иҷтимоиёт
КИТОБ. ГАНҶИНАИ МАЪНАВИИ ИНСОН
Китоб ҳамчун як рукни муҳими тамаддуни башарӣ ва ҷузъи ҷудонашавандаи рӯзгори инсон дар камолоти маънавии ӯ мақоми воло дорад. Аз ин ҷост, ки мардуми олам бо арзи эҳтиром ва қаноатмандӣ ин ганҷинаи маънавии ниёгонро дар хазинаҳои миллии хеш нигоҳ медоранд, то наслҳои имрӯза ва оянда аз онҳо барои рушду камолот истифода баранд.
Давлати бузурги Сомониён бо китобхонаи машҳури худ – “Савонеҳ - ул - ҳикмат” (Ганҷинаи ҳикмат) машҳури замон гардида буд. Қалби кӯчаки ҷавони ҳушманди замон – Абуалӣ Синоро ин ганҷинаи ҳикмат ҷалб намуда буд.
Ба шарофати мутолиаи мақсадноки китоб шахс метавонад афкору андешаи парешони худро ба низом дарорад, фикр карданро ёд гирад ва донишу иттилооти худро васею амиқ намояд. Аз ин ҷиҳат, китоб қутбнамоест, ки инсонҳоро ба роҳи рост, ба сӯйи маърифат ва ба соҳили мақсуд раҳнамоӣ мекунад.
Бузургтарин олимону донишмандон, қудрат ва тавоноии фикри инсонро баробар ба андозаи китоб хондани ӯ медонанд. Шоирону донишмандон китобро ситоиш кардаву онро «фурӯғи субҳи доноӣ», «роҳатафзои ҷону роҳати дил», «дӯсти содиқу бошараф», «хуршеди ҷаҳони маънавии аҳли башар» ва «калиди қулфи ҳар мушкил» номидаанд.
Имрӯз ҳам китоб шиносномаи шоистаи миллати мост. Таваҷҷуҳи махсуси Сарвари давлат ба китобхонӣ ва гузарондани озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» барои ҷалби доираи васеи ҷомеа идомаи фармудаҳои хирадмандона ва маорифпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Махсусан, дар шароити муосир, ки ҷаҳонишавӣ ва рушди технологияҳои иттилоотӣ воридшавии унсурҳои бегонаро ба фарҳанги миллӣ осон гардондааст, рӯ овардан ба китоб зарур ва ҳатмист. Аз ин ҷост, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаи мазкурро ба миён гузошта, таъкид намуданд: «Китобхонаҳо бояд ба маркази муҳими илму фарҳанг табдил дода шаванд, зеро китоб маҳсули ақлу заковати мардуми соҳибтамаддун, омили асосии ҳифзи фарҳанги миллӣ ва яке аз муҳимтарин воситаҳои маърифатнок кардани аҳли ҷомеа буда, қобилияти сухандониву суханрониро сайқал медиҳад, доираи андешаву тафаккур ва ҷаҳонбинии инсонро васеъ ва ӯро ба роҳи дурусти зиндагӣ раҳнамоӣ мекунад».
Сиёсати пешгирифтаи Сарвари давлат дар даврони Истиқлолияти давлатӣ боиси рушди соҳаи китобу китобдорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон гардид. Аз ҷумла, мавриди истифода қарор гирифтани бинои нави замонавии Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва чандин китобхонаҳои кишвар дар таърихи халқу миллати тоҷик дастоварди бесобиқа маҳсуб меёбанд.
Ҷавҳари ҳидоятҳои Пешвои миллатро оид ба омӯхтани илм – баланд бардоштани маърифатнокии мардум ва рушди маърифати миллӣ ташкил медиҳад. Ба тарзи дигар гӯем, танҳо дониш метавонад монеаҳои пешомадаро бартараф намуда, роҳкушои фардои ободи кишвари азизамон гардад.
Лутфуллоҳ ШАРИФЗОДА,
мудири кафедраи забонҳои Консерваторияи миллии Тоҷикистон
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 05.01.2021 №: 2 Мутолиа карданд: 136