logo

сиёсат

СУҲБАТИ ТЕЛЕФОНӢ

3 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ суҳбати телефонӣ анҷом доданд.
Дар оғози суҳбат Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Роҳбари кишвари ҳамсоя дар робита ба амалҳои фоҷиабори террористӣ дар Афғонистон, ки боиси талафоти ҷонӣ гардид, изҳори амиқи тасаллият карданд.
Сарвари давлат таъкид доштанд, ки мо ҳамагуна амалҳои ғайриинсонии террористонро шадидан маҳкум менамоем ва изҳори итминон карданд, ки чунин амалкардҳои гурӯҳҳои ифротӣ қадамҳои қотеонаи мардуми шарифи Афғонистонро дар роҳи бунёди сулҳу суботи пойдор дар кишвар ва таъмини рушду пешрафти он халалдор нахоҳанд кард.
Дар зимн, Президенти мамлакат аз раванди музокироти сулҳи  байниафғонӣ истиқбол намуда, таъкид доштанд, ки Тоҷикистон талошҳои пайвастаи Ҳукумати Афғонистонро ҷиҳати таъмини амният ва сулҳу субот дар кишвар пурра ҷонибдорӣ менамояд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон омодагии Тоҷикистонро оид ба пуштибонӣ аз иқдомҳои Ҳукумату мардуми ин кишвари дӯст ҷиҳати истиқрори сулҳу субот ва бозсозии иқтисодии мамлакат баён доштанд.
Зимни суҳбати телефонӣ ҷонибҳо оид ба таҳкими ҳамкории дуҷониба дар соҳаи амният ҷиҳати тақвияти муборизаи беамони муштарак алайҳи хатару таҳдидҳои минтақавӣ ва ҷаҳонӣ, решакан кардани ҳамагуна зуҳуроти терроризм, ифротгароӣ ва қочоқи маводи мухаддир табодули афкор карданд.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 04.11.2020    №: 215    Мутолиа карданд: 225
15.04.2021


ВМКБ. ВОХӮРӢ БО НАМОЯНДАГОНИ МАРКАЗИ ИЛМӢ-ФАРҲАНГИИ РОССИЯ

ВАО: РАИСИ ҶМЧ БА ИШТИРОК ДАР САММИТ ОИД БА ИҚЛИМ МАЙЛ ДОРАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

НАВБАҲОР ГУЛ МЕКУНАД

НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ. ҲАВАСМАНДГАРДОНИИ ХИЗМАТЧИЁНИ ҲАРБӢ ДАР МАДДИ АВВАЛ

“ПАРВИН”. БЕҲТАРИНҲО ҚАДР ШУДАНД

14.04.2021


ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ "САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА"

ҲИЛОЛИ АҲМАРИ ТОҶИКИСТОН. КУМАК БА ЗИЁДА АЗ 9300 НИЁЗМАНД БА МУНОСИБАТИ МОҲИ РАМАЗОН

Навидҳои фарҳанг

Табрикоти кайҳоннавардон ба муносибати 60-солагии парвози инсон ба кайҳон

Ҷаҳон дар як сатр

12.04.2021


КИТОБИ «ТОҶИКОН» ДАСТРАСИ СОКИНОНИ НОҲИЯИ САНГВОР ГАРДИД

НУРОБОД ДАР СӢ СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТ

СУҒД. ФЕСТИВАЛИ ВИЛОЯТИИ «ҲУНАР БЕҲТАР АЗ ЗАР БУВАД» БАРГУЗОР МЕГАРДАД

СУҒД. 420 000 СОМОНӢ ГРАНТ БАРОИ ЗАНОНИ ҲУНАРМАНДУ ЭҶОДКОР

МЕРОСИ ТАЪРИХИЮ ФАРҲАНГӢ. ҲАМОИШИ МУҲИМИ КОРШИНОСОН

«КАДБОНУИ БЕҲТАРИН» МУАРРИФИИ ҒОЛИБОНИ ОЗМУН

ЛИГАИ ОЛӢ

09.04.2021


ТОҶИКИСТОН ВА АМА. ГУСТАРИШУ ТАҲКИМИ ҲАМКОРИҲО ТАЪКИД ШУД

ОЛМОН БО РОССИЯ ОИД БА ДАРЁФТИ «СПУТНИК V» МУЗОКИРОТ МЕГУЗАРОНАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

08.04.2021


ТОҶИКИСТОН – МАҶОРИСТОН. САҲИФАИ НАВИ ҲАМКОРӢ БОЗ ШУД

САРВАРИ ВКХ ПОКИСТОН РОССИЯРО ОМИЛИ УСТУВОРӢ ДАР МИНТАҚА ВА ҶАҲОН НОМИД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ТАСВИРИ ОБ ДАР АСАРҲОИ РАССОМОНИ ТОҶИКИСТОНӢ

«ХУҶАСТА БОД ИСТИҚЛОЛ!»

Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин бо Армида Салсия Алишаҳбана

МАГНОЛИЯ. НИҲОЛИ НОДИР ДАР ХУҶАНДИ БОСТОН

07.04.2021


МИСГАРӢ — БОЗГӮИ РАМЗҲО ВА АНЪАНАҲОИ МАРДУМӢ

«ТЕРРОРИЗМ РЕЛИГИОЗНЫХ ЭКСТРЕМИСТОВ...»

Лавров: «СММ низоъҳоро дар дунё муваффақона ба низом меоварад»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФУТБОЛ

06.04.2021


ВМКБ. НАҚШАИ ДАЪВАТ ДАР ЯК РӮЗ ИҶРО ШУД

ИШКОШИМ. ҒОЛИБОН БА НОҲИЯ БАРГАШТАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед