logo

иқтисод

САҲМГУЗОРИИ МУАЙЯНШУДАИ МИЛЛӢ. ТАҲИЯИ ЯК ҲУҶҶАТИ МУҲИМИ ЭКОЛОГӢ

Саҳмгузории муайяншудаи миллӣ (СММ) асоси Созишномаи Париж ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои дарозмуддат мебошад. Он кӯшишҳои ҳар як кишварро барои коҳиш додани партов ба ҳавои атмосфера ва мутобиқшавӣ ба таъсири тағйирёбии иқлим дар бар мегирад. Созишнома аз ҳар як давлат талаб менамояд, ки оид ба саҳми муайяншудаи миллӣ гузориш пешниҳод намояд ва дар дохили кишварҳо барои кам кардани партов тадбирҳо андешад.

Кишвари мо низ ин масъулиятро ба уҳда дорад. Тоҷикистонро зарур аст, ки СММ – и худро тавассути риояи дастури нав, яъне бо тарзи шаффофу мукаммал такмил дода, соли 2021 ба Котиботи Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим пешниҳод намояд. Масъалаи мазкур зимни ҷаласаи сеюми гурӯҳи кории байниидоравии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Тавре Диловаршо Дӯстзода, директори Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, иброз дошт, дар доираи ҷаласаи сеюм бо дастгирии Кумитаи ҳифзи муҳити зист ва Ташкилоти озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид масоили таҳкиму вусъат бахшидани иқтидори миллӣ ва донишу малакаи амалигардонии нақшаҳо дар самти кам кардани партов ва мутобиқат ба тағйирёбии иқлим барои таҳияи ҳуҷҷати мукаммали саҳмгузории муайяншудаи миллӣ имконият фароҳам меорад. Маҳз тавассути мубодилаи афкор ва таҷриба, мусоидат намудан ба такмили омӯзиш бо усули «ҳамкор ба ҳамкор» ва баланд бардоштани иқтидори гурӯҳи кории техникӣ метавон ба натиҷаҳо ноил гашт. Зеро таҳия ва татбиқи ин ҳуҷҷат бо назардошти татбиқи яке аз ҳадафҳои стратегӣ – саноатикунонии босуръати кишвар таҳлили амиқ металабад.
Тоҷикистон ҳанӯз моҳи сентябри соли 2015 бо имзои Созишномаи Париж саҳми пешбинишудаи миллии муайянкардаи худро пешниҳод карда буд. Дар он ҳадафи тахминии коҳиш додани на зиёда аз 80-90 дарсади партовҳои гази гулхонаии соли 1990 то соли 2030 инъикос ва дарҷ гардид. Яъне, дар вақти ихроҷи партовҳо ба ҳавои атмосфера меъёри партофти солҳои навадум ба инобат гирифта мешавад. Масалан, то соли 1990 партофти газ ба ҳаво 25,5 миллион тонна буда, оғоз аз соли 1995 ҳаҷми он то 10 миллион тонна коҳиш ёфт. Мувофиқи пешгӯии мутахассисон то соли 2030, ҳатто, бо татбиқи чоруми стратегӣ ва наандешидани чораҳои зарурӣ оид ба кам кардани партовҳо, нишондиҳандаи ҳаҷми партофт аз меъёр нагузашта, 20 миллион тоннаро ташкил медиҳад.
Албатта, дар Тоҷикистон нисбат ба дигар кишварҳои ҷаҳон ҳаҷми партов ба ҳаво ночиз аст. Аммо аз ҷониби дигар кишвари мо аз таъсири тағйирёбии иқлим, ки бештар аз ҳисоби кишварҳои пешрафта рӯ мезанад, осебпазир ҳисобида мешавад.  
Олег Гучгелдиев, намояндаи Ташкилоти озуқаворӣ ва кишоварзии СММ дар Тоҷикистон, дар ин бора чунин гуфт: «Ҳарчанд ҳиссаи Тоҷикистон дар ҳаҷми партови газҳои гулхонаӣ дар миқёси олам ночиз бошад ҳам, аммо таъсири тағйирёбии иқлим дар навбати худ ба ин кишвар назаррас аст. Аз ин лиҳоз, вусъати тавонмандӣ ва иқтидори миллӣ дар коҳиш додан ва мутобиқнамоии он ба тағйирёбии иқлим дар раванди татбиқи Созишномаи Париж муҳим арзёбӣ мешавад».
Гуфта шуд, ки Ҳукумати мамлакат барои пешгирӣ аз таъсири тағйирёбии иқлим тадбирҳои зарурӣ андешида истодааст. Махсусан, дар соҳаи энергетика, захираҳои об, сохтмон, истифодаи замин, кишоварзӣ, хоҷагии ҷангал, нақлиёт ва инфрасохтор корҳо амалӣ мешаванд. Вобаста ба ин масъала Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо дар Паёму суханрониҳояшон таъкид доштанд. Аз ҷумла, дар маросими ифтитоҳи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», ки дар шаҳри Душанбе доир гардид, Сарвари давлат гуфтанд, ки маҳз ду омил – тағйироти глобалии иқлим ва афзоиши демографӣ – чаҳорчӯба ва имконотро барои иқдомоти мо муайян хоҳанд кард. Дар баробари ин омилҳо масъалаҳои дигаре низ ҳастанд, ки муносибати маҷмӯӣ ва ҳамкории фаъолро бо давлатҳо тақозо доранд. Ба монанди, баланд бардоштани самаранокии истифодаи об, кам кардани ифлосшавии захираҳои об, истифодаи такрории онҳо ва таҳияи технологияҳои нави тавлиди оби тоза дар миқёси саноатӣ.
Маҳз ҳалли масъалаҳои зикршуда, пеш аз ҳама, барои кам кардани ҳаҷми партови газҳои заҳролуд мусоидат намуда, дар вақти таҳияи ҳуҷҷати муҳими Саҳмгузории муайяншудаи миллӣ низ ба инобат гирифта мешавад.

Оҳистамоҳ ВАФОБЕК, «Ҷумҳурият»
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 28.12.2020    №: 248    Мутолиа карданд: 506
09.08.2022


ИФТИТОҲИ КОНСУЛГАРИИ ФАХРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БАТУМИ

ВАРЗИШ

08.08.2022


“Пешвои миллат ва рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол”

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ВАРЗИШ

05.08.2022


Тоҷикистон ҷонибдори тамомияти арзии Чин мебошад

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ТОШКЕНТ. ЯК АНҶУМАНИ МУҲИМ

04.08.2022


Ба зарурати таҳкими ҳамкориҳо таъкид шуд

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ШАНХАЙ. БЕШ АЗ 10 ДАВЛАТИ ҶАҲОН ХОСТОРИ УЗВИЯТАНД

ВАРЗИШ

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ НАМОИШИ “ТОҶИКИСТОН – КИШВАРИ ДАРЁҲОИ ТИЛЛОӢ”

03.08.2022


Таҳкими ҳамкорӣ бо кишварҳои арабии Халиҷ

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКИСТОН - САРЗАМИНИ ОБҲОИ ШИФОБАХШ

02.08.2022


НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ММТ. ИМКОНИЯТИ ДУБОРА БА ДОВТАЛАБОН

01.08.2022


Пули 760-метра сохта мешавад

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

«РОҒУН». ЧАРО БУЗУРГТАРИН СОХТМОНИ АСР ДАР ОСОРИ АҲЛИ ҚАЛАМ КАМ ИНЪИКОС МЕШАВАД?

МУЛОҚОТИ ҲОКИМ ХОЛИҚЗОДА БО САФИРИ ҶОПОН ДАР ТОҶИКИСТОН

ВАРЗИШ

29.07.2022


НИШАСТИ МАТБУОТӢ

27.07.2022


Ҷаласаи вазирони кишоварзии СҲШ

Мулоқотҳои сатҳи ИДМ дар Нур-Султон дар шакли ҳузурӣ баргузор мегарданд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ҲОЛАТҲОИ ФАВҚУЛОДА. ТАҲКИМИ ЗАРФИЯТҲО ДАР ПЕШГИРӢ ВА РАФЪИ ПАЙОМАДҲОИ ЭҲТИМОЛӢ

ОЛИМПИАДАИ ҶАҲОНӢ

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ВАНҶ. ОҚИБАТҲОИ ОФАТИ ТАБИӢ БАРТАРАФ КАРДА МЕШАВАНД

26.07.2022


146 шаҳрванди Тоҷикистон аз Сурия ба Ватан баргардонда шуд

БОКС

СММ: “Ҷонибҳои созиши озуқаворӣ тарафдории худро ба ин тавофуқнома тасдиқ намуданд”

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед