logo

сиёсат

ПЕШВОИ МИЛЛАТ АЗ ҶАРАЁНИ КОРҲОИ СОХТМОНӢ ДАР МАЙДОНИ “ИСТИҚЛОЛ” ДИДАН КАРД

7 январ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо рафти корҳои сохтмонӣ дар майдони “Истиқлол” шинос шуда, дарахт шинонданд.
Ёдовар мешавем, ки ба корҳои сохтмонӣ дар ин иншооти муҳим 10 июли соли 2020 Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ оғоз бахшиданд.
Масоҳати майдони “Истиқлол” 30 гектар буда, 2,7 гектарашро макони баргузории чорабиниҳои сиёсӣ ташкил медиҳад ва он дар ҳудуди хиёбони Рӯдакӣ, кӯчаҳои Саид Носир, Ҳабиб Аҳрорӣ ва Ойгули пойтахт воқеъ аст.
Дар маъракаи ниҳолшинонӣ Пешвои миллат ва раиси шаҳри Душанбе ниҳоли дарахтони сӯзанбарги кабуд шинонданд, ки аз Италия ворид гардидааст.
Сарфи назар аз сардии ҳаво, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавзеи алоҳидаи майдони "Истиқлол", ки барои сабзкорӣ ва бунёди боғу гулгашт ба нақша гирифта шудааст, дарахт шинонданд.
Аз масоҳати умумии 30 гектари майдони "Истиқлол" 11 ҳазор метри мураббаи он аз рӯи нақша сабзкорӣ мешавад.
Оянда дар ҳудуди майдони "Истиқлол" бо ворид кардани дарахтони нодири сояафкану ороишӣ ва ба саломатии инсон фоидаовар аз кишварҳои аврупоӣ, аз қабили дарахтони сӯзанбарг, олу, магнолия, серенаи ҳиндӣ, санавбари қримӣ, секвоя ва дигар ниҳолҳои ба минтақа мутобиқ шинонда мешаванд.
То имрӯз дар як гӯшаи боғ даҳҳо дарахтони серена, олу ва сӯзанбарги кабуд шинонда шудааст.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба боғдорон барои бо тарҳи зебо мураттаб сохтани гулгаштҳо ва дуруст ҷобаҷо кардани боғҳои ҳудуди иншоот дастуру ҳидоятҳо доданд.
Президенти мамлакат ҳамеша мардуми кишварро ба корҳои ободонию созандагӣ, сабзу хуррамгардонии кӯчаю маҳал, хиёбонҳо, манзилҳои зист, беҳбудии муҳити атроф, бунёди марказҳои фарҳангию фароғатӣ, боғҳои дарахтони мевадиҳандаю сояафкан, ки аз анъанаҳои накуи аҷдодонамон мебошад, ҳидоят менамоянд.
Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дарки анъанаҳои ибратбахши ниёгони сарфарози мо, аз ҷумла зебоипарастӣ, покизаманишӣ ва заҳматдӯстии онҳо, пайваста ҷаҳду талош менамоянд, ки мардуми тоҷик имрӯзу оянда низ рисолати поку ибратомӯзи гузаштагони номдори худро идома диҳанд.
Нақши Президенти мамлакат дар шукуфоии сарзамин тавассути таъсис, ободонӣ ва сарсабз гардондани гулгаштҳо, боғҳои фарҳангиву фароғатӣ ва мевадиҳандаи кишвари маҳбубамон хеле бузург аст.
Натиҷаи ҳамин аст, ки давоми солҳои соҳибистиқлолӣ дар  баробари  мавриди  истифода  қарор додани иншооти таъйиноти гуногун, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо завқи баланди зебоипарастӣ ба хотири тарғиби корҳои сабзу хуррамгардонии муҳити зист бунёду барқарорсозии боғҳои фарҳангию фароғатӣ, суперинтенсивӣ ва интенсивӣ, мевадиҳанда ва парваришгоҳҳоро ба роҳ монданд.
Президенти мамлакат дар маъракаҳои ниҳолшинонӣ ширкат варзида, мардумро ба ин кори пуршараф ҳидоят мекунанд.
Душанбе дар гузашта ҳам боғшаҳр буд, вале бо бунёди боғҳои нави фарҳангию фароғатӣ ва навсозию ободонии бесобиқаи боғҳои пешина ин шаҳри дилҳо кунун воқеан, ба як сабзшаҳр ва ё боғшаҳри камназири дунё табдил ёфтааст, зеро Пешвои маҳбуби миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин самт тадбирҳои арзандаи таҳсину офаринро роҳандозӣ намудаанд.
Тайи 10-15 соли охир дар пойтахт Боғи Парчами давлатӣ, Боғи Нишони давлатӣ, Боғи Ирам, Боғи устод Рӯдакӣ, боғи назди Китобхонаи миллӣ, боғи Қасри миллат, боғҳои Сомон, Куруши Кабир, Хайём, Аҳмади Дониш, Наврӯзгоҳ, Восеъ, Ҷавонон, Кӯли ҷавонон, Кӯли Душанбе, Фирдавсӣ, Садриддин Айнӣ, Дӯстӣ, Алишери Навоӣ, Ғалаба, Кӯдакон, атрофи Масҷиди марказии ҷомеи шаҳри Душанбе ва иншооти нави Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам ва ҳамаи кӯчаву хиёбонҳои он ободу зебо гардонда шуда, ба мавзеъҳои сайругашт ва шодию дилхушии хурду бузурги сокинон ва меҳмонони Душанбешаҳр табдил ёфтаанд.
Ин ҳама иқдому ташаббусҳои ибратбахши Пешвои миллат дар роҳи ниҳолшинонӣ, парвариши боғҳо, гулпарварӣ ва, дар маҷмӯъ, зебоипарастиашон он кас ба тарбияи ҳисси зебоидӯстӣ, озодагӣ, покизаманишӣ ва ватандории наслҳои имрӯзу ояндаи Тоҷикистони азиз нақши беандоза мегузорад.
Баъди шинондани дарахт дар маъракаи ниҳолшинонӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо рафти корҳои сохтмонӣ дар майдони "Истиқлол" шинос шуданд.
Иншоот аз минбар, дарвозаи марказӣ ва дарвозаҳои шимолию ҷанубӣ, фаввораҳо, шаршара, деворнигора, суҳбаткадаҳо, майдони баргузории роҳпаймоиҳо, гулгашт, ҳавзҳои декоративӣ бо наҳрҳо, таваққуфгоҳҳо ва ғайра иборат мебошад.
Баландии рамзи "Истиқлол", ки дар маркази майдон ҷойгир мешавад, 121 метр буда, қисми поёнии он 30 метр ва қисми болоиаш 91 метрро ташкил медиҳад, ки он рамзи 30-солагии Истиқлол ва дар соли 1991-уми асри гузашта ба даст овардани истиқлолро ифода менамояд.
Майдони “Истиқлол” бо маҷмааи меъмории рамзи “Истиқлол ва Озодӣ” муҳташамтарин иншооти асосии ҷашнӣ дар мамлакат маҳсуб мешавад, ки бахшида ба 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе тибқи нақша соли 2021 мавриди истифода қарор мегирад.
Дар идомаи раванди созандагиҳо дар шаҳри Душанбе бунёди майдони “Истиқлол” бо Маҷмааи меъмории рамзи “Истиқлол ва Озодӣ” аз пешрафту шукуфоӣ ва рушду нумӯи мамлакат шаҳодат медиҳад.
Лоиҳаи ангоравии майдони “Истиқлол” бо Маҷмааи меъмории рамзи “Истиқлол ва Озодӣ” дар шаҳри Душанбе аз ҷониби гурӯҳи эҷодии сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе таҳти роҳбарии раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ таҳия гардидааст.
Ин лоиҳа бо бартариҳои афзалиятдор ифодакунандаи рамзи давлатдорию таъриху тамаддуни оламшумули миллати тоҷик мебошад.
Рафти бунёди майдони “Истиқлол” бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти назорати доимии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.
Аз ин рӯ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ таваҷҷуҳи роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанберо ба сифатнокӣ ва муҳлати иҷрои корҳо, масолеҳи сохтмонӣ ва вусъат бахшидани дигар тадбирҳои ободонии вобаста ба бунёди он ҷалб намуданд.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 08.01.2021    №: 5    Мутолиа карданд: 177
01.03.2021


ВМКБ. ОЗМУНИ «ДАСТАРХОНОРОӢ» ҶАМЪБАСТ ГАРДИД

ФФТ БАРНОМАИ МАХСУСИ ПРЕЗИДЕНТ БАРОИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ДЕҲОТ

«ҚОНУНИ ТИБ» БОЗНАШР ШУД

ТАЪСИСИ КОРХОНАИ ХУРДИ ИЛМӢ - ИСТЕҲСОЛИИ МАВОДИ ДОРУВОР

КОРВОНИ САЛОМАТӢ ДАР ЛАХШ

27.02.2021


Ҷаҳон дар як сатр

Си Ҷинпин изҳор намуд, ки Чин бар бенавоӣ комилан пирӯз гардид

Масъулиятро нисбат ба он мансабдорҳое, ки душаҳрвандӣ доранд, бояд сахттар намуд

ИМА имкони тамдиди ҳузури низомиёнашро дар Афғонистон истисно намекунад

Кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ба таҳияи «шиносномаи эмкунӣ» - и ягона ба мувофиқа расиданд

ТЕННИС ВА НАҚШИ «ҶУМҲУРИЯТ» ДАР ОММАВИЯТИ ВАРЗИШ

25.02.2021


ХАДАМОТИ ГУМРУК. ҚОНУНШИКАНӢ КАМ ВА ПАРДОХТҲОИ ГУМРУКӢ ЗИЁД ШУДАНД

«ТОҶИКОН» ДАР ТОҶИКОБОД

АЗ РАШТ ТО ЛАХШ. АВЛАВИЯТ БА ТАВСЕАИ ЗАМИНҲОИ КИШТ

КИШОВАРЗӢ. 11 КОРХОНАИ ПАРАНДАПАРВАРӢ ТАЪСИС МЕЁБАД

TASHKENT GRAND SLAM 2021. ТОҶИКИСТОНРО КИҲО МУАРРИФӢ МЕКУНАНД?

ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

24.02.2021


ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

23.02.2021


ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ. СУОЛИ "ҶУМҲУРИЯТ" ОШКОР КАРД, КИ ДАР КАДОМ МАҚОМОТ БОНУВОН ҶАЛБ НАМЕШАВАНД

22.02.2021


ҶОМИ ФФТ – 2021. "ИСТИҚЛОЛ" МАРОТИБАИ ШАШУМ СОҲИБИ ҶОМИ ФФТ ШУД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

МИЗИ МУДАВВАР. БАРРАСИИ МАВЗӮИ КОРКАРДИ НАХИ ПАХТА ТО МАҲСУЛОТИ НИҲОӢ

ХАТЛОН. ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНҲОИ ОЯНДАСОЗ

19.02.2021


АЪЗОИ ТАШКИЛОТИ ТЕРРОРИСТИИ «ҲИЗБ УТ-ТАҲРИР» БА ДАСТ АФТОДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ДУШАНБЕ. ИҚДОМОТИ БЕСОБИҚАИ ШАҲРДОРӢ ДАР ТАҲКИМИ ҲАВАСМАНДИИ ҶАВОНОН БА АРТИШ

«САНЪАТШИНОСӢ» ПАДИДАИ НАВ ДАР ҲУНАРШИНОСИИ ТОҶИК

ИММУНИЗАТСИЯ. БЕМОРИИ ФАЛАҶРО ПЕШГИРӢ МЕКУНЕМ!

ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

17.02.2021


АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед