иҷтимоиёт
САРЧАШМАИ САОДАТ. ДАР БОРАИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ, КИ 29-СОЛА ШУД
Истиқлолияти давлатӣ аз ҷумлаи рӯйдодҳои бузургтарини таърихӣ мебошад, ки дар тақдири мардуми тоҷик гардиши куллӣ ба вуҷуд овард. Маҳз ба шарофати истиқлолу озодӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ барои амалисозии ҳадафҳои стратегии миллӣ заминаҳои зарурӣ фароҳам омаданд. Дар як давраи начандон тӯлонӣ даҳҳо лоиҳаи муҳими саноативу энергетикӣ ва иҷтимоӣ татбиқ шуда, ҳазорҳо километр роҳҳои замонавӣ, нақбу пулҳо бунёд гардиданд.
КОНСТИТУТСИЯ – ИФОДАГАРИ МАНФИАТҲОИ ХАЛҚ
Баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зарурати таҳияи Конститутсияи нав ба миён омад ва ин санади таърихиву тақдирсози кишвар 6 ноябри соли 1994 тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардид. Дар таҳия, омодасозӣ, қабул ва такмили ин бахтномаи халқи тоҷик Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши калидӣ доранд. Маҳз тавассути роҳбарии хирадмандона ва созандаи Сарвари давлат аз замони қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон то имрӯз дар ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии кишварамон дигаргуниҳои куллӣ ба амал омаданд. Бо саъю талошҳои хастанопазир ва фарогири Президенти мамлакат бо назардошти вазъияти ба сари мардуми тоҷик таҳмилгардидаи ҷанги шаҳрвандӣ, музокироти миёни тоҷикон, ки мақсад аз он таъмини сулҳу субот ва оромии Тоҷикистон буд, шурӯъ гардид. Дар тӯли ин муддат ба Конститутсия се маротиба тағйиру иловаҳо ворид гардид. Халқ асосҳои ҳуқуқии барпо намудани давлати соҳибистиқлоли демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягонаро гузошта, ислоҳоти конститутсиониро дар мамлакат амалӣ гардонд ва заминаҳои эҳёи миллиро фароҳам сохта, дар кишвар раванди бунёдкориро оғоз бахшид.
КОМЁБИҲО ДАР АРСАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
Интихоби дурусти роҳи минбаъдаи пешрафт имконият фароҳам сохт, ки Тоҷикистон равобити худро бо ҷомеаи ҷаҳонӣ ба таври муназзаму бомаром рушд дода, дар байни давлатҳои мутамаддини олам мавқеи сазовори худро пайдо намояд.
То имрӯз давлати мо бо зиёда аз 160 кишвари ҷаҳон робитаҳои дипломатиро роҳандозӣ намуда, бо онҳо муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои барои ҷонибҳо судмандро тақвият мебахшад ва пайгирона густариш медиҳад.
Тоҷикистони соҳибихтиёри мо ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ ва даҳҳо созмони байналмилаливу минтақавӣ дар ҳалли мушкилоту масоили мубрами замон саҳми назарраси худро мегузорад.
Дар ин муддат чор ташаббуси ҷаҳонии Тоҷикистон дар соҳаи об дар сатҳи Созмони Милали Муттаҳид пазируфта шуд, ки гувоҳи обрӯи баланди байналмилалии кишвари азизамон ва эътирофи нақши он дар пешбурди масъалаҳои мубрами марбут ба об дар сатҳи ҷаҳонӣ мебошад.
БА КОР ДАРОМАДАНИ ДУ АГРЕГАТИ НЕРУГОҲИ «РОҒУН»
16 ноябри соли 2018 дар таърихи давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол рӯйдоди муҳиму тақдирсоз ба вуқӯъ пайваста, қадами устуворе барои расидан ба истиқлолияти комили энергетикӣ гузошта шуд. 10 сентябри соли 2019 агрегати дуюм ба кор даромад.
Неругоҳи «Роғун» самара, яъне фарзанди истиқлолу озодии Ватани маҳбуби мо буда, омили муҳимтарини пешрафти иқтисодиву иҷтимоии кишвар, зиндагии осудаи мардум, яъне ояндаи ободи Тоҷикистони маҳбубамон мебошад. Ҳукумати мамлакат, бо вуҷуди мушкилоти зиёди молиявию иқтисодӣ, аз рӯзҳои аввал бо дарки масъулияти бузург дар назди мардуми тоҷик тамоми захираву имкониятҳои мавҷударо ба бунёди неругоҳ ва фароҳам овардани шароити мусоиди корӣ барои мутахассисону коргарони он сафарбар намуд. Баъди пурра ба кор даромадани неругоҳ он боргоҳи бузурги нуру гармӣ мешавад, орзуи чандинсолаи миллати тамаддунсози мо амалӣ мегардад ва кулли нияту нақшаҳои мардуми шарифи тоҷик ба воқеият табдил меёбанд.
ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА РУШДИ ИҚТИСОДИЁТИ МИЛЛӢ
Давоми 29 соли истиқлолият дар Тоҷикистон як силсила мушкилоту монеаҳои мавҷудаи ҷомеаи муосир бартараф гардида, корҳои азими бунёдкориву созандагӣ ва ислоҳоти амиқи иқтисодиву иҷтимоӣ оғоз гардиданд. Таъмини истиқлолияти энергетикӣ, аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардани кишвар ва таъмини амнияти озуқаворӣ ба самтҳои асосӣ ва стратегии сиёсати давлатӣ табдил дода шуданд.
Бо ташаббус ва дастгириҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҳукумати Тоҷикистон бо созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва кишварҳои мутараққии ҷаҳон муносибатҳои устувори иқтисодӣ барқарор намуд.
Дар давраи истиқлолият бо мақсади рушди иқтисоди миллӣ зиёда аз 80 барномаи соҳавӣ қабул гардид. Бояд гуфт, ки амалисозии муваффақи аксари барномаҳо ба пешрафти соҳаҳои гуногуни иқтисоди миллӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум мусоидат намуд.
Тибқи маълумоти оморӣ соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар сатҳи 7 фоиз таъмин гардида, маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ аз 45,6 миллиард сомонӣ ба 78 миллиард расид.
Бо зикри як ҷумла кофист, ки нақши Истиқлолияти давлатиро дар ҳаёти мардум ва мамлакати азизамон дар маҷмӯъ, бозгӯ созем: соҳибистиқлолӣ имкон фароҳам овард, ки мо ба тамоми орзуву армони деринаамон расем, соҳаҳои гуногуни ҳаёти мо маҳз дар ҳамин давра рушду таҳким ёфта, Тоҷикистон – Ватани азизи мо ба як кишвари пешрафта табдил ёфт.
Саврия ВАЛИЕВА,сармутахассиси раёсати коргузории
Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 02.09.2020 №: 167 Мутолиа карданд: 139