logo

Хабарҳо

СҲШ, ИДМ ВА СААД БОРИ АВВАЛ АЛАЙҲИ ТЕРРОРИЗМ МАШҚҲОИ МУШТАРАК МЕГУЗАРОНАНД

Sputnik. «Сарони вазоратҳои мудофиаи Созмони ҳамкории Шанхай, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Соз-мони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ доир ба тавсеаи ҳамкорӣ дар мубориза бо терроризм ба мувофиқа расиданд», - гуфт вазири мудофиаи ФР Сергей Шойгу.
«Нахустин машқҳои муштарак дар доираи тамрини стратегии «Қафқоз - 2020» охири моҳи сентябр сурат мегирад», - тазаккур дод Шойгу пас аз ҷаласаи вазирони мудофиаи ин ниҳодҳо.
Ба гуфтаи вазир, дар эъломияи муштарак сарони вазоратҳо мубориза бо терроризм ва экстремизмро самти афзал хонданд.

ДАР БАНГЛАДЕШ АЗ ТАРКИШ ДАР МАСҶИД 21 НАФАР ҶОН БОХТ
Dhaka Tribune. Бар асари ин ҳодисаи марговар, ки дар яке аз масоҷиди пойтахти мамлакат рӯй дод, як кӯдак низ ҳалок гашт.
Мавриди тазаккур аст, ки қаблан расонаҳо аз марги 12 нафар ва захмӣ шудани 50 нафар иттилоъ дода буданд.
Ёдрас мешавем, ки шоми 4 сентябр дар ноҳияи бандарии Нараянганҷ  хориҷшавии газ аз лӯлаи зери масҷид боиси таркиш гашт.


ОЗАРБОЙҶОН КАРАНТИНРО САБУКТАР МЕСОЗАД
REGNUM. Ситоди оперативии назди Девони вазирони кишвар доир ба сабук намудани низоми карантин тасмим гирифт.
Тибқи он, аз 8 сентябр ба қаҳвахонаю тарабхонаҳо иҷозати дар дохили бино ба мизоҷон хизмат расондан дода мешавад. Қарори мазкур Боку, Сумгаит ва Апшеронро фаро мегирад. Муассисаҳои хӯроки умумӣ метавонанд то нисфи шаб кор кунанд.
Ҳамчунин,  маҳдудияти даро - баро ба навоҳии мамлакат лағв мегардад. Ин равуо бо автомобили шахсӣ ё таксӣ иҷозат аст. Ҳаракати нақлиёти мусофирбар байни шаҳру навоҳӣ ҳамоно манъ аст. Аз 8 сентябр дар ҷойҳои ҷамъиятӣ то 10 нафар гирд омадани одамон иҷозат дода мешавад.


ОЛИМОН ХУШБАХТТАРИН СИННИ ОДАМРО МУАЙЯН НАМУДАНД
Gazeta.ru. Олимони коллеҷи Дартмут ва бюрои миллии тадқиқоти иқтисодии ИМА муайян намуданд, ки  18 - 20 - солагӣ хушбахттарин айёми ҳаёти инсон аст.
Муҳаққиқон одамони синну соли гуногуни 132 кишварро пурсидаанд, ки сатҳи қаноатмандии худ аз ҳаётро иброз доранд. Маълум гашт, ки баъдан вазъият бадтар гашта, дар синни 47 - 48 ба авҷи худ мерасад. Зимнан, дар кишварҳои пешрафта ин буҳрон дар 47 - солагӣ, дар давлатҳои рушдкунанда дар 48 - солагӣ, дар Россия, Чин ва Мексика бошад, дар 43 - солагӣ рӯй медиҳад.
Ин ҳолат то синни 60 идома ёфта, баъдан рӯ ба беҳбудӣ мениҳад ва дар 70 - солагӣ одамонро аз нав эҳсоси хушбахтӣ фаро мегирад. Ба фикри олимон, ин эҳсос аз омилҳои беруна вобаста набуда, натиҷаи равандҳои биокимиёӣ дар организм ва сатҳи ҳормонҳо маҳсуб меёбад.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 820
12.05.2021


МУЛОҚОТИ СИРОҶИДДИН МУҲРИДДИН БО ВАН И

БОЗДИДИ ДАВЛАТШОҲ ГУЛМАҲМАДЗОДА АЗ МАВЗЕЪҲОИ ОСЕБДИДА

ТОҶИКИСТОН ВА РОССИЯ. ҲАМКОРИҲО ТАҚВИЯТ МЕЁБАНД

АШТ. ЗАРАРИ СЕЛ БАРТАРАФ МЕШАВАД

ИФТИТОҲИ НИМПАЙКАРАИ КАРОМАТУЛЛО ҚУРБОНОВ ДАР КӮЛОБ

АРЗИ СИПОС БАРОИ ҒАЛАБА

11.05.2021


ХАТЛОН. 29 ИШТИРОКДОРИ ҶБВ ЁРИПУЛӢ ГИРИФТ

СОБИҚАДОРОНИ ҶАНГУ МЕҲНАТ. ҒАМХОРӢ БА ОНҲО ДАР МЕҲВАРИ ТАВАҶҶУҲ АСТ

ЛАХШ. ДАСТУРИ РОҲБАРИЯТИ ОЛӢ ДАР АМАЛ

“САДОҚАТ” ДАР ДЕВАШТИЧ ДУ СИНФХОНА СОХТ

07.05.2021


13 МАЙ – РӮЗИ ИДИ САИДИ ФИТР

ИСТАРАВШАН. ЁРИПУЛИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ИШТИРОКЧИЁНИ ҶБВ

СУҒД. ЗАХМИҲОИ ДАРГИРИҲОИ МУСАЛЛАҲОНА ЁРИПУЛӢ ГИРИФТАНД

Ч О Р К Ӯ Ҳ. ОҚИБАТҲОИ МУНОҚИШАИ МАРЗӢ БАРТАРАФ МЕГАРДАНД

06.05.2021


ИСФАРА. КУМАКИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ОИЛАҲОИ ШАХСОНИ ФАВТИДА

ЁРИПУЛИҲО БА СОБИҚАДОРОНИ ҶАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНӢ

ДЕВОНИ ДУШАНБЕ - ТОШКАНД

ТАВОНОИИ НЕРУГОҲИ БАРҚИ ОБИИ “ҚАЙРОҚҚУМ” БА 176 МЕГАВАТТ МЕРАСАД

ИСТИҚЛОЛ. КӮДАКИСТОНИ ЗАМОНАВӢ БУНЁД МЕШАВАД

“ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА”

Изҳороти G7 оид ба тағйирёбии иқлим

Ҷаҳон дар як сатр

ЛИГАИ ОЛӢ

05.05.2021


ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. ТАҚДИМИ КИТОБИ «ТОҶИКОН»

Байден бо Путин вомехӯрад?

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ТЕКБОЛ. ФЕДЕРАТСИЯИ НАВ ДАР ФАЗОИ ВАРЗИШИИ КИШВАР

«МИЛЛАТЕ МЕЗИСТ ДАР РӮИ ЗАМИН»

ИСФАРА.ВОХӮРӢ БО СОКИНОНИ ДЕҲОТИ ВОРУХ, ЧОРКӮҲ ВА ХОҶАИ АЪЛО

ТОҶИКИСТОН ДАР МИЁНИ СММ ВА СҲШ МАСИРИ НАВИ ҲАМКОРӢ КУШОД

ТИБ ВА ДУРНАМОИ РУШДИ СОҲА. НУФУЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДДТТ БОЛО МЕРАВАД

G7 15 МИЛЛИАРД ДОЛЛАРИ ИМА БАРОИ ТАЪЛИМИ ДУХТАРОН ҶУДО МЕНАМОЯД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ЛИГАИ ОЛӢ

САНГВОР. ОМОДАГӢ БА ҶАШНИ МИЛЛӢ ДАР НИГИНИ КӮҲИСТОНИ ТОҶИК


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед