logo

иҷтимоиёт

ИСТИҚЛОЛИЯТ. БАРАКАТИ ИН НЕЪМАТИ БУЗУРГ ДАР ДАРВОЗУ ВАНҶ

Сокинони   ноҳияҳои Дарвозу Ванҷ аз сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои   миллат, Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба илҳом омада, дар баландии баланди шоҳроҳи байналмилалии автомобилгарди Душанбе – Кӯлоб – Дарвоз – Хоруғ – Мурғоб - Қулма чунин абёти дилпазир - ду мисраъ шеъри шоири номии тоҷик Аминҷон Шукӯҳиро сабт намуданд:  «Аз лаби дарёи Сир то қуллаи Боми ҷаҳон, Бар Шумо лабхандаи гулҳои хандон пешкаш». Бешак, ин байти зебои пурмазмун  аз эҳсосоти баланди  меҳру муҳаббати  самимии тамоми мардуми Бадахшон нисбат ба Роҳбари кишвар дарак медиҳад.

Зикр бояд кард, ки дар солҳои  соҳибистиқлолӣ бо дастгирии  Пешвои муаззами миллат  ноҳияи Дарвоз,  даромадгоҳи   қисмати ғарбии Бадахшон,  хеле ободу зебо гардида,  ба «дарвозаи тиллоӣ» - и  Помир ва   минтақаи гул-гулшукуфони Тоҷикистони биҳиштосо табдил ёфтааст. Ба дурустӣ, ки ҳоло Дарвоз  дар радифи минтақаҳои пешрафтатарини   мамлакат  қарор дорад. 29 - соли истиқлолият даврони тиллоии пешрафти Дарвози бостонӣ гардид. Бунёди  қитъаи роҳи Кӯлоб – Шоҳон – Зиғар - Шкеви шоҳроҳи Душанбе – Мурғоб - Қулма ибтидои ин бунёдгарӣ ва созандагиҳо мебошад. Имрӯзҳо ба ифтихори Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ ин  ободкориҳо бо маром идома меёбанд.
19 августи соли 2020 бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  даҳ иншооти самти иҷтимоӣ  ва саноатӣ дар марказ ва деҳоти ноҳияи Дарвоз мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд. Боғи истироҳатии «Вомар-Ленд», барои наврасон, корхонаи  «Карона колсид» - и мавзеи Вишхарв, меҳмонхонаи замонавӣ дар истироҳатгоҳи «Чорчаман»-и  Паткуноб, бинои суд, парки инноватсионӣ, коргоҳи  истеҳсоли   асалу коркарди мева дар рустои Дуробак  ва ошхона барои  сарбозони  қисми  низомии «Н» - и Қӯшунҳои хушкигарди Вазорати мудофиаи кишвар аз ҷумлаи ин бунёдкориҳои бесобиқа  дар  остонаи  Ҷашни  29 - солагии Истиқлолияти давлатӣ ҳамчун туҳфаи арзандаи  Сарвари давлат ба сокинони диёр  буданд.
Дар ин айёми фараҳафзо орзуи ҳазорсолаи сокинони  шаҳраки Қалъаихумб,  деҳаҳои гирду атрофи он ва  деҳаи баландкӯҳи Дашти Луч  ҷомаи амал пӯшид.  Пешвои муаззами миллат ба бунёди канали   обгузари Дашти Луч санги асос гузоштанд. Дар кӯтоҳтарин  фурсат иншооти обрасон  сохта, аз дарёчаи кӯҳии мавзеи Хост масъулони соҳа ва соҳибкорони банангу номус   обро ба ин мавзеи асрҳо бекорхобида  ҷорӣ менамоянд. Дар натиҷа   зиёда аз 500 гектар замини киштбоб шодоб  мегардад.  Ҳамчунин, Роҳбари  давлат дар мавзеи Умарак ба хотири бунёди  мактаби президентӣ санги асос гузоштанд. Ин иншооти  таълимӣ аз ҷониби соҳибкорони  ватандӯст ва муваффақ то Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ бунёд мешавад.
Дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат дар  ноҳияи Ванҷ низ бештар аз 140 иншоот: мактабҳо, муассисаҳои тиббиву фарҳангӣ, биноҳои маъмурӣ ва истиқоматӣ, роҳу пулҳо, неругоҳҳои барқи обӣ сохта шудааст.  Марказ ва деҳоти диёри пурганҷ ба куллӣ симояшро дигар кардааст. Мардум сарафрозӣ доранд, ки  дар остонаи 29 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Пешвои миллат  маркази сеошёнаи савдо, ки аз ҷониби соҳибкор  Орзу Лашкаров бо тарҳи меъмории нави  зебо бунёд гаштааст, бинои комиссарияти ҳарбии ноҳия бо маблағгузории Вазорати мудофиаи мамлакат ва  иморати баландошёнаи шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ванҷ мавриди истифода қарор гирифтанд. Басо ҳам рамзӣ мебошад, ки  минбару пояҳои   муҷассамаи шоҳ Исмоили Сомонӣ, Парчам ва Нишони давлатӣ аз мармари  сафеду оҳарии овозадори  мавзеи Лангари Ҷамоати деҳоти  Вотхуд ва Пои Мазори  водии Ванҷи Боло ороиш ёфтаанд. 
Мардуми  ноҳияи Ванҷи пурганҷ  аз он шоду мамнунанд, ки сафари  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои   миллат, Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди иқтисодӣ ва иҷтимоӣ пешрафт ва шодкомиҳои зиёдеро ба бор  меорад.   Зеро ҳар як боздиди  Роҳбари кишвар  ба  шаҳру навоҳии вилоят  дар китоби умри пур аз саодат ва нишоти мардум, пеш аз ҳама, раванди амалҳои ободкорӣ  саҳифаҳои навини рангин мекушояд.
Аз ин ҷост, ки   сокинони  Ванҷ аз  он  изҳори қаноатмандӣ ва шодмонӣ менамоянд, ки  бо дастгириҳои Пешвои муаззами миллат дар инфрасохтори ноҳия дигаргуниҳои зиёде ба вуқӯъ пайвастаанд. Маркази ноҳия ба шаҳраки ободу зебо ва шукуфон табдил ёфтааст ва  ҳоло ҳам ободонӣ ва  бунёдкориҳо бомаром идома доранд. Имрӯзҳо   бинои кӯдакистони сеошёна барои  зиёда аз 200 нафар тарбиятгиранда,   маҷмааи муассисаҳои хизматрасонӣ иборат аз кошонаи ҳусн, суратгирхона ва ҳаммом, инчунин  иморати шуъбаи маориф, 8 пули нақлиётгузар  ва дигар иншоот  сохта шуда истодаанд.
Сокинони  Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, аз ҷумла ноҳияҳои Дарвозу Ванҷ боварии комил доранд, ки сафари кор ии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои   миллат, Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру навоҳӣ ва деҳоти ин сарзамини зебо ва пурасрор шукуфоии бесобиқа меорад.

Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА, «Ҷумҳурият»,
Сироншоҳи ДИЛОВАР, рӯзноманигор

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 27.08.2020    №: 163    Мутолиа карданд: 211
04.03.2021


ФОРУМИ ҶУМҲУРИЯВӢ ОИД БА БАЛАНД БАРДОШТАНИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚИИ ЗАНОН

ШАҲРИНАВ. ГУЛГАШТИ НАЗДИ МУҶАССАМАИ МИРЗО ТУРСУНЗОДА НАВСОЗӢ МЕШАВАД

КАМОНВАРӢ

Муассисаҳои таълимии олии Россия дарҳояшонро барои донишҷӯёни хориҷӣ боз намуданд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

03.03.2021


Мулоқоти Зулфия Давлатзода бо Мирвайс Ноб

Дар Доғистон хотираи ҳалокшудагони ҷангро гиромӣ медоранд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФУТБОЛ. СИТОРАҲОИ ДУРАХШОНИ ВАРЗИШИ ТОҶИК

ИФТИТОҲИ МАРКАЗИ ДӮСТӢ ВА ҲАМКОРИИ СҲШ ДАР ТОҶИКИСТОН

ҚУЛЛАИ «РАҲИМ МАСОВ» ДАР ИШКОШИМ

ҶОМИ КФО – 2021

Путин ҷиҳати муколама бо ИМА ва дигар кишварҳо омода аст

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

01.03.2021


ВМКБ. ОЗМУНИ «ДАСТАРХОНОРОӢ» ҶАМЪБАСТ ГАРДИД

ФФТ БАРНОМАИ МАХСУСИ ПРЕЗИДЕНТ БАРОИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ДЕҲОТ

«ҚОНУНИ ТИБ» БОЗНАШР ШУД

ТАЪСИСИ КОРХОНАИ ХУРДИ ИЛМӢ - ИСТЕҲСОЛИИ МАВОДИ ДОРУВОР

КОРВОНИ САЛОМАТӢ ДАР ЛАХШ

27.02.2021


Ҷаҳон дар як сатр

Си Ҷинпин изҳор намуд, ки Чин бар бенавоӣ комилан пирӯз гардид

Масъулиятро нисбат ба он мансабдорҳое, ки душаҳрвандӣ доранд, бояд сахттар намуд

ИМА имкони тамдиди ҳузури низомиёнашро дар Афғонистон истисно намекунад

Кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ба таҳияи «шиносномаи эмкунӣ» - и ягона ба мувофиқа расиданд

ТЕННИС ВА НАҚШИ «ҶУМҲУРИЯТ» ДАР ОММАВИЯТИ ВАРЗИШ

25.02.2021


ХАДАМОТИ ГУМРУК. ҚОНУНШИКАНӢ КАМ ВА ПАРДОХТҲОИ ГУМРУКӢ ЗИЁД ШУДАНД

«ТОҶИКОН» ДАР ТОҶИКОБОД

АЗ РАШТ ТО ЛАХШ. АВЛАВИЯТ БА ТАВСЕАИ ЗАМИНҲОИ КИШТ

КИШОВАРЗӢ. 11 КОРХОНАИ ПАРАНДАПАРВАРӢ ТАЪСИС МЕЁБАД

TASHKENT GRAND SLAM 2021. ТОҶИКИСТОНРО КИҲО МУАРРИФӢ МЕКУНАНД?

ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

24.02.2021


ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

23.02.2021


ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ. СУОЛИ "ҶУМҲУРИЯТ" ОШКОР КАРД, КИ ДАР КАДОМ МАҚОМОТ БОНУВОН ҶАЛБ НАМЕШАВАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед