Хабарҳо
БМТ АЗ ИҚДОМИ НАҶИБИ САРВАРИ ДАВЛАТ ҶОНИБДОРӢ КАРД
Бо мақсади татбиқ намудани сиёсати инсонпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгирии иқдомҳои башардӯстонаи Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар самти ёрӣ ба табақаҳои осебпазири ҷомеа дар арафаи Соли нави милодӣ аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон ба бошандагони Муассисаи давлатии “Хона-интернати беморони рӯҳии шаҳри Ҳисор” хайрия расонда шуд.
Кумак аз 1 тонна маводи хӯрока (равған, биринҷ, марҷумак, макарон ва ғайра), 14 номгӯй либоси зимистона, аз қабили болопӯш, жемперҳои мардонаю занона, мӯза, кулоҳ ва дастгоҳи барқии гармидиҳанда, 240 адад туҳфаи солинавӣ, маводи гигиенаи шахсӣ барои беҳдошти вазъи саломатӣ ва навъҳои гуногуни ширинӣ иборат мебошад.
Зикр бояд кард, ки ятимону бепарасторон таҳти таваҷҷуҳи доимии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хосса Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ– Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, ғамхорӣ дар ҳаққи ятимону маъюбон, оилаҳои камбизоат, шахсони ниёзманд ва дастгирии ҳамешагии онҳо аз ҷумлаи самтҳои муҳими сиёсати иҷтимоии роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб ёфта, дар тамоми ҳудуди мамлакат гурӯҳҳои зикршудаи аҳолӣ аз ҳар як иқдому ташаббуси хайрхоҳона ва инсондӯстонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳраманд мегарданд.
Бонки миллии Тоҷикистон сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллатро ҷонибдорӣ карда, ба таври доимӣ новобаста аз иду айём ба ниёзмандон дасти ёрӣ дароз хоҳад кард.
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА, “Ҷумҳурият"
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 193