logo

иҷтимоиёт

НЕЪМАТЕ, КИ ФАЙЗ МЕРЕЗАД

Истиқлолият муқаддастарину азизтарин неъмат, рамзи саодат ва асолати миллат, шарафу номуси ватандорӣ ва нишонаи пойдориву бақои давлат мебошад.                                                                
Эмомалӣ РАҲМОН.

Миллати бофарҳангу сарбаланди тоҷик имсол санаи сарнавиштсозу муқаддас – бистунуҳсолагии Истиқлолияти давлатиро, ки барои бунёди давлатдории навин, рушди соҳаҳои сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоиву ҳуқуқӣ ва эҳёи арзишҳои миллӣ заминаи боэътимод фароҳам овардааст, пешвоз мегиранд.
Ба шарофати ин рӯйдоди бузурги таърихӣ халқи тоҷик соҳиби рамзҳои давлатии худ - Парчам, Нишон, Суруди миллӣ ва Конститутсия шуд ва Тоҷикистони азизу маҳбуби мо аз ҷониби ҷомеаи башарӣ ҳамчун давлати мустақил эътироф гардид.
Яке аз аввалин тадбирҳои муҳиме, ки ҳанӯз дар оғози давраи соҳибистиқлолӣ амалӣ гардид, 6 ноябри соли 1994 ба тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул шудани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 боб ва 100 модда иборат буда, ба он 26 сентябри соли 1999, 22 июни соли 2003 ва 22 майи соли 2016 тавассути раъйпурсии умумихалқӣ тағйиру иловаҳо ворид карда шудаанд.
Баъди қабули Конститутсия дар таърихи навини мамлакат марҳилаи нав оғоз ёфт ва барои беҳтар намудани шароити зисту зиндагонӣ ва беҳтар шудани дараҷаи некуаҳволии мардум, давом додани ислоҳоти иқтисодӣ шароити мусоид фароҳам омад.
Маҳз Истиқлолияти давлатӣ имкон дод, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низоми иқтисодии аз ҷониби ҷомеаи мутамаддин пазируфташударо интихоб кунад ва рушди устувори ҳамаи соҳаҳоро таъмин гардонад.
Чуноне ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ 26 декабри соли 2019 таъкид карданд, дар ин давра аҳолии Тоҷикистон аз панҷу ним миллион қариб ба 9,5 миллион нафар расида, беш аз 70 фоиз афзудааст. Сатҳи камбизоатӣ ба 27,5 фоиз паст шуда, дарозумрии миёнаи шаҳрвандон то 75 сол боло рафт.
Дар соли 2020 яке аз маъракаҳои муҳими сиёсӣ  - интихоботи навбатии вакилони Маҷлиси намояндагон ва маҷлисҳои маҳаллӣ рӯзи 1 марти соли 2020 дар фазои озод баргузор гардид.
Интихобот ифодаи олии бевоситаи ҳокимияти халқ тавассути изҳори озодона ва ихтиёрии иродаи интихобкунандагон буда, ба таври демократӣ ва озоду шаффоф баргузор намудани он яке аз вазифаҳои муҳими давлат мебошад.
Фазои орому осоишта ба мардуми Тоҷикистон имконият фароҳам овард, ки ба хотири рушду ободии фардои мамлакат бо дарки баланди масъулият шахсони донишманду соҳибмаърифат, ботаҷрибаву обрӯманд ва ватандӯсту поквиҷдонро ба парламенти мамлакат интихоб кунанд.  
Маъракаи сиёсӣ бо риояи меъёрҳои таҳаммулу муошират ва дар сатҳи баланд баргузор шуд, ки намунаи ваҳдати миллӣ, ягонагии ҷомеа ва омили муҳими пешрафти минбаъдаи давлати соҳибистиқлоламон мебошад.
 Иқдомоти бузурги созандагиву бунёдкоронае, ки дар даврони Истиқлолияти давлатӣ амалӣ гардиданд, албатта, ба шарофати талошҳо ва роҳнамоии пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифтанд.
Дар пайравӣ ба Пешвои муаззами миллат ҳар яки мо вазифадорем, ки бо заҳмати содиқонаи худ Ватанамонро боз ҳам ободу зебо гардонем ва истиқлолиятро ҳифз намоем.


Шоҳин ВАЛИЗОДА,
мутахассис – коргузори шуъбаи  корҳои умумӣ
ва хизмати давлатии  Суди конститутсионии
Ҷумҳурии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 03.09.2020    №: 168    Мутолиа карданд: 221
04.03.2021


ФОРУМИ ҶУМҲУРИЯВӢ ОИД БА БАЛАНД БАРДОШТАНИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚИИ ЗАНОН

ШАҲРИНАВ. ГУЛГАШТИ НАЗДИ МУҶАССАМАИ МИРЗО ТУРСУНЗОДА НАВСОЗӢ МЕШАВАД

КАМОНВАРӢ

Муассисаҳои таълимии олии Россия дарҳояшонро барои донишҷӯёни хориҷӣ боз намуданд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

03.03.2021


Мулоқоти Зулфия Давлатзода бо Мирвайс Ноб

Дар Доғистон хотираи ҳалокшудагони ҷангро гиромӣ медоранд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФУТБОЛ. СИТОРАҲОИ ДУРАХШОНИ ВАРЗИШИ ТОҶИК

ИФТИТОҲИ МАРКАЗИ ДӮСТӢ ВА ҲАМКОРИИ СҲШ ДАР ТОҶИКИСТОН

ҚУЛЛАИ «РАҲИМ МАСОВ» ДАР ИШКОШИМ

ҶОМИ КФО – 2021

Путин ҷиҳати муколама бо ИМА ва дигар кишварҳо омода аст

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

01.03.2021


ВМКБ. ОЗМУНИ «ДАСТАРХОНОРОӢ» ҶАМЪБАСТ ГАРДИД

ФФТ БАРНОМАИ МАХСУСИ ПРЕЗИДЕНТ БАРОИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ДЕҲОТ

«ҚОНУНИ ТИБ» БОЗНАШР ШУД

ТАЪСИСИ КОРХОНАИ ХУРДИ ИЛМӢ - ИСТЕҲСОЛИИ МАВОДИ ДОРУВОР

КОРВОНИ САЛОМАТӢ ДАР ЛАХШ

27.02.2021


Ҷаҳон дар як сатр

Си Ҷинпин изҳор намуд, ки Чин бар бенавоӣ комилан пирӯз гардид

Масъулиятро нисбат ба он мансабдорҳое, ки душаҳрвандӣ доранд, бояд сахттар намуд

ИМА имкони тамдиди ҳузури низомиёнашро дар Афғонистон истисно намекунад

Кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ба таҳияи «шиносномаи эмкунӣ» - и ягона ба мувофиқа расиданд

ТЕННИС ВА НАҚШИ «ҶУМҲУРИЯТ» ДАР ОММАВИЯТИ ВАРЗИШ

25.02.2021


ХАДАМОТИ ГУМРУК. ҚОНУНШИКАНӢ КАМ ВА ПАРДОХТҲОИ ГУМРУКӢ ЗИЁД ШУДАНД

«ТОҶИКОН» ДАР ТОҶИКОБОД

АЗ РАШТ ТО ЛАХШ. АВЛАВИЯТ БА ТАВСЕАИ ЗАМИНҲОИ КИШТ

КИШОВАРЗӢ. 11 КОРХОНАИ ПАРАНДАПАРВАРӢ ТАЪСИС МЕЁБАД

TASHKENT GRAND SLAM 2021. ТОҶИКИСТОНРО КИҲО МУАРРИФӢ МЕКУНАНД?

ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

24.02.2021


ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

23.02.2021


ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ. СУОЛИ "ҶУМҲУРИЯТ" ОШКОР КАРД, КИ ДАР КАДОМ МАҚОМОТ БОНУВОН ҶАЛБ НАМЕШАВАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед