Хабарҳо
ТУҲФА БА ЯТИМОН
Бо дастуру супориш, ҳидоят ва таваҷҷуҳи падаронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба ятимону бепарасторон, маъюбон, шахсони ниёзманд ва имконияташон маҳдуд пайваста ғамхорӣ зоҳир мегардад.
Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирӣ аз иқдомҳои хайрхоҳонаи Ҳукумати мамлакат кумак расондан ба чунин табақаи ниёзмандро шиори доимии худ қарор дода, дар арафаи ҳар як иду айём ба онҳо пайваста дасти мадад дароз мекунад.
Роҳбарияти кумита ин навбат дар арафаи ҷашни Соли нави мелодӣ ба ятимони кулли Муассисаи давлатии “Маркази дастгирии оила ва кӯдак”- и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе кумаки моддии яквақтаина, расонда шуд. Ба ятимони ин даргоҳ, ки 70 нафаранд, маҳсулоти ниёзи аввал, аз ҷумла гӯшт, равған, биринҷ, картошка, пиёз, сабзӣ, меваю сабзавот, маҳлулҳо барои шустани даст ва либос, туҳфаҳои солинавӣ, дар маҷмӯъ, дар ҳаҷми 11 ҳазору 200 сомонӣ, тақдим гардид.
Матлубаи АБДУҚАҲҲОР, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 301