logo

иҷтимоиёт

ҶОМЕА. ВАҚТЕ МАЪРИФАТ БОЛО МЕГИРАД...

Таҷрибаи ҳаёт собит менамояд, ки насли бомаърифату тарбиятдида дар ҳама ҳолат пирӯз аст ва ҷомеаи дорои иқтидорҳои бузурги зеҳнӣ пешрафтаву мардумонаш саодатманданд. Ҷаҳолату нодонӣ ҳар куҷое ҳукмфармо шуд, яқин рӯзгори мардум тираву пурмашаққат мегардад.
Дар ҷомеаи ваҳдатшиори мо баробари вазидани насими Истиқлолияти давлатӣ, новобаста аз нооромии солҳои 90 - уми асри гузашта рушди соҳаи мао-риф ва баланд бардоштани сифати таълиму тарбияи насли наврас дар авлавияти сиёсати давлатӣ қарор гирифт. Зеро он дар таҳкими пояҳои давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ нақши калидӣ мебозад.
Барои тасдиқи ин гуфтаҳо метавон аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мисол овард, ки чунин гуфтаанд: «То Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ 128 муассисаи томактабӣ ва 338 муассисаи таҳсилоти умумӣ бунёд гардида, дар маҷмӯъ, 1332 муассисаи таълимӣ ва томактабӣ тармиму таҷдид карда мешавад».
Бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар низоми илму маориф ислоҳоти ҷиддӣ рӯи кор омада, ба рушди ҳамаҷонибаи илмҳои табиатшиносию дақиқ заминаву шароити мусоид фароҳам оварда шуд. Чунки миёни дигар илмҳо улуми табиатшиносӣ ва дақиқ нақши пешбарандаро мебозаду дастовардҳои рӯзафзуни он зиндагӣ ва фаъолияти инсонро беҳбуд месозад. Пешвои миллат бо дарки он, ки барои таҳлилу баррасии мавзӯъҳои илмӣ ва омӯхтани донишҳои илмӣ як-ду сол нокифоя аст, дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олӣ ба хотири боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин, барои тавсеаи тафаккури техникии насли наврас солҳои 2020 – 2040-ро «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон намуданд. Ин ташаббуси созандаи Сарвари давлат аз ҷониби сокинони кишвар хуш пазируфта шуд.
Иқдоми дигари хирадмандонаи Пешвои миллат ба хотири баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвар, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худшиносӣ, такмили захираҳои луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ миёни сокинони кишвар, хусусан, наврасону ҷавонон ва дигар табақаҳои аҳолӣ ҳар сол ба роҳ мондани озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» буд.
Барои озмун аз ҳисоби Фонди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  1 646 400 сомонӣ ҷудо гардид.
Аз ин рӯ, мо – омӯзгорон ва роҳбарону кормандони соҳаи маорифро зарур аст, ки дар баробари чунин дастгириҳои давлату Ҳукумат сатҳу сифати таълимро дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот баланд бардорем.

Саодат АХМЕДОВА, омӯзгори МТМУ № 91, шаҳри Душанбе
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 02.09.2020    №: 167    Мутолиа карданд: 131
04.03.2021


ФОРУМИ ҶУМҲУРИЯВӢ ОИД БА БАЛАНД БАРДОШТАНИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚИИ ЗАНОН

ШАҲРИНАВ. ГУЛГАШТИ НАЗДИ МУҶАССАМАИ МИРЗО ТУРСУНЗОДА НАВСОЗӢ МЕШАВАД

КАМОНВАРӢ

Муассисаҳои таълимии олии Россия дарҳояшонро барои донишҷӯёни хориҷӣ боз намуданд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

03.03.2021


Мулоқоти Зулфия Давлатзода бо Мирвайс Ноб

Дар Доғистон хотираи ҳалокшудагони ҷангро гиромӣ медоранд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФУТБОЛ. СИТОРАҲОИ ДУРАХШОНИ ВАРЗИШИ ТОҶИК

ИФТИТОҲИ МАРКАЗИ ДӮСТӢ ВА ҲАМКОРИИ СҲШ ДАР ТОҶИКИСТОН

ҚУЛЛАИ «РАҲИМ МАСОВ» ДАР ИШКОШИМ

ҶОМИ КФО – 2021

Путин ҷиҳати муколама бо ИМА ва дигар кишварҳо омода аст

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

01.03.2021


ВМКБ. ОЗМУНИ «ДАСТАРХОНОРОӢ» ҶАМЪБАСТ ГАРДИД

ФФТ БАРНОМАИ МАХСУСИ ПРЕЗИДЕНТ БАРОИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ДЕҲОТ

«ҚОНУНИ ТИБ» БОЗНАШР ШУД

ТАЪСИСИ КОРХОНАИ ХУРДИ ИЛМӢ - ИСТЕҲСОЛИИ МАВОДИ ДОРУВОР

КОРВОНИ САЛОМАТӢ ДАР ЛАХШ

27.02.2021


Ҷаҳон дар як сатр

Си Ҷинпин изҳор намуд, ки Чин бар бенавоӣ комилан пирӯз гардид

Масъулиятро нисбат ба он мансабдорҳое, ки душаҳрвандӣ доранд, бояд сахттар намуд

ИМА имкони тамдиди ҳузури низомиёнашро дар Афғонистон истисно намекунад

Кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ба таҳияи «шиносномаи эмкунӣ» - и ягона ба мувофиқа расиданд

ТЕННИС ВА НАҚШИ «ҶУМҲУРИЯТ» ДАР ОММАВИЯТИ ВАРЗИШ

25.02.2021


ХАДАМОТИ ГУМРУК. ҚОНУНШИКАНӢ КАМ ВА ПАРДОХТҲОИ ГУМРУКӢ ЗИЁД ШУДАНД

«ТОҶИКОН» ДАР ТОҶИКОБОД

АЗ РАШТ ТО ЛАХШ. АВЛАВИЯТ БА ТАВСЕАИ ЗАМИНҲОИ КИШТ

КИШОВАРЗӢ. 11 КОРХОНАИ ПАРАНДАПАРВАРӢ ТАЪСИС МЕЁБАД

TASHKENT GRAND SLAM 2021. ТОҶИКИСТОНРО КИҲО МУАРРИФӢ МЕКУНАНД?

ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

24.02.2021


ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

23.02.2021


ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ. СУОЛИ "ҶУМҲУРИЯТ" ОШКОР КАРД, КИ ДАР КАДОМ МАҚОМОТ БОНУВОН ҶАЛБ НАМЕШАВАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед