logo

Хабарҳо

ДАР УХАН БАЪДИ ҲАФТ МОҲИ ТАЪТИЛ МАКТАБУ КӮДАКИСТОНҲО КУШОДА ШУДАНД

«Форс». Пас аз ҳафт моҳи хуруҷи коронавирус дар шаҳри Ухани Чин ҳудуди як миллиону 400 ҳазор донишомӯзон ба синфҳои худ ҳозир шуданд.
Ҳудуди ду ҳазору 800 кӯдакистон, мактаби ибтидоӣ ва дабиристони шаҳр, ки аз хавфи пандемия ҳафт моҳ баста буданд, боз ба фаъолият шурӯъ карданд.
Мавриди ёдоварист, ки 80 дарсади фавт аз вируси нав дар Чин дар Ухан иттифоқ афтодаву маҷмӯи қурбониёни ин беморӣ дар Чин 4600 нафар аст. Аз 18 май то кунун ягон ҳодисаи нави дохилии сирояти вирус дар ин шаҳр сабт нашудааст.


ДЕҲЛӢ БО МОСКВА БАРОИ ИСТЕҲСОЛИ ВАКСИНАИ «СПУТНИК - V» СОЗИШНОМА БА ИМЗО РАСОНД
NDTV. Аз ин қарордод бо Ҳиндустон сарвари Фонди инвеститсияҳои  мустақими Россия Кирилл Дмитриев воқиф намуд.
Ӯ зикр кард, ки дар ин кишвар соле беш аз 300 миллион воя ваксинаи русӣ бароварда мешавад. Дмитриев аз Ҳиндустон ҳамчун аз  «маркази хуби аз тамоми дунё таҳвил додани ваксина» ном бурд.
Сарвари фонд афзуд, ки намояндаҳои давлатҳои гуногун ба Москва барои истеҳсоли зиёда аз як миллиард воя ваксинаи COVID-19 дархост ирсол намудаанд.


ДАР БРАЗИЛИЯ ТЕЪДОДИ МУБТАЛОЁНИ SARS-COV-2 БА ЧОР МИЛЛИОН РАСИД
REGNUM. Шабонарӯзи газашта дар мамлакат 46 934 ҳодисаи сирояти коронавирус сабт гардид, - хабар медиҳад Вазорати тандурустӣ.
Ҳамин тавр, шумораи умумии гирифтории собитшуда ба вируси нав дар Бразилия 3 997 865 нафарро ташкил дод. Ҳамчунин, дирӯз дар қаламрави кишвар 1184 бемор ҷон бохт. Аз оғози пандемия қариб 124 ҳазор нафар қурбони бемории нави аср гашт.


БА ҶОПОНИҲО БАРОИ ЭМ ВАКСИНА РОЙГОН ДОДА МЕШАВАД
Kyodo. Ҳукумати Ҷопон имконияти барои тамоми аҳолии кишвар дастрассозии эмкунии ройгон алайҳи коронавирусро баррасӣ мекунад. Ҳукумат талош дорад, ки эмкунӣ ҳарчи тезтар ва фарогирии теъдоди ҳадалимкон зиёди одамон гузаронда шавад, чунки COVID-19 босуръат паҳн шуда истодааст.
Қаблан Сарвазир Синдзо Абэ изҳор дошт, ки Ҳукумат дар нимаи якуми соли оянда эмкунии шаҳрвандонро анҷом додан мехоҳад. Ваксинаро дар навбати аввал кормандони тиб, ашхоси солхӯрда ва нафарони беморияшон музмин хоҳанд гирифт.


ҚАЗОҚИСТОН САҲМИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНАРО ДАР ММД ТО 35 ДАРСАД БОЛО БУРДАНИСТ
REGNUM. «Татбиқи ин нақша то соли 2025 дар назар аст», - гуфт дар ҷаласаи ҳукумат вазири иқтисоди миллӣ Руслан Даленов.
Ба гуфтааш, ҷиҳати дастгирии соҳибкорӣ барои пардохти фоизи қарзҳои феълӣ ба соҳибкорон ёрии пулӣ расонда мешавад. Дар соҳаҳои аз буҳрон зарардидаи иқтисод миқдори фоизро то 6 дарсади солона кам мекунанд. Вазир тавзеҳ дод, ки ёрии пулӣ аз лаҳзаи эъломи низоми ҳолати фавқулода 12 моҳро дар бар хоҳад гирифт.

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 200
17.09.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ COVID – 19 БОЗ 45 БЕМОР ШИФО ЁФТ

РОҒУН БА ИНТИХОБОТ ОМОДА АСТ!

ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. БА НОМЗАДҲО ШАҲОДАТНОМА СУПУРДА ШУД

16.09.2020


ТОҶИКИСТОН. 86,5 ДАРСАДИ ГИРИФТОРОНИ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТАНД

ФАЙЗОБОД. ЧОРАБИНИИ СИЁСӢ ДАР САТҲИ БАЛАНД ХОҲАД ГУЗАШТ

ҶОМИ ТОҶИКИСТОН. ҶУФТҲОИ ДАВРИ НИМФИНАЛ МУАЙЯН ГАРДИДАНД

ИНТИХОБОТ. ВУСЪАТИ КОРҲОИ ОМОДАГӢ ДАР НОҲИЯИ РӮДАКӢ

ҶАВОНОН – ПАЙРАВОНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. ҲАМОИШИ ИЛМӢ - СИЁСӢ ДАР АКАДЕМИЯИ ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТӢ

ЛЕВАКАНТ. ПАХТАЧИНӢ ВУСЪАТ МЕГИРАД

ТОҶИКИСТОН НОЗИРОНИ ИДМ-РО БА ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТӢ ДАЪВАТ КАРД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

15.09.2020


ТОҶИКИСТОН. 86,4 дарсади беморон шифо ёфтанд

НОҲИЯИ ВОСЕЪ. БОЗ 82 ШАҲРВАНД БО КОР ТАЪМИН ГАРДИД

ТАЪСИСИ 86 КОРХОНА ДАР ҲАФТ МОҲ

«ЛИДАР». АКНУН ТАРКИБИ МОЛЕКУЛАВИИ ҲАВО САНҶИДА МЕШАВАД

14.09.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ КОРОНАВИРУС 7816 БЕМОР ШИФО ЁФТ

ПАЙВАНДГАРИ ДИРӮЗУ ИМРӮЗ. БАРДОШТ АЗ ҲАМОИШИ ҶУМҲУРИЯВӢ БАХШИДА БА 90-СОЛАГИИ "ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН"

US OPEN. ТИМ ВА НАОМИ ҒОЛИБОНИ ИН МУСОБИҚА

СММ КИШВАРҲОИ ПЕШРАФТАРО ДАЪВАТ НАМУД, КИ АЗ ТАҲРИМОТ АЛАЙҲИ МАМЛАКАТҲОИ РУШДКУНАНДА ДАСТ КАШАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

11.09.2020


ТОҶИКИСТОН. 7 ҲАЗОРУ 714 СИРОЯТЁФТА АЗ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ЛИГАИ БОНУВОН. «ЗЕБОНИСО» БОРИ ДУЮМ ЧЕМПИОНИ ТОҶИКИСТОН ШУД

САФОРАТ ВА ДОМОДЕДОВО ХАБАРҲО ДАР БОРАИ БАНД МОНДАНИ ТОҶИКОНРО ДАР ФУРУДГОҲ РАД КАРДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

10.09.2020


НИСФИ КӮДАКОНИ РУСИЯГӢ COVID-19-РО САБУК ГУЗАРОНДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ОҒОЗИ НАШРИ КИТОБИ «ТОҶИКОН»-И БОБОҶОН ҒАФУРОВ

08.09.2020


ТОҶИКИСТОН. ШАБОНАРӮЗИ ОХИР 32 ҲОДИСАИ НАВИ БЕМОРИИ COVID – 19 ОШКОР ШУД

СҲШ, ИДМ ВА СААД БОРИ АВВАЛ АЛАЙҲИ ТЕРРОРИЗМ МАШҚҲОИ МУШТАРАК МЕГУЗАРОНАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФУТБОЛ. ТОҶИКИСТОН БАР ТИМИ ӮЗБЕКИСТОН ҒОЛИБ ОМАД

ТОҶИКИСТОН. 7 ҲАЗОРУ 581 БЕМОРИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

04.09.2020


ТОҶИКИСТОН. ШУМОРАИ ШИФОЁФТАГОН АЗ КОРОНАВИРУС БА 7 ҲАЗОРУ 482 КАС РАСИД

ОЗМУНИ XVII БАЙНАЛМИЛАЛИИ «САНЪАТИ КИТОБ». «УФУҚҲОИ ИСТИҚЛОЛ» СОҲИБИ ШОҲҶОИЗА ГАРДИД

ПЕСКОВ БА АЙБДОРСОЗИИ МОСКВА ДАР ҲОДИСА БО НАВАЛНИЙ ҶАВОБ ГАРДОНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед