иҷтимоиёт
ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА МОҲИЯТИ ОН
Гузаштаи таърихии миллати мо борҳо нишон додааст, ки халқи тоҷикро доим хатари парокандашавию нобудӣ домангир буд. Аммо дар ҳамаи ин марҳилаҳои ҳассосу ҷонгудоз миллати мо, бо хиради азалии хеш ва бо фарзандони далеру шуҷои худ, тавонист аз худу ҳувияти миллии худ дифоъ намояд.
Яке аз марҳилаҳои хеле ҳассосу нозук ва тақдирсози миллати мо – ин солҳои 90-уми асри сипаришуда мебошад. Бо таназзул ёфтани Иттиҳоди Шӯравӣ, ҷумҳуриҳои он, аз ҷумла Тоҷикистон истиқлолияти хешро ба даст овард.
Хиради азалии ин миллат буд, ки дар пайроҳаҳои пурпечутоби таърих аз худу ҳувияти хеш дифоъ намуда, тавонист рушд ёбаду давлат бисозад. Сомониён нахустин давлати марказондашудаи тоҷикон ба ҳисоб меравад. Аммо шаҳомати оламшумули он ба таъқиби бадхоҳон гирифтор шуду оқибат аз байн рафт. Ҳарчанд давлати Сомониён суқут карда бошад ҳам, аммо пояи хираду маърифат побарҷо монд ва минбаъд тоҷикон низ парчамбардори фарҳангу маърифати минтақа ба ҳисоб мерафтанд.
Орзуи давлатдорӣ, ҳифзи нангу номуси миллӣ, суннатҳои устувори расидан ба истиқлолият – ҳамин буд мундариҷаи асосии фарҳанги мо тайи ҳазор соли охир. Аз ин сабаб, агар ҳар касе имрӯз дар ин андеша бошад, ки истиқлолияти давлатии Тоҷикистон гӯё туҳфаи ногаҳонии тақдир аст, комилан иштибоҳ мекунад. Зеро ҷоннисориҳои фарзандони ғаюри тоҷикон ба мисли Куруши Кабир, Ардашери Бобакон, Деваштич, Абумуслими Хуросонӣ, Исмоили Сомонӣ, Темурмалик, Маҳмуди Торобӣ, Мавлонзодаи Самарқандӣ, Восеъ, устод Айнӣ, Нусратулло Махсум, Шириншоҳ Шоҳтемур, Абдуқодир Муҳиддинов ва садҳо нафарони дигар, аслан, барои ҳамин истиқлолият ва ваҳдати миллӣ буд. Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд мекунанд: «Агар мо раванди зуҳур ва таърихи ташаккули истиқлоли миллатамонро амиқан баррасӣ намоем, равшан хоҳем дид, ки роҳ ба сӯи истиқлолият душвору тӯлонӣ, пур аз шебу фароз ва саршор аз муборизаву иштибоҳот ва равандҳои ихтилофомезу зиддиятнок будааст. Вале дар ниҳоди миллати мо омилҳои бунёдии эҳёи тадриҷии истиқлолият ҳамеша вуҷуд дошт, ки асолату ҳувияти устувор ва амалан шикастнопазири таърихӣ, суннатҳои беш аз сеҳазорсолаи давлатдорӣ, арзишҳои бузургу созандаи иҷтимоӣ, фарҳангу маънавиёти ғанӣ ва ғайра дар асл шоҳсутунҳои ҳаёти фаъол ва таърихии миллати мо буданд».
Бо дарназардошти таҷрибаи таърихӣ ва авзои сиёсии дунёи муосир дар вазъияти кунунӣ мо бояд бештар ба қадру манзалати чунин неъматҳо, ба монанди истиқлолият, ваҳдат, сулҳ, саодатмандӣ, бирасем.
Истиқлолияту озодӣ ба андешаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон неъмат ва ҳадяи бебаҳои таърих барои миллати мо мебошад. Пешвои миллат дар асари худ «Тоҷикон дар оинаи таърих» ба ин мавзӯъ дахл намуда, аз ҷумла чунин менависанд: «Озодӣ ва истиқлолият дар ҳар давру замон неъмати бебаҳо ва волои ҳаёти инсон, нишонаи барҷастаи симо ва ташаккули таърихӣ, кафили пешрафт, рамзи асолату ҳувият ва шарти бақои миллат ва пойдории давлат мебошанд. Гузашта аз ин, истиқлолият мазҳари идеалу ормонҳои таърихӣ, шиносномаи байналмилалӣ, замонати ҳастии воқеӣ ва шарофату эътибори ҷаҳонии миллат аст».
Худи истилоҳи «тоҷик» низ, ки номи этникии халқи моро ифода мекунад, ба маънои савлату давлатдор фаҳмида мешавад. Мазмунан, ин истилоҳ ба маънои истиқлолияту истиқлолхоҳӣ ҳамреша мебошад. Аз ин бармеояд, ки мо таърихан миллати истиқлолиятдӯст буда мазмуну мундариҷаи он яке аз ҳадафҳои таърихии мо будааст. Асорату бандагӣ ҳамчун калимаҳои зидмаъно дар муқобили истиқлолият фаҳмида мешавад дар фарҳанги мо мазаммат шудааст.
Яке аз мутафаккирони барҷастаи Шарқ Ибни Халдун дар асари худ «Муқаддима» озодию истиқлолиятро тавзеҳ дода, вазъи равонию иҷтимоии миллати дар асорат афтодаро хеле хуб тасвир кардааст. Ӯ дар фасли 24 - уми асари хеш зери сарлавҳаи «Ҳар гоҳ миллате мағлуб гардад ва дар тасаллути дигарон воқеъ шавад (яъне истиқлолият ва соҳибихтиёриро аз даст диҳад) босуръат рӯ ба нестӣ ва инқироз хоҳад рафт» менависад: «Ҳар гоҳ кохи фармонравоии миллате вожгун гардад ва ба сарнавишти бандагӣ дучор шавад ва ҳамчун абзори бегонагон қарор гиранд ва ба онон мутаккӣ шаванд, он гоҳ орзуи онон кӯтоҳ шавад ва ормонҳо норасида...».
Ибни Халдун дар ин матн ҳолатеро, ки дар натиҷаи ба асорат афтодани як миллат ва аз даст додани истиқлолият бар ӯ рӯй медиҳад тасвир ва баён кардааст. Ин ҳамон ҳолати навмедӣ ва аз байн рафтани орзуст, ки натиҷаи ноилоҷӣ, бечорагӣ ва таҳқир аст ва афроди миллатро аз таассуби шахсиятсоз, ҳамон ору номус, ифтихору нишот, ҳаракату кӯшиш бозмедорад. Дар ин маврид Муҳаммад Иқбол чунин фармудааст:
Уммате к-аз орзу неше нахӯрд,
Нақши ӯро фитрат аз гетӣ сутуд.
Аз ин рӯ, мавҷудияти истиқлолияти сиёсӣ барои ҳар як халқу миллат заминаи рушди боэътимоди давлатдории он мебошад. Ба даст овардани истиқлолияти Тоҷикистон ва тариқи сулҳу ваҳдат таҳким бахшидани он барои рушди ҳама соҳаҳои хоҷагии халқ заминаи мусоид фароҳам овард.
М. МАДАТЗОДА
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 08.09.2020 №: 171 Мутолиа карданд: 250