logo

Хабарҳо

ДАР ТОҶИКИСТОН ТЕЪДОДИ ШИФОЁБӢ АЗ COVID НАЗАР БА ГИРИФТОРӢ БЕШТАР ШУД

Sputnik. Дар кишвар шабонарӯзи гузашта 38 ҳодисаи нави сироятёбӣ ба коронавирусро Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба қайд гирифт.
Зимни ин, табибон 41 беморро шифо бахшиданд. Аз оғози пандемия дар мамлакат шумораи мубталоён ба 11932, дармонёфтаҳо ба 11312 нафар расид. Аз вируси нав 86 нафар фавтид.
Қаблан вазорат иттилоъ дода буд, ки сирояти SARS-CoV-2 дар Душанбе рӯ ба коҳиш ниҳодааст. Дар ин иртибот ниҳод аз тадбирҳое нақл намуд, ки дар пойтахт барои пешгирии паҳншавии вируси нав ва табобати беморон роҳандозӣ мешаванд. Аз ҷумла, барои давои маризон беш аз 1000 кат омода шуда, дар мавриди зарурат боз 2000 ҷой муҳайё карда метавонанд.


СҶТ: «БА АВРУПО ИБТИДОИ СОЛИ 2021 МАВҶИ СЕЮМИ SARS-COV-2 ТАҲДИД МЕКУНАД»
Sputnik. Намояндаи вижаи Созмони ҷаҳонии тандурустӣ Давид Набар аз хавфи сарзании мавҷи сеюми коронавирус дар Аврупо дар оғози соли оянда ҳушдор дод.
"Вокуниши Аврупо ба пандемия нопурра буд. Онҳо баъди таҳти назорат гирифтани мавҷи якум имконияти бунёди инфрасохтори заруриро дар тобистон аз даст доданд. Ҳоло дар Аврупо мавҷи дуюм рафта истодааст. Агар сари вақт инфрасохтори заруриро фароҳам наоранд, ибтидои соли дигар мавҷи сеюм ногузир мешавад», - гуфт Набар.
Бино ба таъкидаш, айни замон вазифаи асосии сарварони кишварҳои аврупоӣ таҳти назорат гирифтани вирус мебошад. Зеро низоми қатъии маҳдудият боиси талафоти азими иқтисодӣ гашт.


ДАР ТУРКМАНИСТОН НИСБАТ БА КАЛОНСОЛОН МАҲДУДИЯТ ҶОРӢ НАМУДАНД
ORIENT. Ҳукумати кишвар равуои шаҳрвандонро танзим карданист, то ки паҳншавии бемориҳои сироятӣ пешгирӣ гардад.
Ба ин хотир, сафар ба шаҳру вилоятҳо барои ашхоси гурӯҳҳои осебпазир, аз ҷумла барои афроди беш аз 50 - сола, сафарҳои хизматӣ барои кормандони синнашон аз 50 боло ба дигар минтақаҳо маҳдуд шуд.
Дар Туркманистон расман сирояти коронавирус ба қайд гирифта нашудааст. Барои пешгирӣ низоми ниқобпӯшӣ роҳандозӣ кардаанд. То охири сол парвози ҳавопаймоҳо ба хориҷа, ҳаракати қатораҳо ва автобусҳои байнишаҳрӣ қатъ, масҷиду калисо, марказҳои савдо, муассисаҳои фарҳангӣ ва хизматрасонӣ баста шудаанд.


САРВАЗИРИ ҚАЗОҚИСТОН БАРОИ ПАСТ КАРДАНИ НАРХИ ДОРУИ ЗИДДИКОВИДӢ ЯК ҲАФТА МУҲЛАТ ДОД
Informburo.kz. Сарвазири кишвар Аскар Мамин ҷаласаи навбатии Комиссияи байниидоравии пешгирии паҳн-шавии вируси навро гузаронд.
"Афзоиши сирояти коронавирус амалан дар ҳама манотиқи кишвар мушоҳида мешавад. Дар «минтақаи сурх»-и SARS-CoV-2 Павлодар, Қустанай, Қазоқистони шимолӣ ва Акмола қарор доранду дар «минтақаи зард» вилояти Қазоқистони ғарбӣ ва шаҳри Нур - Султон", - гуфт Сарвазир.
Аскар Мамин ба Вазорати тандурустӣ супориш дод, ки дар як ҳафта барои коҳиши нархи ниҳоии дору тартиби танзими нархи дорувории зиддиковидиро тағйир диҳад.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 986
26.11.2021


Иштироки Рустами Эмомалӣ дар ҷаласаи навбатии Шурои Ассамблеяи байнипарлумонӣ

Лавров бо вазирони корҳои хориҷии Чин ва Ҳиндустон роҳҳои рушди ҳамкориҳои сеҷонибаро баррасӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

25.11.2021


Боздиди намояндагони Иттиҳоди Аврупо аз НБО «Норак»

Суҳбати Путин бо раиси Шурои Аврупо

Ҷаҳон дар як сатр

МАШҒУЛИЯТИ ОМӮЗИШӢ ОИД БА МАБЛАҒГУЗОРИИ ХУРД МУВОФИҚИ ПРИНСИПҲОИ МАБЛАҒГУЗОРИИ ИСЛОМӢ

24.11.2021


Масъалаи аломатгузории хати сарҳади давлатӣ баррасӣ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

Путин, Алиев ва Пашинян 26 ноябр дар Сочи мулоқот хоҳанд кард

ЛИГАИ ҚАҲРАМОНҲО

ВАО. НАҚШИ МУҲИМТАРИН ВОСИТАИ ТАЪСИРРАСОНӢ ДАР ЗАМОНИ ПАНДЕМИЯ

ЛАХШ. ТАНТАНАИ ҶАШНИ МИЛЛӢ

С А Н О А Т . МАҲСУЛОТИ ВАТАНӢ ИФТИХОРИ МАНУ МО

РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ. ҲАМОИШИ ҶАШНӢ ДАР ДМТ

ФУРӮҒИ ВАТАНДОРӢ

22.11.2021


Ҷамъбасти машқҳои тактикии «Кобалт-2021»

ТИБ. БАРРАСИИ МУҲИМТАРИН САМТҲОИ СОҲА

МУҲАММАД ҒОИБ: «ДИЛ ЁФТАНУ САРҶАМЪ СОХТАНИ МИЛЛАТ ОСОН НАБУД!»

ДДЗТ: АЗ ТАЪСИСИ МАРКАЗИ TOEFL ТО ИНТИШОРИ 5 КИТОБИ МУҲИМ

ИЛМ. БАРГУЗОРИИ ҲАМОИШИ МУҲИМ

18.11.2021


Россия аз хатари паҳншавии терроризм ба кишварҳои ҳамсояи Афғонистон ҳушдор дод

ҶИУ-ҶИТСУ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ҒАМХОРИ ТАБИАТ БОШЕМ!

17.11.2021


“Созандагиҳои Пешвои миллат дар тули се даҳсолаи соҳибистиқлолӣ”

12.11.2021


Рӯзи Президент дар сатҳи баланд таҷлил мешавад

Рӯзи Президент дар сатҳи баланд таҷлил мешавад

“КОНСТИТУТСИЯ – САНАДИ САРНАВИШТСОЗ ВА БАХТНОМАИ МИЛЛАТИ ТОҶИК”

РАШТ. УФУҚҲОИ РУШДИ КИШОВАРЗӢ

11.11.2021


Шурои амнияти ФР: «Ҳузури доимии СММ дар Афғонистон бояд нигоҳ дошта шавад»

Ҷаҳон дар як сатр

ЛИГАИ ОЛӢ

10.11.2021


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо кормандони Сафорати Тоҷикистон дар Россия

ҶАЛАСАИ САЙЁРИ РУШДИ МАҲАЛ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед