logo

иҷтимоиёт

ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ ШУҒЛИ ДӮСТДОШТАИ БОНУВОНИ КӮҲИСТОНИ МАСТЧОҲ

Занбӯриасалпарварӣ яке аз бахшҳои манфиатовари кишоварзӣ давоми солҳои охир дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ хеле рушд ёфтааст. Дар ин ҷо баробари мардон занон низ ба парвариши занбӯри асал рӯ оварда, бо ин роҳ рӯзгори худро сарбаландона пеш мебаранд.
Низомат Шарифова, як фаъолзани деҳаи Мадрушкати деҳоти Лангари ноҳия, наздики 3 сол аст, ки ҳамроҳи наздикону пайвандонаш  ба парвариши занбӯри асал машғул аст. Вай соли гузашта бо пешниҳоди лоиҳаи рушди занбӯриасалпарварӣ дар кӯҳистон соҳиби гранти раиси вилояти Суғд гардид.
- Дар аввал ду қуттӣ занбӯри асал доштем, ки онро барои эҳтиёҷоти оилаамон истифода мебурдем. Соли рафта бо мақсади рушди занбӯриасалпарварӣ дар ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон ба роҳбарияти вилоят лоиҳаи худро  пешниҳод намудам, ки он аз ҷониби масъулони соҳа баҳои баланд гирифту ман соҳиби 8000 сомонӣ грант гардидам. Бо ин маблағ 15 қуттӣ занбӯри асал харидам,  ки ҳоло теъдодашон ба 35 адад расидааст. Ба ин кор раҳматии падарам машғул буданд. Вақте ки Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2016 зимни сафари корӣ  дар ноҳия доир ба рушди занбӯриасалпарварӣ дастурҳо доданд, ман ҳам ба ин кори хуб рӯ овардам. Дар аввал нозукиҳои корро омӯхтам ва дарёфтам, ки занбӯриасалпарварӣ барои занҳои кӯҳистон метавонад беҳтарин шуғл бошад, зеро кораш сабук ва шавқовар аст. Табиати зебои Кӯҳистони Мастчоҳ, ки тагобу дараҳои он пур аз гулу гиёҳҳои шифобахшанд,  барои рушди занбӯриасалпарварӣ хеле мувофиқ мебошад. Асали ин диёр серхаридор аст, зеро он аз гарди гулу гиёҳҳои шифобахш омода мешавад. Аз шаҳрҳои Душанбею Хуҷанд  омада асали моро мехаранд. Соли гузашта қариб як тонна асал гирифтем. Ҳар килои онро бо нархи  35 сомонӣ фурӯхтем, - гуфт бо қаноатмандӣ Низомат Шарифова.
Ӯ бовар дорад, ки шуғли занбӯриасал-парварӣ барои занон бисёр муносиб аст, зеро харҷи кам дорад ва ҳам кораш сангин нест.  Низомат ният дорад, ки шумораи оилаҳои занбӯри асалашро ба беш аз сад адад расонад ва бренди махсуси худро дар бозорҳои фурӯши асал ташкил кунад. Ӯ ҳоло барои омӯзиши нозукии ин шуғл ва ба ин васила бо ҷои кор таъмин намудани занону духтарони кӯҳистон талош дорад.
Ҷаҳоншер Саидов, мудири бахши рушди иқтисод ва савдои ноҳия, гуфт, ки давоми панҷ соли охир занбӯриасалпарварӣ дар ноҳия рушд карда, истеҳсоли маҳсулоти он беш аз 17 дарсад афзудааст. Теъдоди оилаҳои занбӯри асал ба 4321 адад расида, истеҳсоли маҳсулоти он зиёда аз 41 тоннаро ташкил медиҳад.

Фитрат ҲИКМАТ,
сармуҳаррири рӯзномаи «Паёми кӯҳистон» - и ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 07.09.2020    №: 170    Мутолиа карданд: 169
04.03.2021


ФОРУМИ ҶУМҲУРИЯВӢ ОИД БА БАЛАНД БАРДОШТАНИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚИИ ЗАНОН

ШАҲРИНАВ. ГУЛГАШТИ НАЗДИ МУҶАССАМАИ МИРЗО ТУРСУНЗОДА НАВСОЗӢ МЕШАВАД

КАМОНВАРӢ

Муассисаҳои таълимии олии Россия дарҳояшонро барои донишҷӯёни хориҷӣ боз намуданд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

03.03.2021


Мулоқоти Зулфия Давлатзода бо Мирвайс Ноб

Дар Доғистон хотираи ҳалокшудагони ҷангро гиромӣ медоранд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФУТБОЛ. СИТОРАҲОИ ДУРАХШОНИ ВАРЗИШИ ТОҶИК

ИФТИТОҲИ МАРКАЗИ ДӮСТӢ ВА ҲАМКОРИИ СҲШ ДАР ТОҶИКИСТОН

ҚУЛЛАИ «РАҲИМ МАСОВ» ДАР ИШКОШИМ

ҶОМИ КФО – 2021

Путин ҷиҳати муколама бо ИМА ва дигар кишварҳо омода аст

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

01.03.2021


ВМКБ. ОЗМУНИ «ДАСТАРХОНОРОӢ» ҶАМЪБАСТ ГАРДИД

ФФТ БАРНОМАИ МАХСУСИ ПРЕЗИДЕНТ БАРОИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ДЕҲОТ

«ҚОНУНИ ТИБ» БОЗНАШР ШУД

ТАЪСИСИ КОРХОНАИ ХУРДИ ИЛМӢ - ИСТЕҲСОЛИИ МАВОДИ ДОРУВОР

КОРВОНИ САЛОМАТӢ ДАР ЛАХШ

27.02.2021


Ҷаҳон дар як сатр

Си Ҷинпин изҳор намуд, ки Чин бар бенавоӣ комилан пирӯз гардид

Масъулиятро нисбат ба он мансабдорҳое, ки душаҳрвандӣ доранд, бояд сахттар намуд

ИМА имкони тамдиди ҳузури низомиёнашро дар Афғонистон истисно намекунад

Кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ба таҳияи «шиносномаи эмкунӣ» - и ягона ба мувофиқа расиданд

ТЕННИС ВА НАҚШИ «ҶУМҲУРИЯТ» ДАР ОММАВИЯТИ ВАРЗИШ

25.02.2021


ХАДАМОТИ ГУМРУК. ҚОНУНШИКАНӢ КАМ ВА ПАРДОХТҲОИ ГУМРУКӢ ЗИЁД ШУДАНД

«ТОҶИКОН» ДАР ТОҶИКОБОД

АЗ РАШТ ТО ЛАХШ. АВЛАВИЯТ БА ТАВСЕАИ ЗАМИНҲОИ КИШТ

КИШОВАРЗӢ. 11 КОРХОНАИ ПАРАНДАПАРВАРӢ ТАЪСИС МЕЁБАД

TASHKENT GRAND SLAM 2021. ТОҶИКИСТОНРО КИҲО МУАРРИФӢ МЕКУНАНД?

ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

24.02.2021


ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

23.02.2021


ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ. СУОЛИ "ҶУМҲУРИЯТ" ОШКОР КАРД, КИ ДАР КАДОМ МАҚОМОТ БОНУВОН ҶАЛБ НАМЕШАВАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед