logo

иҷтимоиёт

ҲИФЗИ ИҶТИМОӢ. ТАВАҶҶУҲИ МЕҲВАРӢ БА ҚИШРИ ОСЕБПАЗИРИ АҲОЛӢ

Ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон ба шумор рафта, таҳти таваҷҷуҳи хосаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Ҳамин аст, ки соҳа тадриҷан рушд ёфта, вазъи хизматрасонии иҷтимоии аҳолӣ мутобиқ ба талаботи давр беҳтар мешавад.
Ҳукумати кишвар сатҳи некуаҳволии сокинонро, ки сарвати миллии ҳар як давлат ба ҳисоб меравад, дар меҳвари таваҷҷуҳи доимӣ қарор дода, ҳифзи иҷтимоии шаҳрвандонро яке аз афзалиятҳои сиёсати иҷтимоии давлат медонад. Абдулҳаким Холзода, директори Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, зимни суҳбат ба хабарнигори рӯзнома гуфт, ки айни замон дар муассисаҳои будубоши доимии агентӣ 3 хона - интернати беморони рӯҳӣ ва 4 хона - интернати пиронсолону маъюбон бо фарогирии 1190 нафар дар таъминоти давлатӣ қарор доранд. Дар шашмоҳаи аввали соли ҷорӣ ба муассисаҳои будубоши доимии соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ 53 ниёзманд қабул гардида, 60 бошандаи муассисаҳои будубоши доимӣ ва марказҳои минтақавии хизматрасонии иҷтимоӣ барои пиронсолон ва маъюбон ба муҳити оилавӣ баргардонда  шуд. Ҳоло дар муассисаҳои будубоши доимии агентӣ 18 ятими кул, 38 нимятим ва 101 нафар аз оилаҳои камбизоат ба хизматрасонии шабонарӯзӣ фаро гирифта шудаанд.
43 марказу шуъбаҳои хизматрасонии хонагии иҷтимоии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ба 5263 истифодабаранда хизматҳои иҷтимоӣ - маишӣ, равонӣ, ҳуқуқӣ, маслиҳатӣ, намояндагӣ ва роҳбаладӣ, 6 маркази минтақавии хизматрасонии иҷтимоӣ ба 1493 пиронсолу маъюб ва 77 кӯдаки имконияти ҷисмонию равониашон маҳдуд хизматҳои иҷтимоӣ расондаанд.
Ҷиҳати тавонбахшии кӯдакони имконияташон маҳдуд ҳоло 28 маркази будубоши рӯзона фаъолият дорад. Ин марказҳо 1368 кӯдаки эҳтиёҷмандро ба хизматрасонӣ фаро гирифтаанд. Ҳамзамон, 25 навраси имконияташон маҳдуд касбҳои дӯзандагӣ ва кор бо компютерро омӯхтанд. 12 маркази хизматрасонии иҷтимоӣ 434 кӯдаки имконияташон маҳдуд ва 177 шахси ниёзмандро ба хизматрасониҳои иҷтимоӣ  фаро гирифтаанд.
Дар ду марказ (шаҳрҳои Душанбе ва Бохтар) барои шаҳрвандони дар ҳолати душвори зиндагӣ қарордошта ба 148 нафар хизмати тавонбахшӣ ва равонӣ расонда, шуд. Онҳо, инчунин, бо паноҳгоҳи муваққатӣ таъмин гардиданд. Дар 2 маркази тавонбахшии 21 - рӯзаи кӯдакони имконияташон маҳдуд бо модаронашон дар ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров ва Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ба 60 кӯдак хизмати иҷтимоӣ расонда шуд.
Дар шабакаҳои хизматрасонии иҷтимоии будубоши доимӣ ва  муваққатии ҷумҳурӣ ба 7277 пиронсолу маъюб ва 2870 кӯдаки имконияташон маҳдуд (дар маҷмӯъ 10155 нафар)  хизмати  иҷтимоӣ ва тавонбахшии ҷисмониву равонӣ расонда мешавад.
Яке аз самтҳои муҳими фаъолияти агентӣ расондани кумакҳои хайриявӣ ба нафарони ниёзманд ва оилаҳои аз ҷиҳати иҷтимоӣ осебпазир ба шумор меравад. Бо назардошти ҳамин паҳлуи масъала ба муассисаҳои будубоши доимӣ ва марказҳои минтақавии хизматрасонии иҷтимоӣ барои пиронсолону маъюбон аз ҷониби сарпарастон 220887 сомонӣ ва аз ҷониби мақомоти давлатӣ, шахсони саховатпеша ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ 1257 266,4 сомонӣ кумаки хайриявӣ ворид гардид.
Маблағи кумакпулии унвонии иҷтимоӣ барои шаҳрвандон ва оилаҳои камбизоат дар ин давра 16 миллион сомониро ташкил дод. Айни ҳол дар 38 шаҳру ноҳия 17359 оилаи камбизоати дорои кӯдакони то сесола бо кумакпулии яквақтаина дар ҳаҷми умумии 8 миллиону 679 ҳазору 500 сомонӣ  таъмин  шудааст.
Абдулҳаким Холзода гуфт, ки дар робита ба таваҷҷуҳу дастгириҳои доимии давлату Ҳукумат ҷиҳати васеъ намудани доираи тадбирҳо баҳри беҳбудии вазъи иҷтимоӣ ва сатҳи некуаҳволӣ, ки омили инъикоскунандаи вазъи иҷтимоиву иқтисодӣ ва ҷисмонии ҷомеа мебошад, то ҳанӯз баъзе мушкилоти ҳалталаб ба чашм мерасанд. Роҳбарият ва кормандони Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар ҳамдастӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ҳалли саривақтии ин камбудиҳо чораҳои мушаххас меандешанд.
- Бо назардошти татбиқи барномаҳои стратегии кишвар ва ҳадафҳои рушди миллӣ соҳаи ҳифзи иҷтимоии кишвар куллан таҳким ва такмил ёфта, ҳамакнун ба стандартҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ мегардад. Мо дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат ва қарору супоришҳои Ҳукумати кишварро сармашқи кори худ намуда, баҳри беҳтар намудани вазъи иҷтимоӣ ва сатҳи некуаҳволии шаҳрвандони мамлакат ва самаранокии хизматрасонии иҷтимоӣ ба аҳолӣ беш аз пеш ҷаҳду талош хоҳем кард, - гуфт Абдулҳаким Холзода.

Шаҳбоз АБРОР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 09.10.2020    №: 199 - 200    Мутолиа карданд: 350
26.11.2021


Иштироки Рустами Эмомалӣ дар ҷаласаи навбатии Шурои Ассамблеяи байнипарлумонӣ

Лавров бо вазирони корҳои хориҷии Чин ва Ҳиндустон роҳҳои рушди ҳамкориҳои сеҷонибаро баррасӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

25.11.2021


Боздиди намояндагони Иттиҳоди Аврупо аз НБО «Норак»

Суҳбати Путин бо раиси Шурои Аврупо

Ҷаҳон дар як сатр

МАШҒУЛИЯТИ ОМӮЗИШӢ ОИД БА МАБЛАҒГУЗОРИИ ХУРД МУВОФИҚИ ПРИНСИПҲОИ МАБЛАҒГУЗОРИИ ИСЛОМӢ

24.11.2021


Масъалаи аломатгузории хати сарҳади давлатӣ баррасӣ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

Путин, Алиев ва Пашинян 26 ноябр дар Сочи мулоқот хоҳанд кард

ЛИГАИ ҚАҲРАМОНҲО

ВАО. НАҚШИ МУҲИМТАРИН ВОСИТАИ ТАЪСИРРАСОНӢ ДАР ЗАМОНИ ПАНДЕМИЯ

ЛАХШ. ТАНТАНАИ ҶАШНИ МИЛЛӢ

С А Н О А Т . МАҲСУЛОТИ ВАТАНӢ ИФТИХОРИ МАНУ МО

РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ. ҲАМОИШИ ҶАШНӢ ДАР ДМТ

ФУРӮҒИ ВАТАНДОРӢ

22.11.2021


Ҷамъбасти машқҳои тактикии «Кобалт-2021»

ТИБ. БАРРАСИИ МУҲИМТАРИН САМТҲОИ СОҲА

МУҲАММАД ҒОИБ: «ДИЛ ЁФТАНУ САРҶАМЪ СОХТАНИ МИЛЛАТ ОСОН НАБУД!»

ДДЗТ: АЗ ТАЪСИСИ МАРКАЗИ TOEFL ТО ИНТИШОРИ 5 КИТОБИ МУҲИМ

ИЛМ. БАРГУЗОРИИ ҲАМОИШИ МУҲИМ

18.11.2021


Россия аз хатари паҳншавии терроризм ба кишварҳои ҳамсояи Афғонистон ҳушдор дод

ҶИУ-ҶИТСУ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ҒАМХОРИ ТАБИАТ БОШЕМ!

17.11.2021


“Созандагиҳои Пешвои миллат дар тули се даҳсолаи соҳибистиқлолӣ”

12.11.2021


Рӯзи Президент дар сатҳи баланд таҷлил мешавад

Рӯзи Президент дар сатҳи баланд таҷлил мешавад

“КОНСТИТУТСИЯ – САНАДИ САРНАВИШТСОЗ ВА БАХТНОМАИ МИЛЛАТИ ТОҶИК”

РАШТ. УФУҚҲОИ РУШДИ КИШОВАРЗӢ

11.11.2021


Шурои амнияти ФР: «Ҳузури доимии СММ дар Афғонистон бояд нигоҳ дошта шавад»

Ҷаҳон дар як сатр

ЛИГАИ ОЛӢ

10.11.2021


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо кормандони Сафорати Тоҷикистон дар Россия

ҶАЛАСАИ САЙЁРИ РУШДИ МАҲАЛ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед