Хабарҳо
НАХУСТНАМОИШИ ФИЛМИ МАЗҲАКАВИИ «АВТОБУС»
Дар доираи ҷашни 90-солагии муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» бахшида ба солгарди рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки ходимони давлатӣ, олимон, адибон ва доираи васеи коршиносони соҳаи синамо дар «Кохи Наврӯз» нахустнамоиши филми мазҳакавии «Автобус» баргузор гардид.
Дар оғоз директори муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» Маҳмадсаид Шоҳиён ва раиси Иттифоқи синамогарони Тоҷикистон Сафар Ҳақдодов ҳозиринро бо солгарди рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақши ин санади сарнавиштсоз дар рушди ҷомеаи ҳуқуқбунёд ва синамои миллӣ изҳори андеша намуданд.
Ҳамзамон, зимни баргузории ин чорабинӣ як қатор собиқадорони соҳа ва ҳунармандон барои хизматҳои арзанда ва саҳми босазо дар рушди соҳаи синамои тоҷик бо нишони «Аълочии кинематографияи тоҷик», ифтихорнома ва сипосномаҳо сарфароз гардиданд.
Сипас, филми мазҳакавии «Автобус» манзури тамошобинон гашт. Рӯзҳои наздик филм дар марказҳои маъмурии ВМКБ ва вилоятҳои Суғду Хатлон намоиш дода мешавад.
Филми «Автобус» соли 2019 ба навор гирифта шуда, нақшҳои асосиро дар он ҳунарпешагон Мавлона Наҷмиддинова, Зарина Хушвахт, Абдулмуъмин Шарифов ва Насриддин Нуриддинов иҷро намуданд.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш филми «Автобус» дар Кинофестивали байналмилалии XVI филмҳои мусулмонии Қазон сазовори Ҷоизаи Нигоҳи гурӯҳи стратегии «Россия ва олами исломӣ» гардид.
Комрон САФАР, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 432