logo

сиёсат

ҲХДТ НОМЗАДИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОНРО БА МАҚОМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ПЕШБАРӢ НАМУД

3 сентябр   дар Кохи Борбад Анҷумани XIV Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он вакилон, аъзои раёсати Кумитаи иҷроияи марказӣ, фраксияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар парлумон, намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятӣ, Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони як қатор сохтору идораҳо, кормандони масъули дастгоҳи Кумитаи иҷроияи марказӣ, кумитаҳои иҷроияи ҳизб дар вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, намояндагони воситаҳои ахбори оммаи ҳизбӣ, аъзои фаъоли ҳизб ва Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» ширкат варзиданд.
Раиси дастгоҳи ҲХДТ Абдураҳмон Хонов ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, ки дар анҷуман аз тарафи вакил Зубайда Шарипова, директори мактаб - интернати № 3 барои кӯдакони имконияташон маҳдуди шаҳри Душанбе, номзадии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Раиси Ҳизби Халқии Демократии  Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ гардид, ки он аз ҷониби ҳамаи  вакилони анҷумани XIV якдилона ҷонибдорӣ ёфт. Инчунин, Низом Қосим, раиси Иттифоқи нависандагони  Тоҷикистон, Шукурҷон Зуҳуров, собиқадори ҳизб, Абдумубин Абдушукуров, директори корхонаи саноатии “ЗиревЭко” - и шаҳри Хуҷанд, Гулбарг Боқиева, роҳбари маркази ҳунармандии “Чирадаст”- и ноҳияи Муъминобод, Гулнора Тайғунова, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шуғнон, Саидбек Мирзомиддинов, роҳбари қабулгоҳи ҷамъиятии ҲХДТ дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия ва дигарон (тариқи онлайн) изҳори назар карда, пешбарӣ гардидани номзадии Эмомалӣ Раҳмонро ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдорӣ намуданд.
Дар анҷуман муовини якуми Раиси ҳизб Абдуҷаббор Азизӣ бо пешниҳоди далелҳои мушаххас таъкид намуд, ки бо натиҷагирӣ аз фаъолияти анҷомшуда ҳамаи нишондиҳандаҳои барномаи номзад ба мансаби Президенти мамлакат аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон барои 7 сол, ки дар соли 2013 пешбинӣ шуда буд, дар маҷмӯъ, иҷро гардиданд.
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон беш аз 494 ҳазор нафар аъзо дорад. Аз ин шумора 48 фоизи аъзои ҳизбро занон ва 37 фоизашро ҷавонон ташкил медиҳанд.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 04.09.2020    №: 169    Мутолиа карданд: 333
23.04.2021


Ҳамкорӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ матраҳ шуд

ҲИНДУСТОН. РЕКОРДИ НАВИ СИРОЯТЁБӢ БА ПАНДЕМИЯИ КОРОНАВИРУС

Ҷаҳон дар як сатр

22.04.2021


ХИЗМАТИ ҲАРБӢ. ДАР БИСТ РӮЗ 82 ДАРСАДИ НАҚША ИҶРО ШУД

ВАЗЪИ БОЗОРИ ДОХИЛИИ АСЪОР

РОҒУН. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

2020. Пешгирии 44 амали террористӣ дар Россия

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДЗЮДО

Навиди фарҳанг

ДАР ХУҶАНД МАКТАБИ ОКСФОРД БУНЁД МЕШАВАД

“МИРЗО ТУРСУНЗОДА ВА ҲИНДУСТОН”

21.04.2021


ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИҲОИ БАЙНИПАРЛУМОНӢ ТАЪКИД ГАРДИД

20.04.2021


САФАРИ КОРИИ МИШЕЛ ТАРРАН БА ШАҲРИ КӮЛОБ

ЛИГАИ ОЛӢ

Конфронси Истанбул – шонси таърихӣ барои Афғонистон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

19.04.2021


МАШВАРАТИ ГУРӮҲИ КИШВАРҲОИ ВИШЕГРАД ВА ОСИЁИ МАРКАЗӢ

АҶАБ ШАҲРИ ДИЛОРОӢ, ДУШАНБЕ. РӮЗИ ПОЙТАХТ ХОТИРМОН ГУЗАШТ

Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи илми тоҷик

«ДУШАНБЕ - ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОН»

САҲМИ АЙНӢ ДАР РУШДИ ИЛМУ ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ

МАРД БОЯД ТАНДУРУСТ БОШАД

ҲАРАКАТИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ВА ЭҲЁИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТОҶИКОБОД

9 ИНШООТИ ТАЪРИХИВУ ФАРҲАНГӢ БА ФЕҲРИСТИ ПЕШАКИИ ЮНЕСКО ШОМИЛ ШУД

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО

Даъвати Байден аз Путин

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

15.04.2021


ВМКБ. ВОХӮРӢ БО НАМОЯНДАГОНИ МАРКАЗИ ИЛМӢ-ФАРҲАНГИИ РОССИЯ

ВАО: РАИСИ ҶМЧ БА ИШТИРОК ДАР САММИТ ОИД БА ИҚЛИМ МАЙЛ ДОРАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

НАВБАҲОР ГУЛ МЕКУНАД

НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ. ҲАВАСМАНДГАРДОНИИ ХИЗМАТЧИЁНИ ҲАРБӢ ДАР МАДДИ АВВАЛ

“ПАРВИН”. БЕҲТАРИНҲО ҚАДР ШУДАНД

14.04.2021


ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ "САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА"


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед