logo

иҷтимоиёт

ТО НОН ФАРОВОН ШУД...

Солҳои аввали соҳибистиқлолӣ тоҷикистониёнро рӯзҳои мушкил пеш омад. Миллатро парешонӣ, давлатро нестӣ таҳдид мекард. Умед ба фардо қариб аз даст рафт. Ҳама овораву саргардон буданд.
Хушбахтона, чанде нагузашта шуълаи умед дар дили мардум боз пайдо гашт. Дигарбора бахт ба рӯйи миллат хандид. Вазъ зина ба зина беҳтар шудан гирифт. Лекин таърих барои имрӯзиён сабақе боқӣ гузошт. Ин сабақи талхи таърих ҳар яки моро водор мекунад, ки ҳушёру зирак ва аз пешрафту муваффақиятҳои кишвари азиз шукргузор бошем.
Асадулло Убайдулло, як заҳматкаши одӣ аз деҳоти Тоҷикободи ноҳияи Вахш, аз зумраи нафаронест, ки талхии он рӯзҳоро зиёд чашида, ниҳоят, ширинии ҳаёти осоишта, самараи сулҳофариро амиқу возеҳ дарк кардааст. Қиссаҳои ибратбахши ӯ дар ҳамин хусусанд.     
– Гурезагӣ ба ҳама маълум. Гӯё дар дохили сел ба Афғонистон расидам. Ба ин монанд, ки чашмонамро кушодаму худро он ҷо дидам, – ба нақл шурӯъ кард ин марди рӯзгордида. – Дар Афғонистон ҳам ҷанг. Ҳатто аз як деҳа ба деҳаи дигар рафтан бисёр хатар дошт. Касе барои ҳифзи ҷони касе кафолат намедод. Худро қаҳрамони ғазали “Ғарибӣ”-и Камоли Хуҷандӣ тасаввур мекардам. Он вақт донистам, ки ғариб чи ҳолу рӯзгор доштааст.
Асадулло пас аз каме таваққуф суханашро ин тавр идома дод: “Дар вилояти Қундуз будем. Ҳамчун устои трактор кор карда, ризқу рӯзӣ пайдо мекардам. Рӯзу шаб ба назарам бисёр тӯлонӣ мегузашт. Ҳушу ёдам дар Ватан буд. Дар як ҳафта чанд маротиба ба лаби дарёи Панҷ омада, хумор мешикастам. Соатҳо он ҷо нишаста, ба сарҳади Тоҷикистон менигаристам. Аз чашмонам ашк мерехт, худро каме ҳам бошад, сабук эҳсос мекардам. Хоки Тоҷикистон ба назарам хеле зебо менамуд.
Ва чун шунидем, ки Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои гуфтушунид ба Афғонистон омаданд, беандоза хурсанд шудем. Худро хушбахт эҳсос кардем, ки мо соҳиб дорем.  
Дар он замоне, ки Роҳбари давлат ба Афғонистон рафтанд, вазъият хеле ноором буд. Хусусан, дар ҳамон мавзеи Хостдеҳ. На ҳар кас ҷасорат карда, миёни обу оташ медаромад.
Рафти иҷлосияи таърихиро аз телевизион тамошо кардем. “То охирин гуреза ба Ватан бар нагардад, худро ором эҳсос намекунам”, - гуфтани Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доим дар гӯшам садо медиҳад.
Пайваста “Радиои Тоҷикистон”-ро гӯш мекардем, бахусус барномаи “Хоки Ватан”-ро. Телевизионҳои Тоҷикистонро тамошо мекардем, аз ҷумла телевизиони Кӯлобро, ки филм ва консертҳои хуб намоиш медод.
Муроҷиатҳои Роҳбари давлатро мешунидем. Онҳо ба мо неру ва умед мебахшиданд”,– афзуд ӯ.
Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми тадбирҳоро меҷӯст, то гурезаҳоро ба Ватан баргардонад. Гурезагии ҳамватанон ӯро орому осуда намегузошт.
Асадулло аз моҳи январи соли 1992 то моҳи майи соли 1994 гуреза буд.
– Аз хурду хӯрок танқисӣ надоштем, лекин дар ин муддат мазаи хӯрокро эҳсос накардам,– нақл кард ӯ. – Чизе гӯё гулуямро мефишурда бошад, нафасам танг мегашт.
...Ду соли гурезагиро бо интизориҳои зиёд паси сар кардем. Бо розигии Худованд рӯзи аз Афғонистон баргаштан ҳам фаро расид. Дар он тарафи соҳил як ҳафта банд шудем ва чи сон гарон будани интизориро ман он гаҳ фаҳмидам. Ниҳоят, аз дарё гузаштем. Хурсандиям андоза надошт, дар ҳаяҷон будам, дилам метапид. Мехостам ҳарчи зудтар ба назди падару модар, ҳалқаи фарзандон, ҳамдеҳагонам расам, аз ҳолашон бохабар шавам. Дар деҳа пешвозам гирифтанд. Хушбахтии аз ин бешро надида будам. Модарам ош пухт, ҳамсоягон ба зиёфат даъват шуданд. Хӯрок ончунон бомаза буд, ки мислашро ёд надоштам. Баъд аз ду соли гурезагӣ мазаро эҳсос кардам...
Баъд аз каме таваққуф илова кард, ки “Парвардигоро, дигар он рӯзҳоро ҳеҷ фарди миллат набинад. Мо мардуми хушбахт будаем, ки ба зудӣ мушкилот – бартараф, халқи парешонгашта – сарҷамъ ва зиндагӣ маҷрои тоза гирифт. Гурезаҳои солҳои 1918-1920 ҳоло ҳам дар он сӯи марз дар ҳасрати ватананд.
...Зиндагиямон душвор буд. Роҳбари давлат заминҳоро ба мардум тақсим карда доданд, то ризқу рӯзии худро пайдо кунанд. “Мо ба шумо кӯҳи тилло ваъда намедиҳем, аммо як бурида ноне, ки дорем, якҷоя мехӯрем...” гуфтанҳои Роҳбари давлат, фикр мекунам, ҳамон заминҳои президентӣ будааст, ки барои сабук шудани рӯзгори мардум онҳоро ба мардум тақсим карда доданд.
Нон фаровон шуд, серию пурӣ шуд, ҳар як гӯшаи Тоҷикистон, ҳатто дурдасттарин деҳаҳо обод шуданд, симои худро тағйир доданд. Ифтихор мекунам аз чунин Роҳбари давлати ғамхори миллат! Ҳамеша дар ҳаққашон даст ба дуоем.

Зокир ҲАСАН, “Ҷумҳурият”,
Маҳмадалӣ АКРАМОВ, рӯзноманигор
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 02.09.2020    №: 167    Мутолиа карданд: 132
04.03.2021


ФОРУМИ ҶУМҲУРИЯВӢ ОИД БА БАЛАНД БАРДОШТАНИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚИИ ЗАНОН

ШАҲРИНАВ. ГУЛГАШТИ НАЗДИ МУҶАССАМАИ МИРЗО ТУРСУНЗОДА НАВСОЗӢ МЕШАВАД

КАМОНВАРӢ

Муассисаҳои таълимии олии Россия дарҳояшонро барои донишҷӯёни хориҷӣ боз намуданд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

03.03.2021


Мулоқоти Зулфия Давлатзода бо Мирвайс Ноб

Дар Доғистон хотираи ҳалокшудагони ҷангро гиромӣ медоранд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФУТБОЛ. СИТОРАҲОИ ДУРАХШОНИ ВАРЗИШИ ТОҶИК

ИФТИТОҲИ МАРКАЗИ ДӮСТӢ ВА ҲАМКОРИИ СҲШ ДАР ТОҶИКИСТОН

ҚУЛЛАИ «РАҲИМ МАСОВ» ДАР ИШКОШИМ

ҶОМИ КФО – 2021

Путин ҷиҳати муколама бо ИМА ва дигар кишварҳо омода аст

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

01.03.2021


ВМКБ. ОЗМУНИ «ДАСТАРХОНОРОӢ» ҶАМЪБАСТ ГАРДИД

ФФТ БАРНОМАИ МАХСУСИ ПРЕЗИДЕНТ БАРОИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ДЕҲОТ

«ҚОНУНИ ТИБ» БОЗНАШР ШУД

ТАЪСИСИ КОРХОНАИ ХУРДИ ИЛМӢ - ИСТЕҲСОЛИИ МАВОДИ ДОРУВОР

КОРВОНИ САЛОМАТӢ ДАР ЛАХШ

27.02.2021


Ҷаҳон дар як сатр

Си Ҷинпин изҳор намуд, ки Чин бар бенавоӣ комилан пирӯз гардид

Масъулиятро нисбат ба он мансабдорҳое, ки душаҳрвандӣ доранд, бояд сахттар намуд

ИМА имкони тамдиди ҳузури низомиёнашро дар Афғонистон истисно намекунад

Кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ба таҳияи «шиносномаи эмкунӣ» - и ягона ба мувофиқа расиданд

ТЕННИС ВА НАҚШИ «ҶУМҲУРИЯТ» ДАР ОММАВИЯТИ ВАРЗИШ

25.02.2021


ХАДАМОТИ ГУМРУК. ҚОНУНШИКАНӢ КАМ ВА ПАРДОХТҲОИ ГУМРУКӢ ЗИЁД ШУДАНД

«ТОҶИКОН» ДАР ТОҶИКОБОД

АЗ РАШТ ТО ЛАХШ. АВЛАВИЯТ БА ТАВСЕАИ ЗАМИНҲОИ КИШТ

КИШОВАРЗӢ. 11 КОРХОНАИ ПАРАНДАПАРВАРӢ ТАЪСИС МЕЁБАД

TASHKENT GRAND SLAM 2021. ТОҶИКИСТОНРО КИҲО МУАРРИФӢ МЕКУНАНД?

ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

24.02.2021


ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

23.02.2021


ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ. СУОЛИ "ҶУМҲУРИЯТ" ОШКОР КАРД, КИ ДАР КАДОМ МАҚОМОТ БОНУВОН ҶАЛБ НАМЕШАВАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед