logo

сиёсат

БО ПЕШВО БА ПЕШ! МАСТЧОҲИЁН АЗ ИҚДОМҲОИ САРВАРИ ДАВЛАТ ИСТИҚБОЛИ ГАРМ ДОРАНД


Ибтидои солҳои навадуми асри гузашта, аниқтараш 9 сентябри соли 1991, Ватани азизу биҳиштосоямон - Тоҷикистон соҳибистиқлол шуд. Ин рӯйдоди бузурги таърихӣ дар айёме ба вуқӯъ пайваст, ки аз муҳоҷирати мардуми Кӯҳистони Мастчоҳ ба дашти Дилварзин ё худ санаи «дуюмин маротиба ташкил ёфтани ноҳияи Мастчоҳ» 35 сол сипарӣ гардид.
Расидан ба Истиқлолияти давлатӣ барои мардуми тоҷик марҳилаи сифатан нави ҳаёти сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангӣ, давраи нави эҳёи давлату давлатдорӣ гашта, бояд саҳифаи наверо дар сарнавишти халқи куҳанбунёду соҳибтамаддуни тоҷик боз мекард. Мутаассифона, бинобар хиёнати як тӯдаи ба истилоҳ «неруҳои навзуҳури сиёсӣ», ҷоҳталабу мансабгадо ва бо пуштибонии хоҷагони хориҷии онҳо кишвари маҳбубамон ба гирдоби ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ кашида шуд. Хатари аз харитаи сиёсии ҷаҳон маҳв шудани Тоҷикистони маҳбуб ва пароканда гардидани миллати тоҷик ба воқеият табдил ёфта буд.  Дар он даврони мудҳиш ба таъкиди Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон: «Душманону хоинони миллати тоҷик ва бадхоҳони давлати тоҷикон мехостанд, ки бо зӯри силоҳ, бо роҳи тарсондан ва қатлу куштори бераҳмона фарҳанги бегонаро ба сари мардуми мо таҳмил кунанд ва дар Тоҷикистон давлати исломӣ бунёд намоянд».
Дар натиҷа, кишварро беқонуниву бенизомӣ фаро гирифт, сохторҳои ҳокимияти давлатӣ фалаҷ гардиданд, беш аз як миллион нафар ҳамватанонамон ба гурезаи иҷборӣ табдил ёфтанд ва даҳҳо ҳазор шаҳрвандони бегуноҳ ба ҳалокат расиданд.
Дар чунин шароити ниҳоят вазнин фарзандони огоҳи миллат ва қувваҳои солими ҷомеа ба хотири наҷоти давлат ва миллат муттаҳид шуданд ва тамоми саъю талоши худро барои аз гирдоби ҷанги бародаркуши таҳмилӣ раҳоӣ бахшидани мардум сафарбар намуданд. Ба ин хотир, аз 16-уми ноябр то 2-юми декабри соли 1992 дар Қасри Арбоб Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Тоҷикистон баргузор гардида, роҳи дурусту минбаъдаи инкишофи давлати навини Тоҷикистон, яъне бунёди давлати соҳибихтиёру демократӣ, дунявӣ ва ҳуқуқбунёду ягонаро мушаххас намуд. Дар ин анҷумани сарнавиштсоз фарзанди асилу фарзонаи миллат, ҷонфидои халқу Ватан муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардида, ба мардуми Тоҷикистон башорат доданд: «Ман ба шумо сулҳ меорам». Ин марди бузург ба қавли худ содиқ монда, дар Тоҷикистони азиз сулҳу ваҳдатро ба армуғон оварданд.
Дар натиҷаи фаъолияти пурсамар, хираду заковат ва сиёсати оқилонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Тоҷикистон сулҳу осоиш, амнияти комил ва суботи сиёсӣ барқарор гашт. Зиёда аз як миллион муҳоҷири иҷборӣ ба Ватан баргардонда шуд. Дар мамлакат Конститутсия, рамзҳои давлатӣ қабул, вакилони парлумони касбӣ  интихоб  ва  Ҳукумати қонунӣ ба фаъолият оғоз намуд ва ҳамаи ин ба шарофати хираду ҷасорат ва матонати Пешвои муаззами миллат ба даст омад. Бинобар ин, ба таъкиди Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин: «Эмомалӣ Раҳмон яке аз симоҳои барҷаста буда, дар байни сиёсатмадорони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мавқеи намоёнро ишғол мекунад. Ин беҳуда нест. Тамоми ҷидду ҷаҳди ӯ аз он шаҳодат медиҳанд, ки дар Тоҷикистон раванди сулҳ тавре пойдор аст, ки назираш дар ҳеҷ як мамлакате, ки чунин вазъияти муташанниҷ дошт, дида намешавад».
Таҳти роҳбарии музаффаронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва тадбирҳои андешидаи Ҳукумати мамлакат марҳила ба марҳила ҳадафҳои стратегӣ – таъмини амнияти озуқаворӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, ноил шудан ба истиқлолияти энергетикӣ татбиқ мешаванд. Бахусус, тайи ҳафт соли охир сатҳи некуаҳволии мардум баланд гардид. Ҳамзамон, дар ин давра ба истифода додани ду агрегати кохи муҳташами нуристони миллат - Неругоҳи барқи обии «Роғун» собит намуд, ки мардуми шарифи Тоҷикистон қодир аст, ки азимтарин  иншоотро бунёд карда, парчами шарафу ифтихори миллиро баланд бардорад.
Тайи солҳои соҳибистиқлолӣ корҳои созандагию бунёдкорӣ беш аз пеш авҷ гирифта, шаҳру деҳот қабои наву замонавӣ ба бар менамоянд. Дар ин замина, бо мусоидату раҳнамоӣ ва ғамхориҳои рӯзафзуни Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шаҳраку деҳоти ноҳияи  Мастчоҳ низ хеле ободу зебо ва пешрафтаву шукуфон гардид.  Агар соли 1991 дар ноҳия ҳамагӣ ду корхонаи саноатӣ (заводи пахтатозакунии Бӯстон ва матбаа) вуҷуд дошта бошад, айни ҳол  шумораи онҳо 30-торо ташкил медиҳад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 1994, 1996, 2007, 2011 ва 2016 ба ноҳияи Мастчоҳ сафарҳои корӣ анҷом доданд, ки аз файзи баракати қадамҳои Пешвои миллат дар ноҳияи Мастчоҳ даҳҳо иншооти иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангию маънавӣ ба истифода дода шуданд. Аз ҷумла, зимни сафари кории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рӯзҳои таҷлили Ҷашни байналмилалии Наврӯз (соли 2011), дар ноҳияи Мастчоҳ калонтарин фабрикаи ресандагӣ –  ҶСП “Олим-текстайлз” ба номи 20-солагии Истиқлолияти давлатӣ (ҳоло ҶДММ “Ангубин”) мавриди истифода қарор гирифт, ки  барои сохтмон ва таҷҳизондани он қариб 140 миллион сомонӣ сарф гардидааст.
Дар ин сафари худ, ҳамчунин, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҳаллаи “Ҷавонӣ”-и деҳоти Палдорак муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии замонавиро ба истифода супурданд. Ин муассисаи таълимӣ аз ҳисоби Буҷети давлатӣ ба маблағи қариб яку ним миллион сомонӣ бунёд ёфта, ҳамзамон бо ин, барои сохтмони толори варзиши он иловатан 350 ҳазор сомонӣ маблағ сарф шуд.
Моҳи марти соли 2016 зимни сафари кории худ ба ноҳияи Мастчоҳ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Андарвашти деҳоти Оббурдон муассисаи нави таълимиро ба истифода дода, барои бунёди шаҳраки наву замонавии “Ганҷобод” санги асос гузоштанд. Бо иштироки Пешвои миллат дар маркази ноҳия маросими пардабардорӣ аз муҷассамаи шоҳ Исмоили Сомонӣ сурат гирифт ва дар пояи он Президенти мардумӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид карданд: «Мардуми ноҳияи Мастчоҳ бо ҳамон ифтихор ва оини ватандории худ пас аз кӯч бастан ба мавзеи нав ва бунёд намудани диёри шукуфову сабзу хуррам, дар навбати аввал, суннатҳои аҷдодӣ ва оинҳои миллии қадимаро ҳамроҳи хеш ба ин сарзамини тозабунёд овардаанд ва то кунун онҳоро бо беҳтарин ваҷҳ идома медиҳанд.
Мардуми Мастчоҳ меросбарони асили фарҳанг ва тамаддуни чандинҳазорсолаи ниёгонамон ҳастанд, ки маҷмӯи суннату падидаҳои таърихии аҷдодамонро бо оинҳои навини даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистони азиз омезиш дода, бо ин роҳ дар ғанӣ гардондани фарҳанги миллиамон ҳиссаи арзишманд мегузоранд».
Маҳз бо ҳамин хусусиятҳо ва вижагиҳои барҷастаи сокинони ноҳия, ки фарҳанг ва расму оинҳои миллиро дар ҷону вуҷуди хеш ҳифз намудаанд, Пешвои миллат дастур доданд, ки дар маркази ноҳия қасри фарҳанги бошукӯҳи замонавӣ сохта шавад. Ҳамин тариқ, он бо фармоиши Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии назди Дастгоҳи иҷроияи Президенти мамлакат бунёд гардид, ки арзишаш зиёда аз 30 миллион сомониро дар бар мегирад. Инчунин, дар ноҳия варзишгоҳи муосир барои 10000 ҷойи нишаст, қасри варзишии «Паҳлавонони суғдӣ» барои 400 ҷой, майдони Парчами давлатӣ, бинои шуъбаи адлия, боғи фарҳангу фароғатии «Тоҷикистон», бинои Кумиҷроияи ноҳиявии ҲХДТ, фермаи ширию молӣ, муассисаҳои таълимии томактабии  «Ваҳдат» ва «Насли Ориё», муҷассамаи рамзии «Пахтаи шукуфон» бунёд ва тамоми роҳҳои дохилии шаҳраки Бӯстон навсозӣ гаштанд.
Дар шаҳраки Суғдиён корхонаи парандапарварӣ ва маҳаллаи навбунёди «Ганҷобод» муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии  замонавӣ барои 1200 ҷой дар ду баст мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд. Боиси тазаккур аст, ки  дар доираи нақшаи корҳои созандагию бунёдкорӣ ба истиқболи Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар ноҳия бунёд, таъмир ва навсозии 535 иншоот ба маблағи умумии 315 миллион сомонӣ дар назар буда, то имрӯз 397-то, аз ҷумла дар нуҳ моҳи соли равон 133 иншоот, ба истифода дода шуд.
Ҳамаи ин шукуфоӣ, пешравӣ ва ободию созандагӣ аз файзи дастгирию пуштибониҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва таваҷҷуҳ, самимият ва лутфу меҳрубониҳои ин Сарвари аъзам нисбат ба ноҳияи Мастчоҳ мебошад. Бинобар ин, мо сокинони ноҳияи Мастчоҳ бо Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша ифтихор мекунем, барои татбиқи сиёсати хирадмандонаи ин абармарди миллат тамоми саъю талоши худро равона карда, бо камоли ҳастӣ бо Ватан, истиқлолият ва Пешвои миллат шукрона менамоем. Ба таъкиди шоири ҳамдиёрамон Олимхон Исматӣ:
Эй миллати азизи ман, бо Пешво ба пеш!
Дар зери парчами Ватан, бо Пешво ба пеш!
 
Тоҳир АЗИЗЗОДА,
раиси ноҳияи Мастчоҳ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 7.12.2020    №: 234    Мутолиа карданд: 571
26.11.2021


Иштироки Рустами Эмомалӣ дар ҷаласаи навбатии Шурои Ассамблеяи байнипарлумонӣ

Лавров бо вазирони корҳои хориҷии Чин ва Ҳиндустон роҳҳои рушди ҳамкориҳои сеҷонибаро баррасӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

25.11.2021


Боздиди намояндагони Иттиҳоди Аврупо аз НБО «Норак»

Суҳбати Путин бо раиси Шурои Аврупо

Ҷаҳон дар як сатр

МАШҒУЛИЯТИ ОМӮЗИШӢ ОИД БА МАБЛАҒГУЗОРИИ ХУРД МУВОФИҚИ ПРИНСИПҲОИ МАБЛАҒГУЗОРИИ ИСЛОМӢ

24.11.2021


Масъалаи аломатгузории хати сарҳади давлатӣ баррасӣ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

Путин, Алиев ва Пашинян 26 ноябр дар Сочи мулоқот хоҳанд кард

ЛИГАИ ҚАҲРАМОНҲО

ВАО. НАҚШИ МУҲИМТАРИН ВОСИТАИ ТАЪСИРРАСОНӢ ДАР ЗАМОНИ ПАНДЕМИЯ

ЛАХШ. ТАНТАНАИ ҶАШНИ МИЛЛӢ

С А Н О А Т . МАҲСУЛОТИ ВАТАНӢ ИФТИХОРИ МАНУ МО

РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ. ҲАМОИШИ ҶАШНӢ ДАР ДМТ

ФУРӮҒИ ВАТАНДОРӢ

22.11.2021


Ҷамъбасти машқҳои тактикии «Кобалт-2021»

ТИБ. БАРРАСИИ МУҲИМТАРИН САМТҲОИ СОҲА

МУҲАММАД ҒОИБ: «ДИЛ ЁФТАНУ САРҶАМЪ СОХТАНИ МИЛЛАТ ОСОН НАБУД!»

ДДЗТ: АЗ ТАЪСИСИ МАРКАЗИ TOEFL ТО ИНТИШОРИ 5 КИТОБИ МУҲИМ

ИЛМ. БАРГУЗОРИИ ҲАМОИШИ МУҲИМ

18.11.2021


Россия аз хатари паҳншавии терроризм ба кишварҳои ҳамсояи Афғонистон ҳушдор дод

ҶИУ-ҶИТСУ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ҒАМХОРИ ТАБИАТ БОШЕМ!

17.11.2021


“Созандагиҳои Пешвои миллат дар тули се даҳсолаи соҳибистиқлолӣ”

12.11.2021


Рӯзи Президент дар сатҳи баланд таҷлил мешавад

Рӯзи Президент дар сатҳи баланд таҷлил мешавад

“КОНСТИТУТСИЯ – САНАДИ САРНАВИШТСОЗ ВА БАХТНОМАИ МИЛЛАТИ ТОҶИК”

РАШТ. УФУҚҲОИ РУШДИ КИШОВАРЗӢ

11.11.2021


Шурои амнияти ФР: «Ҳузури доимии СММ дар Афғонистон бояд нигоҳ дошта шавад»

Ҷаҳон дар як сатр

ЛИГАИ ОЛӢ

10.11.2021


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо кормандони Сафорати Тоҷикистон дар Россия

ҶАЛАСАИ САЙЁРИ РУШДИ МАҲАЛ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед