон, хиштбарории «Белтатекс» - и шаҳри Хуҷанд ба фаъолият оғоз намуданд.
Корхонаи «Сомоншифер» бо сармоягузории ширкати «Кусто Групп» - и Қазоқистон навсозии таҷҳизоти технологиро бо маблағгузории 300 ҳазор доллари ИМА анҷом дод. Дар заминаи «Заводи асфалту бетон» - и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе хати технологии асфалтбарорӣ бо иқтидори 2000 тонна дар як шабонарӯз тариқи лизинг аз давлати Италия оварда, васлу насб гардид.
Ҳоло дар ҷумҳурӣ 10 корхонаи истеҳсоли масолеҳи ороишӣ фаъолият дорад ва дар онҳо 126 коргар кор мекунад.
Корхонаи истеҳсоли сангҳои ороишӣ аз мармару хоро - «Хорои Хуҷанд» дар маҳаллаи Навбаҳори шаҳри Хуҷанд бо иқтидори истеҳсолии солонаи 20 ҳазор метри мураббаъ, ки бо маблағи 2 миллион сомонӣ ифтитоҳ ёфт, ашёи хоми конҳои хорои «Шайдони марказӣ», «Шайдон - 2»  ва «Хорокон» - ро истифода мебарад.
Шумораи корхонаҳои истеҳсоли хишт аз 8 ба 127 адад расида, истеҳсоли он зиёда аз 200 миллион донаро ташкил дод.  Ғайр аз ин, садҳо соҳибкорони инфиродӣ ба истеҳсоли хишти сементӣ, хишти роҳрав, газоблок машғуланд. Шумораи корхонаҳои истеҳсоли қуму шағал аз 9 адади соли аввали истиқлолият ба 172 адад расид.
Аксарияти корхонаҳои масолеҳи ғайримаъдан дар шаҳру  ноҳияҳои Ҳисор, Рӯдакӣ, Ҷаббор Расулов, Бобоҷон Ғафуров, Спитамен сохта ба истифода дода шудаанд.
Тибқи супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бояд корхонаҳое ба истифода дода шаванд, ки ба номгӯи онҳо истеҳсоли хишт ва қуму шағал низ шомил аст. Мутаассифона, ҳоло дар 32 ноҳия корхонаҳои истеҳсоли хишт ва дар 15 ноҳия корхонаҳои истеҳсоли қуму шағал мавҷуд нестанд.
То соли 2017 ба ҷумҳурӣ зиёда аз ду миллион дона гаҷкартон ворид мешуд. Соли 2017 воридоти он то 1,2 миллион дона ва соли сипаришуда то 900 ҳазор дона коҳиш ёфт.
Моҳи апрели соли 2016 бо иштироки Сарвари давлат дар ноҳияи Ёвон корхонаи истеҳсоли гаҷкартон - ҶДММ «Хуаҷиан Ғаюр Индастриал» бо иқтидори солонаи истеҳсолии 2,5 миллион дона ба истифода дода шуд ва дар он 114 ҷойи нави корӣ муҳайё гардид. Ҳоло истеҳсоли солонаи гаҷкартон 1,5 миллион донаро ташкил дода, он ҳатто ба Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Афғонистон ба фурӯш бароварда мешавад.
Тавре аз Вазорати саноат ва технологияҳои нави кишвар иттилоъ доданд, дар ояндаи наздик бунёди корхонаҳои сементбарорӣ дар шаҳри Душанбе, истеҳсоли шишаи сохтмонӣ, корхонаи хиштбарорӣ ва коркарди регу шағал дар шаҳру ноҳияҳои дигари ҷумҳурӣ аз ҳисоби сармоягузорони дохилию хориҷӣ пешбинӣ гардидааст. Ҳамчунин, барои дар сатҳи баланд ҷашн гирифтани 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи соҳибкорон сохтмони корхонаҳои зиёди истеҳсолии соҳаи масолеҳи сохтмонӣ ба нақша гирифта шудааст.

Шаҳбоз АБРОР, «Ҷумҳурият»
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 17.08.2020    №: 154 - 155    Мутолиа карданд: 429
04.03.2021


ФОРУМИ ҶУМҲУРИЯВӢ ОИД БА БАЛАНД БАРДОШТАНИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚИИ ЗАНОН

ШАҲРИНАВ. ГУЛГАШТИ НАЗДИ МУҶАССАМАИ МИРЗО ТУРСУНЗОДА НАВСОЗӢ МЕШАВАД

КАМОНВАРӢ

Муассисаҳои таълимии олии Россия дарҳояшонро барои донишҷӯёни хориҷӣ боз намуданд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

03.03.2021


Мулоқоти Зулфия Давлатзода бо Мирвайс Ноб

Дар Доғистон хотираи ҳалокшудагони ҷангро гиромӣ медоранд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФУТБОЛ. СИТОРАҲОИ ДУРАХШОНИ ВАРЗИШИ ТОҶИК

ИФТИТОҲИ МАРКАЗИ ДӮСТӢ ВА ҲАМКОРИИ СҲШ ДАР ТОҶИКИСТОН

ҚУЛЛАИ «РАҲИМ МАСОВ» ДАР ИШКОШИМ

ҶОМИ КФО – 2021

Путин ҷиҳати муколама бо ИМА ва дигар кишварҳо омода аст

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

01.03.2021


ВМКБ. ОЗМУНИ «ДАСТАРХОНОРОӢ» ҶАМЪБАСТ ГАРДИД

ФФТ БАРНОМАИ МАХСУСИ ПРЕЗИДЕНТ БАРОИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ДЕҲОТ

«ҚОНУНИ ТИБ» БОЗНАШР ШУД

ТАЪСИСИ КОРХОНАИ ХУРДИ ИЛМӢ - ИСТЕҲСОЛИИ МАВОДИ ДОРУВОР

КОРВОНИ САЛОМАТӢ ДАР ЛАХШ

27.02.2021


Ҷаҳон дар як сатр

Си Ҷинпин изҳор намуд, ки Чин бар бенавоӣ комилан пирӯз гардид

Масъулиятро нисбат ба он мансабдорҳое, ки душаҳрвандӣ доранд, бояд сахттар намуд

ИМА имкони тамдиди ҳузури низомиёнашро дар Афғонистон истисно намекунад

Кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ба таҳияи «шиносномаи эмкунӣ» - и ягона ба мувофиқа расиданд

ТЕННИС ВА НАҚШИ «ҶУМҲУРИЯТ» ДАР ОММАВИЯТИ ВАРЗИШ

25.02.2021


ХАДАМОТИ ГУМРУК. ҚОНУНШИКАНӢ КАМ ВА ПАРДОХТҲОИ ГУМРУКӢ ЗИЁД ШУДАНД

«ТОҶИКОН» ДАР ТОҶИКОБОД

АЗ РАШТ ТО ЛАХШ. АВЛАВИЯТ БА ТАВСЕАИ ЗАМИНҲОИ КИШТ

КИШОВАРЗӢ. 11 КОРХОНАИ ПАРАНДАПАРВАРӢ ТАЪСИС МЕЁБАД

TASHKENT GRAND SLAM 2021. ТОҶИКИСТОНРО КИҲО МУАРРИФӢ МЕКУНАНД?

ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

24.02.2021


ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

23.02.2021


ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ. СУОЛИ "ҶУМҲУРИЯТ" ОШКОР КАРД, КИ ДАР КАДОМ МАҚОМОТ БОНУВОН ҶАЛБ НАМЕШАВАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед