logo

иҷтимоиёт

ТАЪРИХ ГУВОҲ АСТ...

Мардуми шарафманду баландиқболи Тоҷикистон имсол 29 - солагии Истиқлолияти давлатиро дар рӯҳияи баланди идона ҳамчун дастоварди бузурги таърихӣ ҷашн мегирад. Маҳз ҳамин  дастовард мардуми тоҷикро ба ҳам овард. Солҳое, ки ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ давом дошту ба давлати тоҷикон ва истиқлолияти он хатари нобудӣ таҳдид мекард, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон идораи ҳокимияти фалаҷгаштаи Тоҷикистонро ба дасти худ гирифта, бо хиради азалӣ ва шуҷоату далерӣ мардуми парешони тоҷикро сарҷамъ ва ҳамватанони фирориамонро ба Ватан баргардонданд. Зеро ваҳдату ягонагӣ ва сарҷамъии мардумро шарти асосии пойдории миллату давлат медонистанд.

Ҳанӯз, 9 сентябри соли 1999 ба муносибати ҳаштумин солгарди Истиқлолияти давлатӣ ва 1100 - солагии давлати Сомониён Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ иброз доштанд, ки «Таърих баъд аз ҳазор сол моро водор месозад, ки аз таҷрибаи талхи ниёгони худ сабақ гирем, манфиати давлату миллатро аз ҳама боло шуморем, ба қадри давлату давлатдорӣ ва Ватани аҷдодӣ бирасем, кишварро аз парокандагӣ ва миллатро аз нобудшавӣ нигоҳ дорем. Танҳо ваҳдати мардуми  Тоҷикистон, меҳнати ҳалолу бунёдкорона ва дӯстиву ҳамкориҳои судманд бо мамлакатҳои пешқадами  дунё  моро ба ояндаи пурсаодат мерасонад».
Хушбахтона, имрӯз Тоҷикис-тонро беш аз 170 давлати дунё мешиносаду эътироф мекунад ва пешниҳоду иқдом ва ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои муаззами миллатро аз олитарин минбарҳои бонуфузи ҷаҳон мешунаванду мепазиранд.
Имрӯз Тоҷикистони соҳибис-тиқлол соҳиби Конститутсия, Суруди миллӣ, Парчам, Нишон, пули миллӣ, Артиши миллӣ ва аъзои бонуфузтарин ташкилотҳои байналмилалист. Конститутсияи давлати соҳибистиқлол дар бобати фароҳам овардани сулҳи комил ва ризоияти миллӣ дар саросари мамлакатамон низ нақши муҳим бозидааст, зеро дар он тамоми меъёрҳои зиндагии ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ инъикос гардидааст. Сиёсати дар асоси Конститутсия пешгирифтаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукуматро на танҳо кулли мардуми Тоҷикистон, балки созмонҳои бонуфузи байналхалқӣ ва аксари давлатҳои ҷаҳон пуштибонӣ ва дастгирӣ менамоянд. Зеро дар Тоҷикистони соҳибистиқлол барои фаъолияти озодонаи сиёсию иқтисодӣ тамоми заминаву шароит дар доираи қонун муҳайё карда шудааст.
Бояд тазаккур дод, ки ҳалли проблемаҳои ҷавонон дар меҳвари таваҷҷуҳи Сарвари давлат қарор доранд, зеро ҷавонон дар ҷомеаи мо қувваи бузурги пешбарандаи ҷомеа,  ободгари ватани соҳибистиқлол ва номбардори миллат мебошанд.
Ба Конститутсия ворид гардидани тағйиру иловаҳо, ки тариқи раъйпурсии умумихалқӣ доир гардид, аз 35 ба 30 поин фаровардани синни судяҳо ва роҳбарони баъзе аз мақомот дастоварди даврони соҳибистиқлолӣ ва эътимоди бештари Пешвои миллат ба ҷавонони кишвар мебошад. Ғамхориҳои беназир ва эътимоду боварии Президенти маҳбуби кишвар мо - ҷавононро водор месозад, ки чун сипари боэътимоди Ватани азизамон муқаддастарин арзишҳои миллиро аз дилу ҷон ҳифз намоем ва баҳри ободиву шукуфоии Тоҷикистон саҳми муносиби худро гузорем ва номбардори миллат бошем.

Шаҳнозаи АБДУХАЛИЛ,
судяи суди ноҳияи Сино


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 07.09.2020    №: 170    Мутолиа карданд: 140
04.03.2021


ФОРУМИ ҶУМҲУРИЯВӢ ОИД БА БАЛАНД БАРДОШТАНИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚИИ ЗАНОН

ШАҲРИНАВ. ГУЛГАШТИ НАЗДИ МУҶАССАМАИ МИРЗО ТУРСУНЗОДА НАВСОЗӢ МЕШАВАД

КАМОНВАРӢ

Муассисаҳои таълимии олии Россия дарҳояшонро барои донишҷӯёни хориҷӣ боз намуданд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

03.03.2021


Мулоқоти Зулфия Давлатзода бо Мирвайс Ноб

Дар Доғистон хотираи ҳалокшудагони ҷангро гиромӣ медоранд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФУТБОЛ. СИТОРАҲОИ ДУРАХШОНИ ВАРЗИШИ ТОҶИК

ИФТИТОҲИ МАРКАЗИ ДӮСТӢ ВА ҲАМКОРИИ СҲШ ДАР ТОҶИКИСТОН

ҚУЛЛАИ «РАҲИМ МАСОВ» ДАР ИШКОШИМ

ҶОМИ КФО – 2021

Путин ҷиҳати муколама бо ИМА ва дигар кишварҳо омода аст

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

01.03.2021


ВМКБ. ОЗМУНИ «ДАСТАРХОНОРОӢ» ҶАМЪБАСТ ГАРДИД

ФФТ БАРНОМАИ МАХСУСИ ПРЕЗИДЕНТ БАРОИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ДЕҲОТ

«ҚОНУНИ ТИБ» БОЗНАШР ШУД

ТАЪСИСИ КОРХОНАИ ХУРДИ ИЛМӢ - ИСТЕҲСОЛИИ МАВОДИ ДОРУВОР

КОРВОНИ САЛОМАТӢ ДАР ЛАХШ

27.02.2021


Ҷаҳон дар як сатр

Си Ҷинпин изҳор намуд, ки Чин бар бенавоӣ комилан пирӯз гардид

Масъулиятро нисбат ба он мансабдорҳое, ки душаҳрвандӣ доранд, бояд сахттар намуд

ИМА имкони тамдиди ҳузури низомиёнашро дар Афғонистон истисно намекунад

Кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ба таҳияи «шиносномаи эмкунӣ» - и ягона ба мувофиқа расиданд

ТЕННИС ВА НАҚШИ «ҶУМҲУРИЯТ» ДАР ОММАВИЯТИ ВАРЗИШ

25.02.2021


ХАДАМОТИ ГУМРУК. ҚОНУНШИКАНӢ КАМ ВА ПАРДОХТҲОИ ГУМРУКӢ ЗИЁД ШУДАНД

«ТОҶИКОН» ДАР ТОҶИКОБОД

АЗ РАШТ ТО ЛАХШ. АВЛАВИЯТ БА ТАВСЕАИ ЗАМИНҲОИ КИШТ

КИШОВАРЗӢ. 11 КОРХОНАИ ПАРАНДАПАРВАРӢ ТАЪСИС МЕЁБАД

TASHKENT GRAND SLAM 2021. ТОҶИКИСТОНРО КИҲО МУАРРИФӢ МЕКУНАНД?

ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

24.02.2021


ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

23.02.2021


ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ. СУОЛИ "ҶУМҲУРИЯТ" ОШКОР КАРД, КИ ДАР КАДОМ МАҚОМОТ БОНУВОН ҶАЛБ НАМЕШАВАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед