logo

иқтисод

ЛАХШ. ХАРОБИҲОИ ОБОДШУДА ГУВОҲӢ МЕДИҲАНД...

Дар зудтарин фурсат расидагӣ ба мушкили  зарардидагони офатҳои табиӣ ва кумаки бедареғ расондан ба онҳо  яке аз ғамхориҳои ҷавонмардонаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  мебошанд, ки ин ҷо чанд нуктаи муҳим қобили зикр аст. Махсусан, дар шароити кӯҳистон,  ки ҳамасола бо сабаби селу тармафуроӣ, обхезӣ, ярч, заминларза ва ғайра ҳодисаҳои фалокатбори табиӣ зиёд ба вуқӯъ мепайванданд, сари вақт расондани кумаки башардӯстона ба зарардидагон кори саҳл  нест. Хусусан, барои Тоҷикистоне, ки пайкари иқтисодашро акнун рост мекунад.  Танҳо давоми соли ҷорӣ  дар ҷумҳурӣ беш аз 200 ҳодиса ва зуҳуроти хатарноки табиӣ ба қайд гирифта шуда, қариб кулли зараре, ки аз ин офатҳо ба мардум расид, аллакай, ҳисобӣ ва барқарор гардидааст.  Агарчи дар аксари кишварҳо ёрӣ  танҳо бар асоси шартномаи суғуртавӣ ва санадҳои меъёрӣ - ҳуқуқӣ сурат мегирад, вале давлату Ҳукумати ҷумҳурӣ сарфи назар аз шартномаи суғуртавӣ ё асноди  дигар ба осебдидагони ҳолатҳои фавқулода ёрии саривақтӣ  мерасонанд, ки барои ҳар фарди солимфикру бовиҷдон ҷойи шукргузорист.
Чунин ёрии бедареғи давлату Ҳукуматро тайи чанд соли охир, аз  ҷумла дар ноҳияи Лахш, шоҳид ҳастем ва каме ба онҳо руҷӯъ мекунем, то поси заҳматҳои Роҳбари давлатро заррае бошад ҳам, ба ҷо орем. 
Қариб 95 дарсади ин диёрро  кӯҳҳо иҳота намудаанд ва  давоми чанд соли охир мардуми ноҳия бештар шоҳиди ҳодисаҳои табиӣ, аз ҷумла селу тармафуроӣ, заминларза, обхезӣ, сангреза,  садамаҳои маргбор ва  вуқӯи ҳолатҳои дигари фавқулода гардиданд. Агарчи дар пайи  ин ҳодисаҳо талафоти ҷонӣ хеле кам бошад ҳам, вале зарари моддӣ зиёд расидааст. Дар ин ҳолатҳо ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба мардуми ноҳия аз ҳама бештар эҳсос мешаванд. Сарвари давлат бевосита аз вазъи бавуҷудомада пайваста пурсон шуда, ғамхориҳои бемислу монанд намуданд.
6 майи соли 2017 вақте  ҳамроҳи Файзулло Баротзода, раиси ноҳия ва чанде аз масъулони сохторҳои гуногун барои супурдани туҳфаҳои идонаи Пешвои миллат ва аёдати иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ мерафтем, дар ноҳия заминларзаи шадид  рух дод. Ҳамагӣ баъди чанд дақиқаи ҳодиса, ки баъзеҳо ҳанӯз ҳаяҷони онро доштанд,  Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо раиси ноҳия тамос гирифта, аз ҳоли мардум пурсон шуданду ҷиҳати ҳарчи зудтар муайян кардани оқибатҳои офати табиӣ ва кумак расондан ба зарардидагон дастуру супоришҳои қатъӣ доданд. Аз вазъи мардум пурсон шудани  Пешвои миллат дар аввалин лаҳзаҳои  рӯйдод аз ҳама бештар дар дили шоҳидони ҳол маъво гирифтааст, ки ин аз меҳру садоқати бузург доштанашон  нисбат ба мардум гувоҳӣ медиҳад.  Худи ҳамон рӯз ҳайати ҳукуматӣ барои шиносоӣ бо вазъи фавқулода таҳти роҳбарии генерал - лейтенант Рустам Назарзода, раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати ҷумҳурӣ, ба ноҳия ташриф оварданд. Рӯзи дигар комиссияи махсуси бартарафсозии оқибатҳои заминларза ба кор шурӯъ ва ҳаҷми зарари расидаро муайян карда, онро ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намуд. Дере нагузашта кумакҳо низ ба оилаҳои зарардида расиданд. Беш аз 50 хонаводаи зарардида, аз ин ёриҳо бонасиб ва 6 хонаи пурра харобшуда  аз нав бо тарҳи замонавӣ бо беҳтарин масолеҳи сохтмонӣ бунёд гардиданд. Айни замон бунёди бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 13, ки дар пайи зилзила хароб шуда буд, бо дилгармии мардум тариқи ҳашар ҷараён дорад.
Кумаку дастгириҳои Ҳукумати кишвар дар самти ҳифзи аҳолӣ аз хатари ҳолатҳои фавқулода ва наҷоти молу ҷони сокинони осоишта аз ин ҳодисаҳо сол ба сол тақвият меёбад. Аз ҷумла, аз аввали соли 2020 то имрӯз бахши ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании ноҳия бо дастгирии Ҳукумати ҷумҳурӣ дар самти наҷоти сокинон аз хатари обхезиҳо, селфуроӣ ва дигар ҳодисаҳо корҳои назаррас ба анҷом расондааст.
- Дар ҳамкорӣ бо ташкилоти байналмилалии  "Каритас Швейтсария" ва маблағгузории Агентии Швейтсария оид ба ҳамкорӣ ва рушд бо маблағи  зиёда аз 1,7 миллион сомонӣ ва ҷалби  1332 сокини ноҳия дар 5 шабакаи обёрии ҳудуди ноҳия корҳои поксозии иншоот аз ифлосиҳо ва таъмир гузаронда шуданд. Беш аз 80 километри дохили каналҳо тоза ва 38 селпартои онҳо  таъмир гардиданд. Инчунин, барои пешгирии хатари кандашавии соҳили каналҳо ба масофаи 218 метр дар 15 нуқта ҷойҳои хавфнок бетонпӯш гардиданд. Ҳамзамон, аз ҷониби  ҶДММ “Данғарасохтмон-10”  дар ҳудуди ноҳия аз километри 218 то  306-уми шоҳроҳи байналмилалии Душанбе – Ваҳдат –Лахш – сарҳади Қирғизистон зиёда  аз  200 метри роҳ, ки  ҳамасола зери об монда, барои ҳаракати воситаҳои нақлиёт мушкилӣ эҷод менамуд,   4 метр баланд бардошта шуд ва  хатари зери об мондани роҳ бо гузарондани корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ пурра бартараф гардид,- гуфт Қутбиддин Муродов, сардори бахши ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании ноҳия. 
Дар доираи дастуру ҳидоятҳои Президенти мамлакат дар  бахши ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании ноҳия ва минтақаи Рашт низ шахсони чашмикордон ба кор ҷалб шуда, дар наҷоти одамон аз офатҳо, монанди обхезию селфуроӣ, тарма, саҳми назаррас мегузоранд. Қатъи назар аз хатарҳо  баҳри таъмини ҳифзи аҳолӣ аз ҳолатҳои фавқулодаи дорои хусусиятҳои табиӣ ва техногенӣ,  бар хизмати сокинон ҷаҳд менамоянд. Аз ҳар амале, ки онҳо дар роҳи наҷоту ҳифзи дигарон анҷом медиҳанд, ватанпарварию инсондӯстии эшон дар пайравӣ ба таъкидҳои ҳамешагии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эҳсос мешавад. 
- Масалан, 6 октябри соли ҷорӣ сарфи назар аз сардии ҳаво дар деҳаи Сафеддараи ноҳия  корманди  шуҷои  бахши ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании минтақаи Рашт Каримҷон Шоҳинчангов бо ёрии кормандони дигари бахш  аз баландии қариб 100 метр тариқи ресмон    вориди дарёи пурталотуми Сурхоб шуда,  автомашинаи ғарқшуда - “Мерседес Бенс” ва  ҷасади  ронандаи онро  аз нобудшавӣ раҳо бахшид, - изҳор дошт Қутбиддин Муродов.
Мо агар ғамхориҳои Президенти кишварро  тайи солҳои охир нисбат ба зарардидагони офатҳои табиӣ ё ҳифзи аҳолӣ аз хавфи сар задани онҳо ба назар гирем, андозаи он ҳам бо маблағ бузург асту ҳам бо ченаки одамгарӣ.  Чи дар ноҳияи Лахш ва чи ноҳияҳои дигар ҳар маҳале, иншооте ё киштзоре, ки аз зарби офатҳо хароб шуда буд, имрӯзҳо обод аст ё  рӯ ба ободӣ дорад. Ин  харобиҳои ободшуда аз амалҳои меҳандӯстонаю инсонпарваронаи  Пешвои миллат баробари дигар хизматҳои шоёнаш ба нафъи халқу давлат  гувоҳӣ медиҳанд, ки заҳмату ранҷи зиёдеро дар пай доштанду доранд. 

Ташрифулло САЪДУЛЛОЕВ,  «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 30.12.2020    №: 250 - 251    Мутолиа карданд: 643
17.08.2022


Як ҷаласаи муҳим дар Бадахшон

АМОНАТБОНК БО «ШИРКАТИ СОДИРОТИЮ СУҒУРТАВИИ «KAZAKHEXPORT» ЁДДОШТИ ТАФОҲУМ БА ИМЗО РАСОНД

ВАРЗИШ

16.08.2022


Конфронси вазирони нақлиёт дар Туркманистон

ВАРЗИШ

12.08.2022


ИҚДОМИ НАВБАТИИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ

11.08.2022


СОҲИБКОРОНИ КРАСНОЯРСК: "МЕВАҲОИ ТОҶИКИСТОН ЛАЗИЗТАРАНД!"

Вазирони мудофиаи Тоҷикистон ва Ӯзбекистон қарордод имзо карданд

ШАҲРИНАВ. ТАТБИҚИ ДАСТУРҲОИ САРВАРИ ДАВЛАТ РУШДИ НОҲИЯРО ТАҚВИЯТ МЕБАХШАД

10.08.2022


Ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Гурҷистон доир мегардад

09.08.2022


ИФТИТОҲИ КОНСУЛГАРИИ ФАХРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БАТУМИ

ВАРЗИШ

08.08.2022


“Пешвои миллат ва рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол”

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ВАРЗИШ

05.08.2022


Тоҷикистон ҷонибдори тамомияти арзии Чин мебошад

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ТОШКЕНТ. ЯК АНҶУМАНИ МУҲИМ

04.08.2022


Ба зарурати таҳкими ҳамкориҳо таъкид шуд

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ШАНХАЙ. БЕШ АЗ 10 ДАВЛАТИ ҶАҲОН ХОСТОРИ УЗВИЯТАНД

ВАРЗИШ

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ НАМОИШИ “ТОҶИКИСТОН – КИШВАРИ ДАРЁҲОИ ТИЛЛОӢ”

03.08.2022


Таҳкими ҳамкорӣ бо кишварҳои арабии Халиҷ

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКИСТОН - САРЗАМИНИ ОБҲОИ ШИФОБАХШ

02.08.2022


НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ММТ. ИМКОНИЯТИ ДУБОРА БА ДОВТАЛАБОН

01.08.2022


Пули 760-метра сохта мешавад

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

«РОҒУН». ЧАРО БУЗУРГТАРИН СОХТМОНИ АСР ДАР ОСОРИ АҲЛИ ҚАЛАМ КАМ ИНЪИКОС МЕШАВАД?

МУЛОҚОТИ ҲОКИМ ХОЛИҚЗОДА БО САФИРИ ҶОПОН ДАР ТОҶИКИСТОН

ВАРЗИШ

29.07.2022


НИШАСТИ МАТБУОТӢ

27.07.2022


Ҷаласаи вазирони кишоварзии СҲШ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед