logo

Хабарҳо

ПЕСКОВ БА АЙБДОРСОЗИИ МОСКВА ДАР ҲОДИСА БО НАВАЛНИЙ ҶАВОБ ГАРДОНД

«Газета.Ru». «Барои гунаҳгорсозии ФР ягон ваҷҳ нест ва дар ин иртибот мо ягон хел айбдорсозиро қабул надорем», — гуфт сухангӯи Кремл Дмитрий Песков.
«То ба Берлин интиқол додани бемор ташхисҳои сершумор гузаронда, моддаҳои заҳрдоркунандаро ошкор насохтанд. Мо ба муқаррарсозии сабаби ҳодиса манфиатдорем. То кунун аз Берлин ягон маълумот нагирифтаем. Шояд вақтҳои наздик ирсол кунанд», — афзуд Песков.
Қаблан Девони вазирони Олмон хабар дод, ки дар организми Навалний модда аз гурӯҳи «Новичок» ошкор шудааст. Ҳукуматдорони рус дар навбати худ изҳор доштанд, ки то ба Олмон бурдани Алексей Навалний дар организмаш нишоне аз моддаҳои заҳрдор пайдо нашуда буд.


ДАР РОССИЯ ДАР НАВБАТИ АВВАЛ КИРО ЭМ МЕКУНАНД?
«Интерфакс». Ғайр аз табибону муаллимон даставвал полисҳо, даъватшудаҳо ва донишҷӯёнро аз коронавирус эм мекунанд.
Тибқи тавсияи Вазорати тандурустӣ ба гурӯҳҳои афзалиятнок кормандони муассисаҳои тиббӣ, таълимӣ, политсия, нақлиёти ҷамъиятӣ, савдо, мақомоти ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, муассисаҳои хӯроки умумӣ ва дигар ташкилотҳо, ки бо теъдоди зиёди одамон иртиботи бевосита доранд, мансубанд.
Ҳамчунин, аз вируси нав эм кардани муҳассилини макотиби миёна, миёнаи касбӣ ва олӣ дар назар аст.


ЛУКАШЕНКО КИШВАРҲОИ ҒАРБ ВА УКРАИНАРО БА ИДОРАСОЗИИ ЭЪТИРОЗҲО ДАР БЕЛАРУС МУТТАҲАМ НАМУД
БелТА. Президенти Беларус Александр Лукашенко Лаҳистон, Чехия, Литва ва Украинаро ба дахолат ба корҳои дохилии ҷумҳурӣ ва идорасозии намоишҳои эътирозӣ гунаҳгор хонд.
«Дахолат аз Лаҳистон, Чехия, Литва ва Украина ба амал меояд, ки моро басо нигарон мекунад», — гуфт Президент.
9 август дар Беларус интихоботи президентӣ баргузор шуд. Баъди анҷоми он дар қаламрави кишвар намоишҳои оммавии эътирозӣ шурӯъ шуданд, ки то ҳол идома доранд.


ШВЕЙТСАРИЯ ДАР САРХАТИ РЕЙТИНГИ ҶАҲОНИИ ИННОВАТСИЯ ҶОЙ ГИРИФТ
Sputnik. Рейтинги нави "Индекси ҷаҳонии инноватсия-2020" ба тозагӣ аз ҷониби Созмони ҷаҳонии моликияти зеҳнӣ нашр шуд.
Миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ мақоми баландтаринро Қазоқистон ишғол кардааст, ки дар зинаи 77-ум қарор дорад. Ӯзбекистон дар ҷои 93, Қирғизистон дар ҷои 94 мебошад. Тоҷикистон дар зинаи 109 қарор дорад, соле қабл дар мақоми 100 қарор дошт. Россия дар сатри 47-ум сабт шудааст.
Ба панҷгонаи аввали раддабандӣ Швейтсария, Шветсия, ИМА, Британияи Кабир ва Нидерланд шомил шудаанд.
Рейтинги ҷаҳонӣ барои 131 кишвари ҷаҳон аз соли 2007 инҷониб аз рӯйи 80 нишондиҳанда таҳия ва ҷамъбаст мешавад.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 891
12.05.2021


МУЛОҚОТИ СИРОҶИДДИН МУҲРИДДИН БО ВАН И

БОЗДИДИ ДАВЛАТШОҲ ГУЛМАҲМАДЗОДА АЗ МАВЗЕЪҲОИ ОСЕБДИДА

ТОҶИКИСТОН ВА РОССИЯ. ҲАМКОРИҲО ТАҚВИЯТ МЕЁБАНД

АШТ. ЗАРАРИ СЕЛ БАРТАРАФ МЕШАВАД

ИФТИТОҲИ НИМПАЙКАРАИ КАРОМАТУЛЛО ҚУРБОНОВ ДАР КӮЛОБ

АРЗИ СИПОС БАРОИ ҒАЛАБА

11.05.2021


ХАТЛОН. 29 ИШТИРОКДОРИ ҶБВ ЁРИПУЛӢ ГИРИФТ

СОБИҚАДОРОНИ ҶАНГУ МЕҲНАТ. ҒАМХОРӢ БА ОНҲО ДАР МЕҲВАРИ ТАВАҶҶУҲ АСТ

ЛАХШ. ДАСТУРИ РОҲБАРИЯТИ ОЛӢ ДАР АМАЛ

“САДОҚАТ” ДАР ДЕВАШТИЧ ДУ СИНФХОНА СОХТ

07.05.2021


13 МАЙ – РӮЗИ ИДИ САИДИ ФИТР

ИСТАРАВШАН. ЁРИПУЛИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ИШТИРОКЧИЁНИ ҶБВ

СУҒД. ЗАХМИҲОИ ДАРГИРИҲОИ МУСАЛЛАҲОНА ЁРИПУЛӢ ГИРИФТАНД

Ч О Р К Ӯ Ҳ. ОҚИБАТҲОИ МУНОҚИШАИ МАРЗӢ БАРТАРАФ МЕГАРДАНД

06.05.2021


ИСФАРА. КУМАКИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ОИЛАҲОИ ШАХСОНИ ФАВТИДА

ЁРИПУЛИҲО БА СОБИҚАДОРОНИ ҶАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНӢ

ДЕВОНИ ДУШАНБЕ - ТОШКАНД

ТАВОНОИИ НЕРУГОҲИ БАРҚИ ОБИИ “ҚАЙРОҚҚУМ” БА 176 МЕГАВАТТ МЕРАСАД

ИСТИҚЛОЛ. КӮДАКИСТОНИ ЗАМОНАВӢ БУНЁД МЕШАВАД

“ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА”

Изҳороти G7 оид ба тағйирёбии иқлим

Ҷаҳон дар як сатр

ЛИГАИ ОЛӢ

05.05.2021


ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. ТАҚДИМИ КИТОБИ «ТОҶИКОН»

Байден бо Путин вомехӯрад?

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ТЕКБОЛ. ФЕДЕРАТСИЯИ НАВ ДАР ФАЗОИ ВАРЗИШИИ КИШВАР

«МИЛЛАТЕ МЕЗИСТ ДАР РӮИ ЗАМИН»

ИСФАРА.ВОХӮРӢ БО СОКИНОНИ ДЕҲОТИ ВОРУХ, ЧОРКӮҲ ВА ХОҶАИ АЪЛО

ТОҶИКИСТОН ДАР МИЁНИ СММ ВА СҲШ МАСИРИ НАВИ ҲАМКОРӢ КУШОД

ТИБ ВА ДУРНАМОИ РУШДИ СОҲА. НУФУЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДДТТ БОЛО МЕРАВАД

G7 15 МИЛЛИАРД ДОЛЛАРИ ИМА БАРОИ ТАЪЛИМИ ДУХТАРОН ҶУДО МЕНАМОЯД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ЛИГАИ ОЛӢ

САНГВОР. ОМОДАГӢ БА ҶАШНИ МИЛЛӢ ДАР НИГИНИ КӮҲИСТОНИ ТОҶИК


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед