иҷтимоиёт
ВАНҶ. ГАНҶЕ ДАР ДОМОНИ ПИРЯХҲО
Дар баробари рушди доманадори соҳаи иқтисодиёт ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ, ки дар меҳвари сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад, дар ноҳия ҷиҳати иҷрои ҳадафи аввалини стратегии давлат - аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳоӣ бахшидани кишвар дар даврони соҳибистиқлолӣ бисёр корҳои муҳим ба ҷо оварда шуданд. Пеш аз ҳама, бо маблағгузории Ҳукумат тайи ду соли охир муассисаи давлатии нигаҳдории роҳҳои ноҳия соҳиби 6 техникаи нав гардид. Ҳоло 14 техникаи пуриқтидор тавони пурраи онро дорад, ки роҳҳои мошингардро дар давраи зимистони солҳои 2020 - 2021 дар масири қитъаи Даҳанаи Оби Пшихарв - сарҳади ноҳияи Рӯшони шоҳроҳи Душанбе - Мурғоб - Кулма ва деҳоти Ванван, Поимазор, Сумгад, Жафаку Зайч ва Пшихарви Ванҷи Боло, Язгулом ва Вотхуд аз барфу тарма сари вақт тоза намоянд, - гуфт дар суҳбат раиси ноҳияи Ванҷ Ҷаббори Қосим.
Як нуктаро бояд зикр кард, ки нахустин пули нақлиётгузаре, ки аз болои Ванҷоб дар шоҳроҳи байналхалқии автомобилгарди Душанбе - Кӯлоб - Дарвоз - Хоруғ - Мурғоб - Қулма бунёд гардид, иқтидори борбардориаш зиёда аз 60 тонна, дарозиаш бештар аз 130 метр ва паҳноиаш 12 метр мебошад. Ин пул аз зеботарин иншооти роҳдорӣ дар Бадахшон мебошад, ки бо иштироки Роҳбари давлат мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Имрӯзҳо бо ҳамдастии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маблағгузории Бонки ҷаҳонӣ аз 18 пули нақлиётие, ки дар вилоят сохта мешавад, 8 адади он дар рӯдҳои Ванҷобу Язгуломоб ва дарёчаҳои хурди кӯҳии ноҳияи Ванҷ бунёд гашта истодааст. Баъди ба истифода додани ин пулҳо мошинҳои вазнинбори «Дулан», «МАЗ» ва «КамАЗ» низ ба деҳоти домони пиряхҳои Федченко ва Хирсон ва дуриҳои водии Язгулом ба осонӣ ҳаракат карда метавонанд.
РУШДИ СОҲАИ ЭНЕРГЕТИКА ДАР НОҲИЯ
- Давронеро ба хотир меорам, - тазаккур медиҳад, раиси ноҳия, - дар Ванҷ ягона неругоҳи барқи обии солҳои шастуми асри куҳан бунёдгашта ва чор адад дизел, ки дар як шабонарӯз то 5 тонна сӯзишвориро ба коми худ фурӯ мебурданд, танҳо маркази ноҳия, шаҳраки Рохарв ва деҳоти гирду атрофи онро бо барқ каму беш таъмин карда метавонистанду халос. Солҳои тӯлонӣ равшанибахшии зиёда аз 70 фоизи кошонаҳои сокинони деҳот чароғҳои карасинӣ ва шамъ буданд.
Ҳоло бисёр хуш аст, ки дар иҷрои ҳадафи дуюми стратегии кишвар, ба мустақилияти пурраи энергетикӣ расидан, дар ноҳия корҳои назаррас ба ҷо оварда шудаанд. Зимни сафари кории нахустини Роҳбари давлат Неругоҳи барқи обии «Андарбак» дар деҳоти Язгулом мавриди истифода қарор гирифт. Солҳои минбаъда неругоҳҳои барқи обии «Ванҷ-2», «Техарв», «Поимазор», «Пшихарв» низ бунёд гаштанд. Бо дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат аз ҷониби ширкати «Помир энерҷӣ» хатҳои баландшиддати барқии Рӯшон - Шидз - Деҳ - Язгулом ва Бунай - Техарв - Поимазор кашида шуданд. Ҳамчунин, тавоноии хати барқи Қалъаихумб - Курговад - Ванҷ ба 35 киловатт - соат расонда шуд. Дар ноҳияи Ванҷ тамоми деҳот бо барқи доимӣ пурра таъмин мебошад.
КИШОВАРЗОН ХУШНУДАНД, КИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ЗАҲМАТИ ОНҲО БАҲОИ БАЛАНД ДОДАНД
- Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сафари кориашон ба ноҳияи Ванҷ, 20 августи соли 2020 зимни мулоқоташон бо роҳбарон ва сокинон ба заҳмати кишоварзону боғдорон баҳои баланд дода, ба онҳо дар хусуси истифодаи пурсамари замину боғот, рушди соҳаҳои афзалиятнок, алалхусус самти боғдорӣ, тавсия ва маслиҳатҳои судманд доданд. Роҳбари кишвар дар суханрониашон себу нок, чормағз ва туту мавизи ин минтақаи пурфайзу баракати вилоятро таърифу тавсиф намуданд, - иброз дошт Ҷаббори Қосим.
Дар роҳи ба ҷо овардани дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат кишоварзон ва боғдорон саъю талош карда, то оғози сардиҳои ҳаво ҳосили рӯёндаи худро пурра ҷамъ оварданд. Маъракаи кишти ғалла ва шудгори тирамоҳӣ иҷро гардид.
Дар нахустин рӯзҳои соли нав аҳли деҳот аз он фахр мекунанд, ки тавсия ва маслиҳатҳои Пешвои миллатро дар рушди боғдорӣ сидқан ба ҷо оварданд. Онҳо тайи солҳои охир масоҳати боғҳоро қариб ба 820 гектар расонданд. Ҳоло дар дурдасттарин ва баландкӯҳтарин деҳаҳои ноҳия - Сумгад, Поимазору Ванвани наздикиҳои пиряхҳои Федченко ва Хирсон ва дар мавзеъҳои Андарбак, Жамаг, Зайчу Жафаки Язгулом низ соҳаи боғдорӣ равнақ ёфтааст. Дар ҳамон вохӯрӣ боғдорон ба Роҳбари давлат ваъда доданд, ки соли 2020 нисбат ба солҳои пеш зиёдтар меваи шаҳдбор ва аз ҷиҳати экологӣ тоза ба даст меоранд. Басе ҳам гуворост, ки дар ин рӯзҳо суфраи идонаи аҳолии на танҳо ноҳияи Ванҷ, ҳамчунин, дастархони сокинони шаҳрҳои Хоруғ, Кӯлоб, Душанбе, Хуҷанду Бохтар ва берун аз мамлакат меваи шаҳдбори ин мавзеи пурганҷро гузоштаанд, ки таъми лазиз дорад.
Дар маҷмӯъ, бо вуҷуди хуруҷи бемории коронавирус аҳли деҳот 10500 тонна мева, 6600 тонна картошка, 3150 тонна сабзавот, 1251 тонна ғалладона, 178 тонна чормағз ва дигар маҳсулот ба даст оварданд.
НАХУСТИН КОРХОНАҲОИ САНОАТӢ БУНЁД ШУДАНД
Дар даврони шӯравӣ дар ноҳияи Ванҷ ҳамагӣ як корхонаи саноатӣ - коргоҳи коркарди санги мармари Пайшанбеобод кор мекарду халос. Лекин, бо мурури вақт, таҷҳизоти он куҳна ва фарсуда гашта, тайи чанд сол аст, ки аз фаъолият бозмондааст, чунки қисмҳои эҳтиётӣ барои чунин коргоҳҳо дигар бароварда намешаванд. Ҳоло аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия дар иҷрои ҳадафи чоруми стратегии кишвар - саноатикунонии мамлакат тадбирҳои судбахш андешида мешаванд. Тайи ду соли охир аз ҷониби соҳибкорони банангу номус Васила Ғафурова, Воҳид Искандаров, Темур Муҳаббатов, Давлат Мирзоев, Сорбон Сабзқадамов, Меҳрони Акбар ва дигарон корхонаҳои асфалтбарорӣ, сангмайдакунӣ, дару тирезаҳои пластикӣ, истеҳсоли равғани ангату чормағз, собун, хиштҳои сементӣ, коркарди чӯбу тахта ва нӯшобаҳову мураббо маҳсулоти хушсифат бароварда истодаанд.
Дар оянда корхонаи истеҳсоли санги мармари Пайшанбеобод ва коргоҳи меваву сабзавоти Пуни Ҷегунии шаҳраки Рохарв азнавсозӣ мешаванд. Корхонаи саноатии коркарди санги мармар дар Ванҷи Боло низ бунёд мегардад.
ИНФРАСОХТОРИ МАРКАЗ ВА ДЕҲОТИ НОҲИЯ ДИГАРГУН МЕШАВАД
Дар яке аз сафарҳои кориашон ба ноҳияи Ванҷ Пешвои муаззами миллат ба масъулон гуфтанд, ки дар кӯчаи Исмоили Сомонӣ, маркази шаҳраки Рохарв аксар биноҳои якқабата ҷойгиранд, ки ҳусни маркази маъмуриро халалдор кардаанд. Ҳамон вақт Роҳбари давлат ба вазорату идораҳои ҷумҳуриявӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия тавсия доданд, ки дар ободонии марказ тадбирҳо андешанд. Дастуру ҳидоятҳои Роҳбари давлатро ба ҷо оварда дар маркази ноҳия даҳҳо иншооти нав сохта шуданд. Пеш аз ҳама, аз ҷониби Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон биноҳои мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 4, қасри фарҳанг, бинои шуъбаи ноҳиявии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ қомат рост карданд. Ҳамзамон, қариб 6 километр роҳ тахту ҳамвор, мумфарш ва чароғон гардид. Дар соли 2020 биноҳои бисёрошёнаи шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Ванҷ, комиссарияти ҳарбӣ, маркази савдои «Ванҷ сити» ва меҳмонхонаи замонавӣ мавриди истифода қарор гирифтанд.
Дар ҳалли бомуваффақияти яке аз вазифаҳои муҳим - дигаргунсозии инфрасохтори деҳот на танҳо дар шаҳраки Рохарв, балки дар деҳаҳо низ биноҳои нав, маҳаллаҳои ҷадид ва маконҳои зисти ҳозиразамони ҷавобгӯ ба талаботи меъморӣ ва шаҳрсозӣ бунёд гашта истодаанд. Аз ҷониби директори ширкати «Рухом», соҳибкори муваффақ Муфарраҳ Муҳаббатов дар мавзеи Вишхарваки деҳоти Рованд сохта шудани маркази хизматрасонии «Ванҷи Боло» ва аз тарафи сарвари боғи миллии Ванҷ Розиқ Гиёев бунёд намудани бозор ва меҳмонхона дар ҳамин мавзеъ далели ин гуфтаҳо мебошанд. Ҳамаи ин иншооти самти иҷтимоӣ ба хотири рушди сайёҳӣ мебошанд. Ифтихор бояд кард, ки Пешвои муаззами миллат ба ҳунари волои устоҳои табақу қошуқтарош ва дигар асбобу анҷомҳои сохтаи онҳо зимни ташрифи навбатиашон ба ноҳия баҳои баланд доданд.
Дар маҷмӯъ, сокинони ноҳияи Ванҷ соли 2020-ро бо натиҷаҳои назаррас ҷамъбаст карданд. Дар деҳаҳои Гармчашма, Баравни Тор иншооти обрасонӣ, дар Равгада ва Узбай биноҳои нави таълимгоҳ мавриди истифода қарор гирифтанд.
Мардуми диёри пурганҷ бо дили гарм ва аз рӯи оини ватандӯстӣ тасмим гирифтаанд, ки дар соли Ҷашни фархундаи 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалҳои шоиста ва арзишмандро боз ҳам бештар ба ҷо меоранд,- гуфт дар анҷоми суҳбат раиси ноҳия Ҷаббори Қосим.
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА, «Ҷумҳурият»,
Сироншоҳи ДИЛОВАР, рӯзноманигор
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 06.01.2021 №: 3 Мутолиа карданд: 182