иҷтимоиёт
ИНТИХОБОТ. ФАЪОЛИЯТИ МУШОҲИДОНИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ОҒОЗ ЁФТ, КОРҲОИ ОМОДАГӢ БА АНҶОМ МЕРАСАНД
То баргузории интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 2 рӯзи дигар боқӣ монд. Дар робита ба ин, комиссияҳои интихоботӣ ҷиҳати дар сатҳи баланди ташкилию сиёсӣ ва озоду демократӣ баргузор намудани ин маъракаи муҳими сиёсӣ корҳои ниҳоии омодагиро анҷом медиҳанд.
Вобаста ба ин, аз Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба «Ҷумҳурият» иттилоъ доданд, ки феълан дастуру роҳнамо ва дигар маводи иттилоотии вобаста ба интихобот ба ҳамаи ҳавза ва участкаҳои интихоботӣ дастрас гардида, маъракаи васеи тарғиботӣ оид ба моҳият ва тартиби иштироки шаҳрвандон дар ин чорабинии муҳими сиёсӣ идома дорад. Номзадҳо ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахсони боэътимоди онҳо низ саргарми корзори интихоботӣ буда, дар дидору мулоқот бо интихобкунандагон муҳимтарин нукоти барномаҳои пешазинтихоботии худро дар миён мегузоранд.
Тибқи иттилои масъулони КМИР, ки ҳамчун мақоми салоҳиятдор раванди омодагиҳо ба интихоботро зери назар дорад, бо мақсади риояи чораҳои беҳдоштӣ ҷиҳати пешгирии пандемияи коронавирус тамоми ҳавзаву участкаҳои интихоботӣ бо маводи безараргардонӣ ва ҳимояи шахсӣ таъмин шудаанд. Гузашта аз ин, тибқи дастури Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ оид ба ташкили инфрасохтори дастрас барои шахсони имконияташон маҳдуд ва таъмини ҳуқуқҳои онҳо дар қитъаҳои раъйдиҳӣ ҳуҷраҳои алоҳидаи овоздиҳӣ созмон дода шуда, дар роҳравҳо пандусҳо насб шудаанд.
Айни ҳол, бо мақсади назорат ба раванди омодагӣ ва баргузории интихобот дар фазои озод, шаффофу ошкоро ташрифи теъдоди зиёди мушоҳидони байналмилалӣ ба Тоҷикистон ҷараён дорад. Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи масъулони КМИР, то 7 октябр 125 мушоҳиди байналмилалӣ аз Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони ҳамкории Шанхай, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Беларус ва сафоратҳои муқими Тоҷикистон аккредитатсия шуда, аллакай ба фаъолият шурӯъ намудаанд. Зимнан, вуруди нозирон аз дигар созмонҳои минтақавию байналмилалӣ ва сабти номи онҳо дар КМИР идома дорад.
Тавре «Ҷумҳурият» иттиллоъ дода буд, ҷараёни интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки дар он номзадҳо аз 5 ҳизби сиёсӣ иштирок мекунанд, 258 хабарнигори дохилию хориҷӣ дар расонаҳои худ инъикос хоҳанд кард. То имрӯз ҳамаи хабарнигорон аз аккредитатсия гузашта, ҳуқуқи иштирок дар чорабиниҳои вобаста ба интихобот ва бозтоби ин маъракаи муҳими сиёсиро ба даст овардаанд.
Фирӯзи РАҲМОНИЁН,
«Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 08.10.2020 №: 198 Мутолиа карданд: 194