Хабарҳо
КИШВАРҲОИ ОСИЁ ОИД БА КАЛОНТАРИН ДАР ҶАҲОН МИНТАҚАИ ТИҶОРАТИ ОЗОД ПАЙМОН БАСТАНД
АИР «Новости». Понздаҳ давлати минтақаи Осиё - уқёнуси Ором дар ҳошияи ҳамоиши Ассотсиатсияи кишварҳои Осиёи Ҷанубу Шарқӣ (АСЕАН) доир ба Шарикии ҳамаҷонибаи минтақавии иқтисодӣ паймон ба тасвиб расонданд, - иттилоъ медиҳад Вазорати молияи Чин.
Ба паймон Чин, Австралия, Зеландияи Нав, Корея, Ҷопон ва даҳ кишвари ACEAH – Бруней, Мянма, Камбоҷа, Индонезия, Лаос, Сингапур, Малайзия, Филиппин, Таиланд ва Ветнам шомил шуданд. Саҳми онҳо сеяки маҷмӯи маҳсулоти дохилии ҷаҳонро ташкил медиҳад.
Паймон ба барқарорсозии иқтисодии ин кишварҳо пас аз пандемияи коронавирус мусоидат хоҳад кард. Мавриди тазаккур аст, ки кори ташкили МТО ҳанӯз соли 2012 шурӯъ шуда, дар ин муддат беш аз 30 давраи гуфтушунид баргузор гашт.
«СПУТНИК V»-РО МЕТАВОНАНД БА РӮЙХАТИ ВАКСИНАҲОИ БА ИСТИФОДАИ ФАВРӢ ТАВСИЯДОДАИ СҶТ ВОРИД СОЗАНД
АИР «Новости». Созмони ҷаҳонии тандурустӣ масъалаи ба рӯйхати мазкур шомил намудани ваксинаи русӣ алайҳи коронавирусро баррасӣ мекунад.
Дар ниҳод таъкид доштанд, ки шомилсозии он бо риояи шарти мувофиқати дору ба меъёрҳои зарурӣ сурат мегирад. Ба гуфтаи намояндаи созмон, СҶТ бо ин мақсад бо пажӯҳишгоҳи илмию тадқиқотии эпидемиология ва микробиологияи Гамалей дар робита мебошад.
«Агар муқаррар шавад, ки ин ваксинаи барои баҳодиҳӣ пешниҳодшуда ба меъёрҳои ҳатмӣ созгор мебошад, СҶТ онро ба рӯйхат ворид карда, аз ин хусус расман иттилоъ медиҳад», - афзуд манбаъ.
ОЛИМОН ДАР МУБОРИЗА БО COVID-19 ҚАТРОНРО 99,9 ДАРСАД САМАРАБАХШ МЕШУМОРАНД
АИР «Новости». Қатрон барои чайқондани даҳон метавонад ба чораҳои рӯзмарраи муҳофизатӣ - шустани дастҳо, фосилаи иҷтимоӣ ва пӯшидани ниқоб иловаи муфид гардад, - мегӯянд олимони озмоишгоҳи мустақили байналмилалии Microbac Laboratories.
Чуноне онҳо маълум карданд, ҳангоми истифодаи қатроне, ки моддаи 0,07 фоизаи CPC (сетилпиридиния хлорид) дорад, аллакай, пас аз 30 сония он 99,9 дарсади штамми коронавирусро безарар мегардонад.
Вале дар баробари ин, олимон таъкид доштанд, ки истифодаи қатрон боздошти пурраи интиқоли вирусро аз одам ба одам кафолат намедиҳад.
ДАЙВЕРИ МИСРӢ РЕКОРДИ ҶАҲОНИИ ЗЕРИ ОБ ИСТОДАНРО НИШОН ДОД
Divernet. Аквалангчӣ аз Миср Саддом ал-Килонӣ дар баҳри Сурх 145 соату 30 дақиқаро зери об гузаронд, ки рекорди ҷаҳонӣ мебошад.
Зикр меравад, ки барои ба ин натиҷаи ҳайратангез расидан шиновари 29 - сола Ал-Килонӣ панҷ сол пайваста тамрин намуд. Ӯ соли 2017 зери об 121 соат истода буд.
Рекорди қаблии ҷаҳонӣ 142 соату 47 дақиқаро ташкил медод. Алъон, дайвери мисрӣ интизори сабти натиҷааш дар Китоби рекордҳои Гиннес мебошад.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 322