logo

иҷтимоиёт

ҶАЛАСАИ КОМИССИЯИ ДАВЛАТИИ МУСОИДАТ БА БАРӮЙХАТГИРИИ АҲОЛӢ

Дирӯз таҳти раёсати Сарвазири мамлакат, Раиси Комиссияи давлатии мусоидат ба барӯйхатгирии аҳолӣ Қоҳир Расулзода ҷаласаи навбатӣ доир шуд.
Қоҳир Расулзода зикр кард, ки Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2000 бори аввал барӯйхатгирии аҳолӣ, баъдан соли 2010 барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзилро гузаронд. Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи барӯйхатгирии аҳолӣ», ки 19 майи соли 2009 қабул шудааст, ин маърака дар кишвар  ҳар даҳ сол як маротиба баргузор мешавад.
Тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 сентябри соли 2019 барӯйхатгирии навбатии аҳолӣ ва фонди манзил 1 – 15 октябри соли равон сурат мегирад. Корҳои тайёрӣ барои гузарондани ин маъракаи муҳим  мутобиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 октябри соли 2015 «Дар бораи тайёрӣ ва гузарондани барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020» оғоз гардида буданд.
Директори Агентии омор Гулнора Ҳасанзода дар бораи тартиби гузарондани барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил гузориш дод.
Гуфта шуд, ки дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ  мақомоти  омори  давлатӣ  аз се усул – интернет-пурсиш, пурсиш бо истифода аз планшет ва усули анъанавӣ (коғазӣ) истифода менамояд. Барои истифодаи ҳар се усул корҳои омодагӣ ба анҷом расида истодаанд.
Роҳандозии истифодаи технологияи муосири компютерӣ, интернет ва планшет дар барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил дар партави дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба гузариш ба иқтисодиёти рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мешавад.
Дар охир Қоҳир Расулзода ба аъзои комиссия ҷиҳати дар сатҳи баланд гузарондани барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил дастуру супоришҳои мушаххас дод.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 03.09.2020    №: 168    Мутолиа карданд: 202
04.03.2021


ФОРУМИ ҶУМҲУРИЯВӢ ОИД БА БАЛАНД БАРДОШТАНИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚИИ ЗАНОН

ШАҲРИНАВ. ГУЛГАШТИ НАЗДИ МУҶАССАМАИ МИРЗО ТУРСУНЗОДА НАВСОЗӢ МЕШАВАД

КАМОНВАРӢ

Муассисаҳои таълимии олии Россия дарҳояшонро барои донишҷӯёни хориҷӣ боз намуданд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

03.03.2021


Мулоқоти Зулфия Давлатзода бо Мирвайс Ноб

Дар Доғистон хотираи ҳалокшудагони ҷангро гиромӣ медоранд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФУТБОЛ. СИТОРАҲОИ ДУРАХШОНИ ВАРЗИШИ ТОҶИК

ИФТИТОҲИ МАРКАЗИ ДӮСТӢ ВА ҲАМКОРИИ СҲШ ДАР ТОҶИКИСТОН

ҚУЛЛАИ «РАҲИМ МАСОВ» ДАР ИШКОШИМ

ҶОМИ КФО – 2021

Путин ҷиҳати муколама бо ИМА ва дигар кишварҳо омода аст

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

01.03.2021


ВМКБ. ОЗМУНИ «ДАСТАРХОНОРОӢ» ҶАМЪБАСТ ГАРДИД

ФФТ БАРНОМАИ МАХСУСИ ПРЕЗИДЕНТ БАРОИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ДЕҲОТ

«ҚОНУНИ ТИБ» БОЗНАШР ШУД

ТАЪСИСИ КОРХОНАИ ХУРДИ ИЛМӢ - ИСТЕҲСОЛИИ МАВОДИ ДОРУВОР

КОРВОНИ САЛОМАТӢ ДАР ЛАХШ

27.02.2021


Ҷаҳон дар як сатр

Си Ҷинпин изҳор намуд, ки Чин бар бенавоӣ комилан пирӯз гардид

Масъулиятро нисбат ба он мансабдорҳое, ки душаҳрвандӣ доранд, бояд сахттар намуд

ИМА имкони тамдиди ҳузури низомиёнашро дар Афғонистон истисно намекунад

Кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ба таҳияи «шиносномаи эмкунӣ» - и ягона ба мувофиқа расиданд

ТЕННИС ВА НАҚШИ «ҶУМҲУРИЯТ» ДАР ОММАВИЯТИ ВАРЗИШ

25.02.2021


ХАДАМОТИ ГУМРУК. ҚОНУНШИКАНӢ КАМ ВА ПАРДОХТҲОИ ГУМРУКӢ ЗИЁД ШУДАНД

«ТОҶИКОН» ДАР ТОҶИКОБОД

АЗ РАШТ ТО ЛАХШ. АВЛАВИЯТ БА ТАВСЕАИ ЗАМИНҲОИ КИШТ

КИШОВАРЗӢ. 11 КОРХОНАИ ПАРАНДАПАРВАРӢ ТАЪСИС МЕЁБАД

TASHKENT GRAND SLAM 2021. ТОҶИКИСТОНРО КИҲО МУАРРИФӢ МЕКУНАНД?

ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

24.02.2021


ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

23.02.2021


ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ. СУОЛИ "ҶУМҲУРИЯТ" ОШКОР КАРД, КИ ДАР КАДОМ МАҚОМОТ БОНУВОН ҶАЛБ НАМЕШАВАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед