logo

Хабарҳо

СУҒД. ИТТИФОҚИ КОРГОҲҲОИ САНОАТИ САБУК ТАЪСИС ЁФТ

Ҷиҳати ҳамоҳангсозии  фаъолияти самаровар ва таҳкими ҳамкориҳо миёни корхонаҳои саноати сабук дар вилояти Суғд Иттифоқи коргоҳҳои саноати сабуки вилояти Суғд таъсис ёфт. Дар кори конференсияи муассисон раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ширкат варзида,  оид ба ҳадаф ва вазифаҳои ин ташкилот сухан гуфт.
- Тоҷикистон дар шароити имрӯза ба марҳилаи нави рушд расидааст. Акнун бо он имконоти ақливу зеҳнӣ ва захираҳои фаровони ашёи хом зарур аст, ки Тоҷикистонро ба як кишвари пешрафтаи саноатии истеҳсолӣ бо неруи бузурги содиротӣ табдил диҳем. Маҳз бо ҳамин мақсад Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навин саноатикунонии босуръатро чорумин ҳадафи миллӣ эълон доштанд. Рушди бемайлони саноати сабук яке аз он роҳҳоест, ки  метавонад мавқеи Тоҷикистонро дар бозори ҷаҳонӣ устувор гардонад, -  гуфт раиси вилоят.
Вилояти Суғд даҳсолаҳо боз аз ин ҷиҳат  миёни дигар манотиқи кишвар  қутбнамост. Ҳанӯз аз даврони шӯравӣ дар  Хуҷанд, Конибодом, Гулистон (Қайроққум) ва Истаравшан  корхонаҳои азими саноати сабук фаъолияти босамар доштанд ва бисёр шаҳрҳои бузурги Иттиҳоди Шӯравиро бо ашёи аълосифати хом - ресмону матоъҳои шоҳӣ ва  қолину либосҳои нимтайёри пахтагин таъмин мекарданд.
Мутаассифона, таҳлилҳо аз он бозгӯйӣ доранд, ки  ҳоло дар вилоят, сарфи назар аз он ки барои рушди саноати сабук тамоми шароитҳо муҳайёанд, ҳавасмандии ҷиддие аз ҷониби соҳибкорон эҳсос намешавад. Дар вилоят то 45 ҳазор тонна нахи пахта истеҳсол шавад ҳам, коркарди ниҳоии он ҳамагӣ 7 - 8 дарсадро ташкил медиҳаду халос. Ин вазъ ба ҳадафҳои саноатикунонии босуръат, коркарди ашёи хом то ҳадди ниҳоӣ ва афзоиш бахшидани  маҳсулоти содиротӣ ҷавобгӯй намебошад. Аз ҳамин хотир,  бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят сарварони 10 корхонаи сабуки вилоят  тасмим гирифтанд, ки ташкилоти ҷамъиятии  Иттифоқи коргоҳҳои саноати сабуки вилояти Суғдро созмон диҳанд.
- Иқдоми мазкур хеле саривақтиву боиси дастгирист. Акнун шароит фароҳам меояд, ки ҷиҳати ҳаллу фасли масоили истеҳсол, фурӯш, хусусан содироти он,  ин ташкилоти ҷамъиятӣ бо назардошти  манфиатҳои  корхонаҳои саноатӣ бо субъектҳои байналмилалӣ оид ба ҳамкориҳои судманд  робитаи зичи доимӣ дошта бошад ва  худи корхонаҳо танҳо  баҳри  истеҳсоли миқдори маҳсулот ва сифату номгӯйи он талош варзанд, - иброз дошт Мақсудҷон Зиёбоев, директори генералии ҶДММ “Зиннат”-и шаҳри Хуҷанд.
Саидраҳмон Хидиров, муассиси ҶСК “Сомон - Суғд”, ҶДММ “Суғдиён” дар шаҳри Хуҷанд ва Муъминҷон Фозилов, директори  ҶДММ “Ноҳид”-и шаҳри Истаравшан, эътимоди комил доранд, ки созмон додани  ташкилоти Иттифоқи коргоҳҳои саноати сабуки вилояти Суғд  ба фаъолияти корхонаҳои саноати сабуки вилоят такони ҷиддӣ мебахшад.
Ҳадафи асосии ин ташкилоти ҷамъиятӣ ҳамоҳангсозии фаъолияти кории корхонаҳои саноати сабуки вилоят ҷиҳати расидан ба натиҷаҳои баланди истеҳсолию мавқеъ ёфтан дар бозори ҷаҳонӣ арзёбӣ мешавад.                                                                                               
Ҷовиди АШТӢ, “Ҷумҳурият”
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 1075
26.11.2021


Иштироки Рустами Эмомалӣ дар ҷаласаи навбатии Шурои Ассамблеяи байнипарлумонӣ

Лавров бо вазирони корҳои хориҷии Чин ва Ҳиндустон роҳҳои рушди ҳамкориҳои сеҷонибаро баррасӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

25.11.2021


Боздиди намояндагони Иттиҳоди Аврупо аз НБО «Норак»

Суҳбати Путин бо раиси Шурои Аврупо

Ҷаҳон дар як сатр

МАШҒУЛИЯТИ ОМӮЗИШӢ ОИД БА МАБЛАҒГУЗОРИИ ХУРД МУВОФИҚИ ПРИНСИПҲОИ МАБЛАҒГУЗОРИИ ИСЛОМӢ

24.11.2021


Масъалаи аломатгузории хати сарҳади давлатӣ баррасӣ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

Путин, Алиев ва Пашинян 26 ноябр дар Сочи мулоқот хоҳанд кард

ЛИГАИ ҚАҲРАМОНҲО

ВАО. НАҚШИ МУҲИМТАРИН ВОСИТАИ ТАЪСИРРАСОНӢ ДАР ЗАМОНИ ПАНДЕМИЯ

ЛАХШ. ТАНТАНАИ ҶАШНИ МИЛЛӢ

С А Н О А Т . МАҲСУЛОТИ ВАТАНӢ ИФТИХОРИ МАНУ МО

РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ. ҲАМОИШИ ҶАШНӢ ДАР ДМТ

ФУРӮҒИ ВАТАНДОРӢ

22.11.2021


Ҷамъбасти машқҳои тактикии «Кобалт-2021»

ТИБ. БАРРАСИИ МУҲИМТАРИН САМТҲОИ СОҲА

МУҲАММАД ҒОИБ: «ДИЛ ЁФТАНУ САРҶАМЪ СОХТАНИ МИЛЛАТ ОСОН НАБУД!»

ДДЗТ: АЗ ТАЪСИСИ МАРКАЗИ TOEFL ТО ИНТИШОРИ 5 КИТОБИ МУҲИМ

ИЛМ. БАРГУЗОРИИ ҲАМОИШИ МУҲИМ

18.11.2021


Россия аз хатари паҳншавии терроризм ба кишварҳои ҳамсояи Афғонистон ҳушдор дод

ҶИУ-ҶИТСУ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ҒАМХОРИ ТАБИАТ БОШЕМ!

17.11.2021


“Созандагиҳои Пешвои миллат дар тули се даҳсолаи соҳибистиқлолӣ”

12.11.2021


Рӯзи Президент дар сатҳи баланд таҷлил мешавад

Рӯзи Президент дар сатҳи баланд таҷлил мешавад

“КОНСТИТУТСИЯ – САНАДИ САРНАВИШТСОЗ ВА БАХТНОМАИ МИЛЛАТИ ТОҶИК”

РАШТ. УФУҚҲОИ РУШДИ КИШОВАРЗӢ

11.11.2021


Шурои амнияти ФР: «Ҳузури доимии СММ дар Афғонистон бояд нигоҳ дошта шавад»

Ҷаҳон дар як сатр

ЛИГАИ ОЛӢ

10.11.2021


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо кормандони Сафорати Тоҷикистон дар Россия

ҶАЛАСАИ САЙЁРИ РУШДИ МАҲАЛ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед