logo

сиёсат

ИНТИХОБОТ. ПАДИДАЕ, КИ ШАҲРВАНДОН ТАВАССУТИ ОН САРНАВИШТИ ХУДРО МУАЙЯН МЕСОЗАНД

Тавре маълум аст, 11 октябри соли ҷорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад. Ҳоло дар доираи қонунгузорӣ вобаста ба раванди омодагӣ ва баргузор намудани интихобот як қатор тадбирҳо амалӣ гашта, ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва иштироки фаъолонаи онҳо дар ин чорабинии муҳими сиёсӣ корҳои муайян идома доранд. Зеро интихобот дар низоми давлатдории навини мо ҳамчун маъракаи муҳими сиёсӣ шинохта шуда, фарогири тамоми қишрҳои ҷомеа мебошад.
Бояд гуфт, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок дар интихобот ихтиёрӣ буда, амалӣ гардидани ҳуқуқи интихоботӣ аз иродаи озодонаи шаҳрванд вобаста аст. Чунончи, бар асоси моддаи 3 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” шаҳрвандони мамлакат дар маъракаи пешазинтихоботӣ ва овоздиҳӣ дар интихобот ихтиёрӣ ва дар асосҳои баробар иштирок мекунанд. Овоздиҳӣ пинҳонӣ буда, ҳар шаҳрванд як овоз дорад. Қонунгузорӣ назорат ба изҳори иродаи мардумро ҳангоми раъйдиҳӣ иҷозат намедиҳад. Ин ба он маъност, ки овоздиҳӣ озод буда, касе ҳақ надорад дар ин ҳангом интихобкунандаро ба ҷонибдории ин ё он номзад маҷбур созад.
Барои дахолат кардан ба мустақилият ва дахлнопазирии  интихобкунандагон, монеа эҷод намудан ба ҷараёни интихобот қонунҳои дахлдори соҳавӣ чораҳои мушаххас пешбинӣ менамоянд. Аз ҷумла, қонунгузор роҳҳои гуногуни монеъ шудан ба татбиқи ҳуқуқҳои интихоботии шаҳрванд ва барои ба тарафдории номзад ҷалб кардани интихобкунандагонро муайян намуда, барои ҳуқуқвайронкунандагон ҷавобгарии ҷиноятӣ ва маъмурӣ пешбинӣ намудааст. Зимнан, ҳангоми татбиқи ҳуқуқи интихоботӣ дар таъмини дахлнопазирии интихобкунандагон ҳокимияти мустақили судӣ нақши калидӣ дошта, судҳо тибқи талаботи қонунгузории мурофиавии гражданӣ тамоми муроҷиатҳои шаҳрвандонро доир ба ҳифзи ҳуқуқҳои интихоботии шаҳрвандон баррасӣ менамоянд.
Ҷараёни омодагӣ ва маъракаҳои пешазинтихоботӣ моро бовар мекунонанд, ки интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фазои озоду ошкоро ва риояи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии милливу байналмилалӣ ва эҳтиром ба ҳуқуқи интихобкунандагон баргузор хоҳад шуд. Ҳоло дар ҳавзаи интихоботии Кӯҳистони Мастчоҳ №39 чун дигар ҳавзаҳои интихоботӣ корҳои омодагӣ ба ин маъракаи муҳими сиёсӣ бомаром идома доранд. Дар ҳамаи участкаҳои интихоботӣ маводи зарурӣ дастрас шуда, лавҳаю овезаҳои ташвиқотӣ насб шудаанд. Масъулон ё аъзои комиссияи ҳавзаи интихоботӣ аз тамоми участкаҳои интихоботӣ боздид ба амал оварда, дар мавриди риояи талаботи қонунгузорӣ, рафъи камбудиҳо ва дар сатҳи баланд баргузор намудани ин чорабинии муҳим ёрии амалӣ мерасонанд. 
Мардуми меҳнатдӯсти ин диёри баландкӯҳи Ватани азизамон хуб дарк менамоянд, ки иштироки фаъолона дар интихобот имконест, ки манфиатҳои худро дар симои номзади арзанда ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо манфиатҳои давлату миллати хеш ҳамоҳанг созанд.

Иноятулло ҒУЛОМЗОДА, раиси суди ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 23.09.2020    №: 182 - 183    Мутолиа карданд: 241
12.04.2021


КИТОБИ «ТОҶИКОН» ДАСТРАСИ СОКИНОНИ НОҲИЯИ САНГВОР ГАРДИД

НУРОБОД ДАР СӢ СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТ

СУҒД. ФЕСТИВАЛИ ВИЛОЯТИИ «ҲУНАР БЕҲТАР АЗ ЗАР БУВАД» БАРГУЗОР МЕГАРДАД

СУҒД. 420 000 СОМОНӢ ГРАНТ БАРОИ ЗАНОНИ ҲУНАРМАНДУ ЭҶОДКОР

МЕРОСИ ТАЪРИХИЮ ФАРҲАНГӢ. ҲАМОИШИ МУҲИМИ КОРШИНОСОН

«КАДБОНУИ БЕҲТАРИН» МУАРРИФИИ ҒОЛИБОНИ ОЗМУН

ЛИГАИ ОЛӢ

09.04.2021


ТОҶИКИСТОН ВА АМА. ГУСТАРИШУ ТАҲКИМИ ҲАМКОРИҲО ТАЪКИД ШУД

ОЛМОН БО РОССИЯ ОИД БА ДАРЁФТИ «СПУТНИК V» МУЗОКИРОТ МЕГУЗАРОНАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

08.04.2021


ТОҶИКИСТОН – МАҶОРИСТОН. САҲИФАИ НАВИ ҲАМКОРӢ БОЗ ШУД

САРВАРИ ВКХ ПОКИСТОН РОССИЯРО ОМИЛИ УСТУВОРӢ ДАР МИНТАҚА ВА ҶАҲОН НОМИД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ТАСВИРИ ОБ ДАР АСАРҲОИ РАССОМОНИ ТОҶИКИСТОНӢ

«ХУҶАСТА БОД ИСТИҚЛОЛ!»

Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин бо Армида Салсия Алишаҳбана

МАГНОЛИЯ. НИҲОЛИ НОДИР ДАР ХУҶАНДИ БОСТОН

07.04.2021


МИСГАРӢ — БОЗГӮИ РАМЗҲО ВА АНЪАНАҲОИ МАРДУМӢ

«ТЕРРОРИЗМ РЕЛИГИОЗНЫХ ЭКСТРЕМИСТОВ...»

Лавров: «СММ низоъҳоро дар дунё муваффақона ба низом меоварад»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФУТБОЛ

06.04.2021


ВМКБ. НАҚШАИ ДАЪВАТ ДАР ЯК РӮЗ ИҶРО ШУД

ИШКОШИМ. ҒОЛИБОН БА НОҲИЯ БАРГАШТАНД

Лавров барқарорсозии кори «формати Москва»-ро зарур шумурд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ЛИГАИ ОЛӢ

ТАШКИЛИ ЯРМАРКА - ФУРӮШИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ ДАР ХУҶАНД

МИНТАҚАИ РАШТ. ИҶРОИ НАҚШАИ ДАЪВАТ ДАР ЯК РӮЗ

УНВОНУ ДАРАҶАҲОИ ИЛМИИ РОССИЯВУ ТОҶИКИСТОН БАРОБАРАРЗИШ МЕШАВАНД

02.04.2021


ХИЗМАТИ ҲАРБӢ. ВМКБ ВА 5 НОҲИЯИ ХАТЛОН НАҚШАРО ИҶРО КАРДАНД

МУЛОҚОТИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ БО ПАК БЁН СОК

ҶОНИБДОРИИ ВАНХЁРК АЗ МУКОЛАМАИ ВАШИНГТОН БО МОСКВА

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

01.04.2021


ЛИГАИ ОЛӢ. Бори аввал легионерҳои нидерландӣ ва ҷопонӣ ҳунарнамоӣ мекунанд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед