Хабарҳо
87 МЕДАЛИ ХОНАНДАГОНИ ТОҶИК ДАР ОЛИМПИАДАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ «MATH CHALLANGE - 2020»
Моҳи октиябри соли равон дар давлати Тайланд Олимпиадаи байналмилалии «Math Challange- 2020» байни 22 кишвари дунё тариқи фосилавӣ баргузор гардид. Дар он намояндагони ИМА, Англия, Қазоқистон, Ветнам, Туркия, Молдова, Руминия, Нигерия, Тоҷикистон, Муғулистон, Афғонистон, Эрон, Ироқ, Индонезия, Гурҷистон, Миср, Канада ва Бангладеш, дар маҷмӯъ, зиёда аз 1500 хонанда ширкат варзиданд. Ҷумҳурии Тоҷикистонро 137 хонанда аз 10 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии кишвар аз фанни математика намояндагӣ карда, сазовори 87 медал (36 тилло, 31 нуқра ва 20 биринҷӣ) гардиданд. Тавре аз Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо ба рӯзномаи “Ҷумҳурият” хабар доданд, аз шумораи умумии медалҳо хонандагони мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Бӯстон- 17 медали тилло, 18 нуқра, мактаби байналмилалии президентӣ дар шаҳри Душанбе - 4 тилло, 4 нуқра 11 биринҷӣ, литсей-интернати президентӣ барои кӯдакони болаёқат дар шаҳри Душанбе - 6 тилло, мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқат - 1 тилло, литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Хуҷанд - 2 тилло, ду нуқра ва 1 биринҷӣ, литсей барои хонандагони болаёқати равияи иқтисодӣ дар шаҳри Душанбе - 6 тилло, 4 нуқра, як биринҷӣ, литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Бохтар - як нуқра, 6 биринҷӣ ва литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Турсунзода - як нуқра, як биринҷӣ, инчунин, муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 13-и ноҳияи Шуғнон - як медали нуқра ба даст оварданд.
З. РАҶАБЗОДА, “Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 385