logo

иҷтимоиёт

ДАРВОЗ. ФАРДО АЗ ИМРӮЗ ҲАМ ОБОДТАР МЕШАВАД

Дар айёме, ки мақому манзалати   кишвари биҳиштосоямон Тоҷикистони азиз тавассути  ташаббусҳо ва иқдомҳои  созанда ва бунёдкоронаву  шоистаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арсаи байналмилалӣ чун кӯҳҳои Помир  баланд гаштааст, дар дарвозаи ғарбии  Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон - ноҳияи Дарвоз низ  амалҳои бунёдкорӣ ва созандагии зиёде ба ҷо оварда мешаванд. Арзанда ба ёдоварист, ки аз нахустин солҳои истиқлолияти  кишвар сар карда, ободкориву бунёдгарӣ ва созандагӣ дар Дарвоз  раҳандозӣ  шуданд. Дар ин давра,  пеш аз ҳама, дар роҳи   пиёда намудани чор ҳадафи стратегӣ - аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳоӣ бахшидан,  ба истиқлолияти энергетикӣ расидан, таъмини амнияти  озуқаворӣ ва саноатикунонии босуръати мамлакат гомҳои устувор гузошта шуданд.
Аҳли башар  хуб дарк менамоянд, ки яке аз шоистатарин  дастоварди даврони истиқлолият  он аст, ки Асосгузори  сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат,  Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Тоҷикистон ва мардуми он сулҳ оварданд.
Воқеаи нодиртарин дар ҷаҳони муосир он мебошад, ки бо раҳнамоии Пешвои миллат дар фосилаи кӯтоҳтарин сарзамини мо  рӯй ба ободӣ  ва шукуфоӣ овард. Дар ин давра  даҳҳо корхонаи саноатӣ, роҳу пулҳо, иншооти энергетикӣ ва садҳо манзилҳои истиқоматии ҳозиразамон   сохта шуданд. Сохтмони  шоҳроҳи  байналмилалӣ Душанбе - Кӯлоб - Дарвоз - Хоруғ  - Мурғоб - Қулма, бунёди неругоҳҳои барқи обии «Ширг - 1» ва «Ширг - 2» дар  рӯдхонаи Хумбов   нишонаҳои пурифтихори     истиқлолияти кишвар  мебошад.
Тибқи иттилои узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси ноҳияи Дарвоз Саидбурҳон Абдураҳмонзода  даҳҳо корхона ва марказҳои хизматрасонӣ, муассисаҳои соҳаҳои маориф, фарҳангу тандурустӣ ва манзилҳои истиқоматӣ сохта шуданд, инфрасохтори ноҳия ба куллӣ дигаргун гашт.  Алалхусус, маркази ноҳия, шаҳраки Қалъаихумб  ба таври шинохтанашаванда симояшро  дигар кардааст. Майдони Парчами давлатӣ, Қасри фарҳанги ба номи Акашариф Ҷӯраев, меҳмонхонаи «Карон-плаза», корхонаҳои коркарди сангҳои қиматбаҳо ва дӯзандагии «Меҳри модар», истироҳатгоҳи «Чорчаман»-и мавзеи Паткуноб, биноҳои баландошёнаи  мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия, шуъбаи маориф, маркази савдо, таҷдиду навсозӣ, чароғону мумфарш гаштани  роҳу кӯчаҳо   аз амалҳои ободонӣ ва бунёдкориҳо дар даврони  соҳибистиқлолӣ мебошанд.  
Имрӯзҳо дар доираи сазовор истиқбол гирифтани  Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар ноҳия  бештар аз 80 иншооти  саноатӣ ва иҷтимоӣ бунёд мегардад. Аз ҷумла,  оғоз гардидани  сохтмони қитъаи  роҳи 26 - километраи Шкев - Қалъаихумб ва корхонаи  коркарди  санги мармари сафед дар мавзеи Вишхарв, бинои амфитеатр дар маҳаллаи Даштак ва  маркази  фароғатии «Вомар Лэнд»  баёнгари ин гуфтаҳост.

Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА, «Ҷумҳурият»,
Сироншоҳи ДИЛОВАР, рӯзноманигор


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 14.09.2020    №: 174 - 175    Мутолиа карданд: 75
17.09.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ COVID – 19 БОЗ 45 БЕМОР ШИФО ЁФТ

РОҒУН БА ИНТИХОБОТ ОМОДА АСТ!

ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. БА НОМЗАДҲО ШАҲОДАТНОМА СУПУРДА ШУД

16.09.2020


ТОҶИКИСТОН. 86,5 ДАРСАДИ ГИРИФТОРОНИ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТАНД

ФАЙЗОБОД. ЧОРАБИНИИ СИЁСӢ ДАР САТҲИ БАЛАНД ХОҲАД ГУЗАШТ

ҶОМИ ТОҶИКИСТОН. ҶУФТҲОИ ДАВРИ НИМФИНАЛ МУАЙЯН ГАРДИДАНД

ИНТИХОБОТ. ВУСЪАТИ КОРҲОИ ОМОДАГӢ ДАР НОҲИЯИ РӮДАКӢ

ҶАВОНОН – ПАЙРАВОНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. ҲАМОИШИ ИЛМӢ - СИЁСӢ ДАР АКАДЕМИЯИ ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТӢ

ЛЕВАКАНТ. ПАХТАЧИНӢ ВУСЪАТ МЕГИРАД

ТОҶИКИСТОН НОЗИРОНИ ИДМ-РО БА ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТӢ ДАЪВАТ КАРД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

15.09.2020


ТОҶИКИСТОН. 86,4 дарсади беморон шифо ёфтанд

НОҲИЯИ ВОСЕЪ. БОЗ 82 ШАҲРВАНД БО КОР ТАЪМИН ГАРДИД

ТАЪСИСИ 86 КОРХОНА ДАР ҲАФТ МОҲ

«ЛИДАР». АКНУН ТАРКИБИ МОЛЕКУЛАВИИ ҲАВО САНҶИДА МЕШАВАД

14.09.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ КОРОНАВИРУС 7816 БЕМОР ШИФО ЁФТ

ПАЙВАНДГАРИ ДИРӮЗУ ИМРӮЗ. БАРДОШТ АЗ ҲАМОИШИ ҶУМҲУРИЯВӢ БАХШИДА БА 90-СОЛАГИИ "ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН"

US OPEN. ТИМ ВА НАОМИ ҒОЛИБОНИ ИН МУСОБИҚА

СММ КИШВАРҲОИ ПЕШРАФТАРО ДАЪВАТ НАМУД, КИ АЗ ТАҲРИМОТ АЛАЙҲИ МАМЛАКАТҲОИ РУШДКУНАНДА ДАСТ КАШАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

11.09.2020


ТОҶИКИСТОН. 7 ҲАЗОРУ 714 СИРОЯТЁФТА АЗ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ЛИГАИ БОНУВОН. «ЗЕБОНИСО» БОРИ ДУЮМ ЧЕМПИОНИ ТОҶИКИСТОН ШУД

САФОРАТ ВА ДОМОДЕДОВО ХАБАРҲО ДАР БОРАИ БАНД МОНДАНИ ТОҶИКОНРО ДАР ФУРУДГОҲ РАД КАРДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

10.09.2020


НИСФИ КӮДАКОНИ РУСИЯГӢ COVID-19-РО САБУК ГУЗАРОНДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ОҒОЗИ НАШРИ КИТОБИ «ТОҶИКОН»-И БОБОҶОН ҒАФУРОВ

08.09.2020


ТОҶИКИСТОН. ШАБОНАРӮЗИ ОХИР 32 ҲОДИСАИ НАВИ БЕМОРИИ COVID – 19 ОШКОР ШУД

СҲШ, ИДМ ВА СААД БОРИ АВВАЛ АЛАЙҲИ ТЕРРОРИЗМ МАШҚҲОИ МУШТАРАК МЕГУЗАРОНАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФУТБОЛ. ТОҶИКИСТОН БАР ТИМИ ӮЗБЕКИСТОН ҒОЛИБ ОМАД

ТОҶИКИСТОН. 7 ҲАЗОРУ 581 БЕМОРИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

04.09.2020


ТОҶИКИСТОН. ШУМОРАИ ШИФОЁФТАГОН АЗ КОРОНАВИРУС БА 7 ҲАЗОРУ 482 КАС РАСИД

ОЗМУНИ XVII БАЙНАЛМИЛАЛИИ «САНЪАТИ КИТОБ». «УФУҚҲОИ ИСТИҚЛОЛ» СОҲИБИ ШОҲҶОИЗА ГАРДИД

ПЕСКОВ БА АЙБДОРСОЗИИ МОСКВА ДАР ҲОДИСА БО НАВАЛНИЙ ҶАВОБ ГАРДОНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед