иҷтимоиёт
ЯК ПЕШНИҲОДИ МУҲИМ
Вақте ки мо ба навиштаҳои хонандагон ва дигар қишри ҷомеа дар шабакаҳои иҷтимоӣ менигарем, навиштаҳои пур аз ғалат ва берабту бемантиқро мебинем. Албатта, ба шаъни миллати мутамаддину куҳанбунёди мо намезебад. Ин масъала бояд ҳамаи масъулонро ба ташвиш биёрад. Харидани чанд китобу дар раф ба тартиб гузоштани онҳо ба ҳалли мушкилот мусоидат намекунад. Хондани китоб чун тановули ғизо бояд ҳар рӯз бошад. Рӯҳ ҳам гушна мемонад. Мутаассифона, мо аз ин гуруснагӣ камтар меандешем.
Китобхонаҳои мактабӣ бояд бештар фаъол бошанд. Барои ин мутахассиси соҳа лозим аст. На ҳар кас китобдор шуда метавонаду аз иҷрои масъулияти касбӣ мебарояд.
Бешак, мо - омӯзгорон барои боло бурдани сатҳу сифати таълим тадбирҳои заруриро меандешем. Хонандагонро ба китобхонӣ ҷалб менамоем. Кӯшиш мекунем, ки муҳаббати китобу мутолиаи онро дар дили шогирдон ҷой бикунем.
Ташаббуси Сарвари давлат барои баргузории озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», дар ҳақиқат, бесобиқа мебошад. Дар ҳеҷ давр ва ҳеҷ кишвар чунин озмун доир нагардидаву барои он маблағи зиёд ҷудо нашудааст. Ин озмун шавқу рағбати хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумиро афзуд. Боиси ифтихор аст, ки хонандагон соли 2020 низ ширкати фаъол доштанд.
Бисёр мехостам, ки ҳакамони хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ аз ҳисоби омӯзгорони варзида ва асили ин муассисаҳо бошанд. Чаро? Чунки муносибати омӯзгори муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ аз омӯзгори муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ба куллӣ фарқ мекунанд. Хонанда донишҷӯ нест. Ба ӯ муносибати махсус дар доираи талаботи мавҷуда бояд кард. Мутаассифона, устодон - ҳакамон ба онҳо чун донишҷӯ рафтор карданд.
Бигузор ин устодон, ки унвонҳои баланди илмӣ доштанд, ҳакамони донишҷӯёни донишгоҳҳову донишкадаҳо бошанд.
Хуб мешуд, ки дар миёни ҳакамон равоншиносон ва педагогон низ ширкат варзанд. Онҳо барои баланд бардоштани рӯҳи иштирокчиёни озмун аз шумори хонандагон метавонанд дар мавриди зарурӣ ёрӣ бирасонанд. Ба яқин, хонанда – иштирокчии озмун дар назди устодон - ҳакамон, олимону адибони маъруф даступохӯрда мешаванд, худро гум мекунанд ва дар ин ҳолат ба пурсишҳо саривақт посухи дуруст пайдо карда наметавонанд.
Агар ин талабот ва пешниҳоди ин ҷониб пазируфта шавад, бешак, хонандагони зиёди муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ба китобхонӣ рағбати бештар пайдо мекунанд. Инчунин, барои иштирок дар ин озмун ҳавасманд мегарданд.
Рӯзафзун ДОДАРҶОНОВА,
омӯзгори МТМУ № 61,
ноҳияи Рӯдакӣ
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 05.01.2021 №: 2 Мутолиа карданд: 120