logo

иҷтимоиёт

ЗАБОНОМӮЗӢ. ДАСТУРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ МАСЪУЛИЯТРО ДУЧАНД МЕКУНАД

Имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба талаботи замон омӯзиши забонҳои хориҷӣ, хусусан русӣ ва англисӣ, дар муассисаҳои таълимӣ ба таври густурда роҳандозӣ шуда, шароити арзанда низ фароҳам оварда шудааст. Инчунин, барои муайян намудани сатҳи омӯзиши ин забонҳо  Барномаи давлатии таълим ва омӯзиши забонҳои русиву англисӣ қабул гардидааст. Омӯзгорон кӯшиш мекунанд, ки меҳри забономӯзиро дар замири хонандагон бедор намуда, нутқи шифоҳии онҳоро инкишоф диҳанд. Ин, пеш аз ҳама, аз луғатомӯзӣ ва гуфтугӯ бо хонанда муяссар мешавад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тақрибан дар ҳар як баромаду мулоқот, хусусан бо аҳли маориф, ба масъалаи омӯзиши забонҳои хориҷӣ таваҷҷуҳи махсус медиҳанд. Пешвои миллат зимни як суханронӣ, аз ҷумла чунин таъкид доштанд: «Забон оинаест, ки дар он симои пурҷилои миллат равшан инъикос мешавад ва мо бояд ба қадри ин нишонаи ҳастии миллатамон расем ва дар баробари ин, ба омӯзиши забонҳои русиву англисӣ ҳамчун забонҳои муоширати байналмилалӣ эътибори ҷиддӣ диҳем. Мо омӯзиш ва аз худ кардани забонҳоро на барои худнамоӣ, балки бо мақсади маърифатнок гардидани ҷомеа густариш медиҳем».
Воқеан, ҳақ ба ҷониби Пешвои миллат аст. Зеро дар шароити рушди ҳамкориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷомеаи ҷаҳонӣ талабот ба мутахассисоне, ки забонҳои русӣ ва англисиро хуб медонанд ва аз ин забонҳо дар муоширати ҳаррӯза самаранок истифода баранд, меафзояд. Бинобар ин, андешидани чораҳои самарабахш барои рушди минбаъдаи шаклу усулҳои таълиму омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ ҳамчун воситаи муҳими муоширати байналмилалӣ ва байни миллатҳо зарур аст. Чораҳои мақсадноки андешидашуда метавонанд доираи имконоти истифодабарии амалӣ ва таҳияи методикаи муосири таълим, таҳия ва такмили маводи таълимӣ ва низоми технологии таълим, аз ҷумла мултимедиа, инчунин, усулҳои худтаълимгирӣ ва худомӯзии фардиро тавсеа намоянд.
Дар омӯзиши забонҳои хориҷӣ, қабл аз ҳама, ҷасорат лозим аст. Шояд бипурсед, ки он ба омӯзиши забонҳо чӣ алоқамандӣ дорад? Асоси муваффақ гардидан дар омӯхтани дилхоҳ забон ҷасорат мебошад. Тарсу ваҳм инсонро қафомонда мегардонад. Инчунин, бояд дилпур аз қувваи ҳофиза бошем. Илова бар ин, луғати дарёддоштаро набояд фаромӯш кард. Худомӯз метавонад аз китобҳои бешумор, ки нархи дастрас доранд ва хушбахтона, дар мағозаҳои фурӯши китоб бениҳоят зиёданд, истифода барад. Шарт нест, ки китоб калонҳаҷм бошад. Муҳим он аст, ки ҳавасу завқи шуморо бедор кунад. Бояд калимаҳои азхудкардаро бо истифода дар ҷумлаҳои сода машқҳои такрорӣ гузаронед.
Роҳи дигари омӯзиши забонҳои хориҷӣ мутолиаи асарҳо бо ҳамон забон мебошад. Яъне, омӯзиши афсонаву ҳикояҳо бо забони хориҷӣ захираи луғавии хонандаро зиёд мегардонад. Ин, пеш аз ҳама, аз масъулияти омӯзгор ва методи омӯзиши забон вобастагии амиқ дорад. Аз ҳамин сабаб омӯзгорони забондон ҳамеша талош мекунанд, ки хонандагонро ҷавобгӯ ба талаботи давлатӣ ҳамчун забондон ба камол расонанд.
Забономӯзӣ аз шахс синну сол ва касбу корро тақозо намекунад. Зеро ҳар кас дар кадом соҳае кор накунад, донистани забон лозим буда, роҳи онҳоро дар пайдо кардани мавқеи шоиста дар ҷомеа таъмин мекунад. Донистани забонҳои хориҷӣ имконияти касро афзун ва доираи фаъолиятро васеъ менамояд ва мартабаашро дар ҷомеа боло мебарад.  Инчунин, забондонӣ сабаби вусъат ёфтани робитаҳои байналмилалӣ, иртиботи миллатҳо, доманадор гаштани ҳамбастагии фарҳангӣ ва иҷтимоиву иқтисодии кишварҳо мегардад. Аз ҳамин лиҳоз, дар замони муосир забономӯзӣ омили асосии пешрафти ҷомеа ба шумор меравад.
Ба вазъи омӯзиши забонҳои хориҷӣ баҳои воқеъбинона додани Сарвари давлат мо - омӯзгорони забонҳои хориҷиро водор мекунад, ки ба ин масъала эътибори бештар диҳем.  Дар партави ҳидояти Пешвои миллат кӯшиш ба кор мебарем, ки сатҳу сифати таълими забони русӣ ва англисиро ба дараҷаи баландтар бардорем. Барои ин шароити мусоиди таълимӣ, пойгоҳи муқтадири таълимие, ки бо таваҷҷуҳ ва дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фароҳам омадаанд, мавҷуданд. Танҳо саъю талош ва азму ғайрати дучанд лозим аст, ки ҳидоятҳои Пешвои миллат иҷрои саривақтии худро ёбанд.

Нилуфар БОБОҚУЛОВА,
омӯзгори МТМУ № 4,
ноҳияи Данғара


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 08.10.2020    №: 198    Мутолиа карданд: 145
15.01.2021


ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНИ “ОМӮЗГОРИ СОЛИ ТОҶИКИСТОН – 2020”

ҶАЛАСАИ СИТОДИ КОРӢ ОИД БА ТАҶЛИЛИ 30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ БАРГУЗОР ШУД

МАОРИФ. НАТИҶАГИРӢ АЗ ФАЪОЛИЯТИ ВАЗОРАТ

НАВИДҲОИ ФАРҲАНГ

ТОҶИКИСТОН. БОЗ ЯК ШИРКАТ БА БОЗОРИ САЙЁҲӢ ВОРИД ГАРДИД

РӮЙДОДҲОИ ИЛМӢ

12.01.2021


 ҶДММ «ММК АГРО» МАЙДОНИ ГАРМХОНАИ ИННОВАТСИОНИРО МЕАФЗОЯД

 РАШТ: МУЛОҚОТИ  РАИСИ  МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОН  БО  ИНТИХОБКУНАНДАГОН

 ШАҲРИ ГУЛИСТОН: АВҶИ СОХТМОНИ ИНШООТИ ҶАШНӢ

 ТАФСИЛОТИ ЯК ҶИНОЯТ. Ё ЧАРО «ҚОЗӢ»-И АВФШУДА ПАСИ ПАНҶАРА РАФТ?

 ТАЪСИСИ КОРХОНАИ НОДИРИ ИЛМИВУ ИСТЕҲСОЛӢ

 ТАЪМИНИ МАРКАЗҲОИ ИЛМӢ ВА МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ БО РЕАКТИВҲОИ КИМИЁӢ

 ПЕШНИҲОДИ БОСТОНШИНОСОН БА ЮНЕСКО

08.01.2021


ВОХӮРИИ МАҲМАДТОИР ЗОКИРЗОДА БО СОКИНОНИ НОҲИЯИ САНГВОР

ДАВРИ ҶУМҲУРИЯВИИ ОЗМУНИ «МУРАББИИ СОЛИ ТОҶИКИСТОН – 2020» ОҒОЗ ГАРДИД

НАВИДҲОИ ФАРҲАНГӢ

МИЁНИ ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН БОЗ ЯК БУНГОҲИ НАЗОРАТӢ КУШОДА ШУД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДУШАНБЕ. ОЗМУНИ МАЪРИФАТАФЗО ҶАМЪБАСТ ШУД

БМТ АЗ ИҚДОМИ НАҶИБИ САРВАРИ ДАВЛАТ ҶОНИБДОРӢ КАРД

07.01.2021


ДАНҒАРА. ВУСЪАТИ КОРҲОИ НИҲОЛШИНОНӢ

ВАРЗИШ

САТҲИ ҶАҲОНИИ ФАҚР БОРИ АВВАЛ ДАР 22 СОЛИ ОХИР БОЛО РАФТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

РУЙДОДҲОИ ИЛМӢ

06.01.2021


ТАҚДИМИ ТЕХНИКА БА КИШОВАРЗОНИ НОҲИЯҲОИ ДЕВАШТИЧ ВА ШАҲРИСТОН

СУҒД. 92 ИНШООТИ ТАНДУРУСТӢ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД

ҲАР КӢ ХАНДОНАД ЯТИМИ ХАСТАРО...

ПУТИН ВА МЕРКЕЛ МАСЪАЛАИ ИСТЕҲСОЛИ ВАКСИНАИ ЗИДДИ COVID-19 - РО БАРРАСӢ КАРДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

05.01.2021


ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

МАЪМУРИЯТИ БАЙДЕН НИЯТИ БО РОССИЯ ДОИР БА ССҲ БА МУВОФИҚА РАСИДАН ДОРАД

WORLD JUDO MASTERS

ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «КИТОБИ СОЛ – 2020». ҒОЛИБОН МУАЙЯН ШУДАНД

04.01.2021


ХОВАЛИНГ БА ҶАШНИ 30 - СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ ОМОДА МЕШАВАД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед