logo

сиёсат

ИСТИҚЛОЛИЯТ МЕВАИ БОҒИ МУРОДИ МИЛЛАТ

Истиқлолият барои давлати ҷавони мо шаҳодатнома аст. Шаҳодатномаи ҳастӣ. Ҳастии миллат дар умум ва ҳастии ҳар  фарди ҷомеаи Тоҷикистон дар алоҳидагӣ. Истиқлолият ҳамчун рамзи озодию ягонагӣ мустақилият ва ба дасти худ гирифтани сарнавишт мебошад. Он барои мо рамзи ватандорӣ, бузургтарин неъмати давлатсозию давлатдории мустақил, кору пайкорҳои созанда, азму талошҳои фидокоронаи расидан ба ваҳдату осоиштагӣ мебошад.
Истиқлолият имкон фароҳам овард, ки кишвари моро дар арсаи байналмилалӣ эътироф кунанд. Бо давлати мо дар самту соҳаҳои гуногун, аз ҷумла иқтисодиёту фарҳанг, сиёсату иҷтимоиёт, ҳамкориҳоро ба роҳ монанд.
Дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ, ҳарчанд мушкилоту монеаҳо кам набуданд, бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳкурсии давлати соҳибихтиёр бунёд ва ба корҳои азими созандагӣ асос гузошта шуд.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ибтидои солҳои соҳибистиқлолӣ назди худ се ҳадафи муҳими стратегӣ гузошта буд, ки зина ба зина барои расидан ба онҳо пеш рафт. Инҳо баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва расидан ба истиқлолияти энергетикӣ мебошанд. Хушбахтона, дар солҳои соҳибистиқлолӣ Ҳукумати мамлакат барои таъмини рафтуомади мардуми шарифи Тоҷикистон ба ҳама минтақаҳои кишвар корҳои зиёдеро ба сомон расонд. Хусусан, дар ин давра роҳсозӣ яке аз иқдомҳои наҷиби роҳбарияти олии кишвар буд, ки тавонист мамлакатро аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳо бахшад. На танҳо роҳҳои дохилӣ, балки роҳҳои сатҳи байналмилаливу минтақавӣ низ сохта шуданд. Бунёд ва мавриди истифода қарор гирифтани пулу гузаргоҳҳо аз самти Тоҷикистон ба давлати ҳамсоя – Ҷумҳурии Исломии Афғонистон аз ҷумлаи дастовардҳои соҳаи роҳсозии даврони истиқлолият мебошад.
Илова бар ин, тайи солҳои соҳибистиқлолӣ дар ҳудуди кишвар беш аз 2000 километр роҳҳои автомобилӣ, 5 нақби нақлиётӣ, 3 нақби қаторагузар, 173 километр роҳҳои оҳан бунёд шудаанд. Инчунин, дар ду соли охир дар пойтахти мамлакат роҳҳои сесатҳа бунёд ёфтанд, ки яке дар маҳаллаи 82 ва дигаре дар Маркази миллии тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Шифобахш" маъруф ба Қарияи Боло  тӯл кашидаанд. Ҳарду ҳам иншооти муҳими ҷашнӣ маҳсуб шуда, дар фазои тантанавӣ бо иштироки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истифода дода шуд ва туҳфаи хубе ба сокинон ба Ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатӣ мебошад.
Таъмини амнияти озуқаворӣ низ ҳадафҳое буд, ки Ҳукумати мамлакат дар назди худ гузошта, тадриҷан ба он ноил гардид. Дигар барои мардум азоби бенонӣ, гуруснагиву тангдастӣ афсонаро мемонад. Шукр, ки баробари амнияту осоиштагӣ фаровонии молу маҳсулот низ муҳайё гардид.
Расидан ба истиқлолияти энергетикӣ ҳадафи дигари Ҳукумати мамлакат дар даврони соҳибистиқлолӣ буд, ки мардуми шарифи Тоҷикистон ба он ноил гардид. Бунёди обанборҳои хурду бузург, бо шумули ду агрегати аввали НБО «Роғун» далели расидан ба истиқлолияти энергетикист. Истиқлолияти энергетикӣ бошад, дар баробари ҳадафи стратегии мамлакат будан, инчунин, рушди иқтисодиёт, зиндагии осоишта, ташаккулу мавҷудияти инфрасохтори зарурӣ дар ҳама самту соҳа ба шумор меравад. Ҳадафи чоруми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон саноатикунонии босуръати кишвар мебошад, ки умед дорем дар чанд соли дигар ба ин мақсади олӣ низ ноил мегардем. Барои расидан ба саноати пешрафта, албатта, кадрҳои соҳибтахассус, бомаърифат ва ватандӯсту донишманд лозим аст. Ончунон ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шудаанд, танҳо мутахассисони лаёқатманду бомаърифат қодиранд, ки вазъи иқтисодии давлатро беҳтар гардонда, рушди саноатро боло баранд. Бовар дорем, ки дар фазои Истиқлолияти давлатӣ, осоиштагиву ҳамдилӣ давоми солҳои оянда ба ин ҳадафи олӣ низ мушарраф мегардем ва Тоҷикистони азиз ба як кишвари пешрафта табдил меёбад.
Соли  оянда  мардуми  шарифи Тоҷикистон 30-солагии Истиқлолияти давлатиро таҷлил хоҳанд кард. Ба ин муносибат, иншооти гуногун - муассисаҳои таълимӣ, корхонаҳои хурду бузург,  роҳҳо, нақбу пулҳо сохтаву мавриди истифода қарор гирифта истодаанд, ки моро боз ҳам хушҳол мегардонанд. Дар баробари ин, вазифаи ҳар яки мо аз он иборат аст, ки Истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро ҳифз карда, барои боз ҳам рушду равнақи кишвар ҳиссагузор бошем.

Нигина РАҲМОН, «Ҷумҳурият»

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.09.2020    №: 172    Мутолиа карданд: 303
23.04.2021


Ҳамкорӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ матраҳ шуд

ҲИНДУСТОН. РЕКОРДИ НАВИ СИРОЯТЁБӢ БА ПАНДЕМИЯИ КОРОНАВИРУС

Ҷаҳон дар як сатр

22.04.2021


ХИЗМАТИ ҲАРБӢ. ДАР БИСТ РӮЗ 82 ДАРСАДИ НАҚША ИҶРО ШУД

ВАЗЪИ БОЗОРИ ДОХИЛИИ АСЪОР

РОҒУН. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

2020. Пешгирии 44 амали террористӣ дар Россия

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДЗЮДО

Навиди фарҳанг

ДАР ХУҶАНД МАКТАБИ ОКСФОРД БУНЁД МЕШАВАД

“МИРЗО ТУРСУНЗОДА ВА ҲИНДУСТОН”

21.04.2021


ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИҲОИ БАЙНИПАРЛУМОНӢ ТАЪКИД ГАРДИД

20.04.2021


САФАРИ КОРИИ МИШЕЛ ТАРРАН БА ШАҲРИ КӮЛОБ

ЛИГАИ ОЛӢ

Конфронси Истанбул – шонси таърихӣ барои Афғонистон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

19.04.2021


МАШВАРАТИ ГУРӮҲИ КИШВАРҲОИ ВИШЕГРАД ВА ОСИЁИ МАРКАЗӢ

АҶАБ ШАҲРИ ДИЛОРОӢ, ДУШАНБЕ. РӮЗИ ПОЙТАХТ ХОТИРМОН ГУЗАШТ

Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи илми тоҷик

«ДУШАНБЕ - ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОН»

САҲМИ АЙНӢ ДАР РУШДИ ИЛМУ ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ

МАРД БОЯД ТАНДУРУСТ БОШАД

ҲАРАКАТИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ВА ЭҲЁИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТОҶИКОБОД

9 ИНШООТИ ТАЪРИХИВУ ФАРҲАНГӢ БА ФЕҲРИСТИ ПЕШАКИИ ЮНЕСКО ШОМИЛ ШУД

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО

Даъвати Байден аз Путин

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

15.04.2021


ВМКБ. ВОХӮРӢ БО НАМОЯНДАГОНИ МАРКАЗИ ИЛМӢ-ФАРҲАНГИИ РОССИЯ

ВАО: РАИСИ ҶМЧ БА ИШТИРОК ДАР САММИТ ОИД БА ИҚЛИМ МАЙЛ ДОРАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

НАВБАҲОР ГУЛ МЕКУНАД

НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ. ҲАВАСМАНДГАРДОНИИ ХИЗМАТЧИЁНИ ҲАРБӢ ДАР МАДДИ АВВАЛ

“ПАРВИН”. БЕҲТАРИНҲО ҚАДР ШУДАНД

14.04.2021


ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ "САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА"


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед