logo

иҷтимоиёт

МАРД НАМИРАД БА МАРГ. ҚУРБОНАЛӢ ҲАСАНОВ, ҲУҚУҚШИНОСИ ВАРЗИДА, ОЛАМРО ПАДРУД ГУФТ

14 октябри соли 2020 дар синни 68-солагӣ дили ҳуқуқшиноси варзида, маъруф ва  маҳбуби кишвар Қурбоналӣ Ҳасанов аз тапидан боз монд. Хабари даргузашти ин устоди соҳа дили дӯстону наздикон ва пайвандонро андуҳгин сохт.
Тӯли 43 соли фаъолият дар вазифаҳои гуногуни давлатӣ, хосса мақомоти прокуратура, мавсуф равшан собит сохт, ки бо фаъолияти софдилона ва шинохти рисолати касбиву инсонӣ шахс дар ҷомеа аз мавқеи баланду сазовор бархӯрдор шуда метавонад. Воқеан, ӯ пеш аз ин реҳлат медонист ва таъкид менамуд:
Ончунон зӣ, ки баъди мурдани ту,
Ҳама гирён шаванду ту хандон.
Қурбоналӣ Ҳасанов 30 августи соли 1952 дар деҳаи Искодари ноҳияи Айнӣ чашм ба олами ҳастӣ кушод.
Соли 1978 факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм кардааст. Муддате ба ҳайси муфаттиш  ва ёвари прокурори шаҳри Конибодом ва прокуратураи ҳарбии вилояти Суғд фаъолият намуд.
Сипас, ӯро барои идомаи фаъолият ва иҷрои  вазифаҳои  муҳим ба пойтахти кишвар – шаҳри Душанбе даъват мекунанд.
Соли 1991 барои тафтиши фаъолияти собиқ раиси шаҳри Душанбе Мақсуд Икромов парвандаи ҷиноятӣ боз мекунанд. Иҷрои ин кори душворро ба уҳдаи Қурбоналӣ Ҳасанов, ки донишу таҷрибаи зиёд дар соҳа андӯхта буд ва аз муфаттишони беҳтарин маҳсуб мешуд, гузоштанд.
Фаъолияти минбаъдаву пурсамари ӯ аз соли 1996 дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон идома меёбад. Аввал дар вазифаи сардори раёсати ташкили кор таъйин шуд. Баъд муддате сардори раёсати тафтишоти пешакӣ дар ин мақомот буд. Дар ҳамин давра ба унвони генерал – майор мушарраф гардид. Дар вазифаҳои прокурори шуъбаи назорати иҷрои қонунгузории андоз ва шуъбаи назорати иҷрои қонунгузории ноболиғон ва ҷавонони Прокуратураи генералии ҷумҳурӣ фаъолияти назаррас дошт.
Соли 2015 ба синни нафақа расид. Пас аз он фаъолияташро ҳамчун устоду донандаи хуби корҳои мақомот дар Донишкадаи омӯзиши масъалаҳои қонуният, тартиби ҳуқуқи такмили ихтисоси кормандони мақомоти Прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хотири боло бурдани савияи дониш ва таҷрибаи зарурии коргарони соҳа идома дод. Шогирдон ба ӯ чун донанда ва таҷрибадори соҳа, инсони мушфиқу ғамхор, роҳнамову  дилсӯз эҳтироми хосса мегузоштанд. Дар ҳалли масъалаҳои мушкил аз ин устоди маъруф маслиҳат мепурсиданд. То ба охирин рӯзҳои ҳаёташ дар ин донишкада дар таълиму тарбияи дурусти шогирдон саҳми сазовор мегирифт.
Ӯ аз пешрафту  ободиҳои Тоҷикистон, хосса шаҳри Душанбе меболид ва чун панду андарз изҳор медошт, ки ба қадри сулҳу истиқлол, амният ва зебоиҳои Ватани азизамон бирасем. Шукргузор аз он буд, ки мо соҳибватанем ва роҳбари асилу шоиставу ғамхор, Пешвои меҳрубону ояндабин дорем.
Мегуфт, ки росткору ростқавл бошем, ба мардум, ба Ватан бояд содиқона хидмат бикунем. Суҳбаташ рӯҳпарвар буд. Одамиро ба роҳи рост ҳидоят мекард. Изҳор медошт, ки ҳар парвандаро дуруст ва аз рӯи  адолат омода созем ва дар риштаи таҳқиқ масъулиятшинос бошем. Таъкид менамуд, ки нисбати тақдири инсонҳо, агар ҳам ҷинояткор аст, бетафовут набошем ва, ҳамзамон, ҳақиқатро ба хотири чизе нафурӯшему рӯпӯш  нанамоем.
Албатта, чунин инсонҳои некхоҳу некбин дар дилу дидаи одамон ҷой мегиранд ва маҳбубияти хос пайдо мекунанд. Рӯзгору кори ӯ намунаи ибрат буд.
Пас аз рӯзе, яъне 15 октябри соли равон, маросими видоъ бо ӯ доир гашт. Шахсиятҳои маъруфи кишвар, ҳуқуқшиносони варзида дар он аз хизматҳову некиҳояш ёдовар шуданд. Аз ҷумла, профессор  Н. Шоҳиён гуфт: «Қурбоналӣ Ҳасанов шахси дурбину дурандеш ва, воқеан, дорои маънавиёти баланд, энсиклопедист буд. Масъулиятшиносиву эҳтироми қонуну волоияти он  дар зиндагияш сармашқи кору шиор ба шумор мерафт».
Генерал Абдуқодир Муҳаммадиев иброз дошт: «Ӯ ҳамроҳ бо худ бисёр хусусиятҳои одамгариро,  ки онро  соҳиб буд, бурд. Дар фаъолияти пурсамараш некӣ ва адолатпешагиро на танҳо хостор, балки соҳиб шуду намунаи ибрати дигарон гашт».
Генерал Азизмат Эмомов таъкид дошт: «Қурбоналӣ Ҳасанов дар ҷомеа тавонист, ки ҷойгоҳи махсусро бо фаъолияти пурсамар, дили пок, дасти покиза, таълиму тарбияи мутахассисон пайдо намояд».
Ин марди асили соҳа бо номи нек ва шараф зисту фаъолият кард ва, ҳамчунон, дунёро падруд гуфт. Ӯ, бешак, ҷисман моро тарк гуфт, рӯҳан бо мост. Агар ҳам аз дидаҳо рафт,  вале дар дилҳо ҷой дорад. Дар ҳақиқат, «мард намирад ба марг, марг аз ӯ ном ёфт».

Абдусаттор ХОЛОВ,
мушовири адлияи дараҷаи 3,
собиқадори мақомоти прокуратура,
Шарифхӯҷа ҲАСАНОВ,
декани факултаи идораи давлатӣ,
ҳифзи ҳуқуқ ва рушди сайёҳии Донишгоҳи давлатии Данғара, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15.10.2020    №: 205 - 206    Мутолиа карданд: 103
22.01.2021


ҶАЛАСАИ XVII ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ КИШВАРҲОИ УЗВИ МУКОЛАМАИ ҲАМКОРИҲОИ ОСИЁ

21.01.2021


ДАР КӮЛОБ КОРХОНАИ ИСТЕҲСОЛӢ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД

ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИИ НАТИҶАҲОИ РУШДИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

ВАҚТИ ПАЙВАНДИ ИЛМ БО АМАЛ АСТ

НАВИДҲОИ ФАРҲАНГ

ФИФА. ТОҶИКИСТОНРО 14 ДОВАР МУАРРИФӢ МЕКУНАД

НАХУСТИН ФИЛМИ ТОҶИКИЮ БРИТАНӢ АЗ РӮИ ФИЛМНОМАИ АНИСА СОБИРӢ НАВОРБАРДОРӢ МЕШАВАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДАР РОССИЯ АЗ КОРОНАВИРУС ЗИЁДА АЗ 3 МИЛЛИОН БЕМОР ШИФО ЁФТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДУ БОЗИИ РАФИҚОНАИ МУНТАХАБИ ТОҶИКИСТОН

КОМЁБИИ ДАСТПАРВАРОНИ МТМУ № 45

РУЙДОДҲОИ ИЛМӢ

19.01.2021


СҶТ-РО ДАСТРАСИИ НОБАРОБАРИ ДАВЛАТҲО БА ВАКСИНА САХТ НИГАРОН НАМУДААСТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ХАТЛОН. СОДИРОТИ БАРЗИЁДИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ

“САФЕДДАРА”. ЯТИМОНИ КУЛЛИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ БЕҲТАРИН МАВЗЕИ САЙЁҲӢ ДИДАН КАРДАНД

ТАҚДИМИ КИТОБИ «ТОҶИКОН» БА СОКИНОНИ НОҲИЯИ ИШКОШИМ

ҲИСОР. ХИЗМАТРАСОНИИ ТИББӢ РӮ БА БЕҲБУДӢ ДОРАД

15.01.2021


ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНИ “ОМӮЗГОРИ СОЛИ ТОҶИКИСТОН – 2020”

ҶАЛАСАИ СИТОДИ КОРӢ ОИД БА ТАҶЛИЛИ 30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ БАРГУЗОР ШУД

МАОРИФ. НАТИҶАГИРӢ АЗ ФАЪОЛИЯТИ ВАЗОРАТ

НАВИДҲОИ ФАРҲАНГ

ТОҶИКИСТОН. БОЗ ЯК ШИРКАТ БА БОЗОРИ САЙЁҲӢ ВОРИД ГАРДИД

РӮЙДОДҲОИ ИЛМӢ

12.01.2021


 ҶДММ «ММК АГРО» МАЙДОНИ ГАРМХОНАИ ИННОВАТСИОНИРО МЕАФЗОЯД

 РАШТ: МУЛОҚОТИ  РАИСИ  МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОН  БО  ИНТИХОБКУНАНДАГОН

 ШАҲРИ ГУЛИСТОН: АВҶИ СОХТМОНИ ИНШООТИ ҶАШНӢ

 ТАФСИЛОТИ ЯК ҶИНОЯТ. Ё ЧАРО «ҚОЗӢ»-И АВФШУДА ПАСИ ПАНҶАРА РАФТ?

 ТАЪСИСИ КОРХОНАИ НОДИРИ ИЛМИВУ ИСТЕҲСОЛӢ

 ТАЪМИНИ МАРКАЗҲОИ ИЛМӢ ВА МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ БО РЕАКТИВҲОИ КИМИЁӢ

 ПЕШНИҲОДИ БОСТОНШИНОСОН БА ЮНЕСКО

08.01.2021


ВОХӮРИИ МАҲМАДТОИР ЗОКИРЗОДА БО СОКИНОНИ НОҲИЯИ САНГВОР

ДАВРИ ҶУМҲУРИЯВИИ ОЗМУНИ «МУРАББИИ СОЛИ ТОҶИКИСТОН – 2020» ОҒОЗ ГАРДИД

НАВИДҲОИ ФАРҲАНГӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед