logo

иҷтимоиёт

БАҚОИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ

Барои ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ вожаҳои истиқлолият, соҳибихтиёрӣ, сулҳу амният, тинҷиву осудагӣ, озодиву мустақилият ва амсоли инҳо хеле азизу муқаддасанд, ки ҳамагӣ бо Истиқлолияти давлатӣ бастагии зич доранд. Шукри Эзид, ки назари раҳмат бар миллати тоҷик андохта, неъмати бузурги соҳибистиқлолиро насиби мо гардонд.
 
Аммо ин мустақилиятро рақибони давлату бадхоҳони миллати мо таҳаммул карда натавонистанд ва ҳамин буд, ки бо ҳар роҳу восита, аз ҳолати ноустувори сиёсӣ, ки пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ дар ҳудуди кишвар ба амал омада буд, истифода бурда, кишварро ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ кашиданд.
Дар чунин вазъияти мураккаб, ки пойдорию бақои Тоҷикистон ҳамчун кишвари мустақил зери суол рафта, онро хатари тақсим шудан таҳдид мекард ва миллати дар масири таърих ҷафодидаи тоҷикро хавфи парокандагӣ думболагир буд, ҳеҷ касе ёрои роҳбаладии мардуми раҳгумкарда ва аз пайраҳаи мақсуд берунбаромадаро надошт ва ҷуръати ба даст гирифтани зимоми давлатдориро намекард. Мардуми саргаштаи тоҷик интизори роҳбари ҷонфидое буданд, ки тавонад ҷон ба каф ниҳода, миллати худро аз вартаи ҳалокат бадар оварад ва давлатро аз  нобудӣ нигаҳ дорад.
Дар чунин шароити ниҳоят ҳассос ва ҳалкунанда шаҳрвандони Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро ба ҳайси Роҳбари давлат интихоб намуданд ва масъулияти бузурги таърихии ин миллатро ба дӯшаш вогузоштанд. Тавре ки гузашти рӯзгору айём нишон медиҳад дар чунин интихоб ба саҳву хатое роҳ надодаанд, зеро ормонҳои неки дар сина нуҳуфтаи худро бо роҳбарии Пешвои худ бароварда карда тавонистанд. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали ба ин маснади олӣ интихоб шуданаш роҳи барқарор намудани сулҳу ваҳдат ва эъмори давлати ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва демократиро интихоб намуда, инкишофи минбаъдаи Тоҷикистонро танҳо бо ҳамин роҳ тасаввур мекард. Маҳз чунин азму ирода буд, ки ба мардуми шарифи Тоҷикистон арз дошт: «ман оғози кори худро аз сулҳ сар хоҳам кард… Ман тарафдори давлати демократии ҳуқуқбунёд мебошам. Мо бояд ҳама ёру бародар бошем, то ки вазъро ором намоем. Мо давлатамонро обод мекунем ва соҳибӣ мекунем…».
Бо туфайли ҷаҳду талошҳои пайваста Тоҷикистон дар муддати начандон зиёде аз буҳрони сиёсии солҳои аввали соҳибистиқлолӣ ва доми найранги таҳмилгарони аҷнабӣ берун баромада, дар масири созандагӣ гомҳои устувор гузошт.
Масъалаи мазкур ба таври қонунӣ дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 ноябри соли 1994 мустаҳкам шуд, ки баробари қабул гардидани он роҳи нави инкишофашро интихоб намуд. Аз Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол марҳилаи гузариш аз ҷомеаи сотсиалистӣ ба ҷомеаи шаҳрвандӣ ва аз давлати шӯравӣ ба давлати ҳуқуқбунёд оғоз гардид.
Халқи Тоҷикистон дар назди худ мақсади бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ, давлати ҳуқуқбунёд, ривоҷи ҳаёти хусусӣ ва фаъолияти озоди иқтисодиро гузошт.
Ба василаи бунёди ҷомеаи ҳуқуқбунёд ба иттиҳод овардани мардуми кишвар дар заминаи умумияти манфиатҳо воситаи ягонаи раҳоӣ бахшидани кишвар аз вартаи ҳалокат буд, ки натиҷаҳои он на фақат барои Тоҷикистон, балки барои тамоми минтақа ибратомӯзанд ва дар навъи худ мислу монанд надоранд.
Такя ба ҳуқуқу қонунгузорие, ки аз анъанаву таомул ва тафаккуру шуури миллӣ реша мегирад, ба Ҷумҳурии Тоҷикистон имкон дод, ки дар муддати кӯтоҳи таърихӣ ба як давлате табдил ёбад, ки аз лиҳози ҳама ҷанбаҳои ҳаёти сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ, аз ҷумла эътирофи ҳуқуқу озодиҳои фитрӣ, озодии моликияти хусусӣ, низоми бисёрҳизбӣ ва гуногунандешии сиёсиву мафкуравӣ, худшиносиву ташаббускорӣ ва ислоҳоти батадриҷи ҳуқуқӣ намунаи олии кишварҳои дигари минтақа ва ҷаҳон гардад.

Нигина РАҲМОН, «Ҷумҳурият»
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 08.09.2020    №: 171    Мутолиа карданд: 259
04.03.2021


ФОРУМИ ҶУМҲУРИЯВӢ ОИД БА БАЛАНД БАРДОШТАНИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚИИ ЗАНОН

ШАҲРИНАВ. ГУЛГАШТИ НАЗДИ МУҶАССАМАИ МИРЗО ТУРСУНЗОДА НАВСОЗӢ МЕШАВАД

КАМОНВАРӢ

Муассисаҳои таълимии олии Россия дарҳояшонро барои донишҷӯёни хориҷӣ боз намуданд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

03.03.2021


Мулоқоти Зулфия Давлатзода бо Мирвайс Ноб

Дар Доғистон хотираи ҳалокшудагони ҷангро гиромӣ медоранд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФУТБОЛ. СИТОРАҲОИ ДУРАХШОНИ ВАРЗИШИ ТОҶИК

ИФТИТОҲИ МАРКАЗИ ДӮСТӢ ВА ҲАМКОРИИ СҲШ ДАР ТОҶИКИСТОН

ҚУЛЛАИ «РАҲИМ МАСОВ» ДАР ИШКОШИМ

ҶОМИ КФО – 2021

Путин ҷиҳати муколама бо ИМА ва дигар кишварҳо омода аст

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

01.03.2021


ВМКБ. ОЗМУНИ «ДАСТАРХОНОРОӢ» ҶАМЪБАСТ ГАРДИД

ФФТ БАРНОМАИ МАХСУСИ ПРЕЗИДЕНТ БАРОИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ДЕҲОТ

«ҚОНУНИ ТИБ» БОЗНАШР ШУД

ТАЪСИСИ КОРХОНАИ ХУРДИ ИЛМӢ - ИСТЕҲСОЛИИ МАВОДИ ДОРУВОР

КОРВОНИ САЛОМАТӢ ДАР ЛАХШ

27.02.2021


Ҷаҳон дар як сатр

Си Ҷинпин изҳор намуд, ки Чин бар бенавоӣ комилан пирӯз гардид

Масъулиятро нисбат ба он мансабдорҳое, ки душаҳрвандӣ доранд, бояд сахттар намуд

ИМА имкони тамдиди ҳузури низомиёнашро дар Афғонистон истисно намекунад

Кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ба таҳияи «шиносномаи эмкунӣ» - и ягона ба мувофиқа расиданд

ТЕННИС ВА НАҚШИ «ҶУМҲУРИЯТ» ДАР ОММАВИЯТИ ВАРЗИШ

25.02.2021


ХАДАМОТИ ГУМРУК. ҚОНУНШИКАНӢ КАМ ВА ПАРДОХТҲОИ ГУМРУКӢ ЗИЁД ШУДАНД

«ТОҶИКОН» ДАР ТОҶИКОБОД

АЗ РАШТ ТО ЛАХШ. АВЛАВИЯТ БА ТАВСЕАИ ЗАМИНҲОИ КИШТ

КИШОВАРЗӢ. 11 КОРХОНАИ ПАРАНДАПАРВАРӢ ТАЪСИС МЕЁБАД

TASHKENT GRAND SLAM 2021. ТОҶИКИСТОНРО КИҲО МУАРРИФӢ МЕКУНАНД?

ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

24.02.2021


ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

23.02.2021


ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ. СУОЛИ "ҶУМҲУРИЯТ" ОШКОР КАРД, КИ ДАР КАДОМ МАҚОМОТ БОНУВОН ҶАЛБ НАМЕШАВАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед