Хабарҳо
НАВИДҲОИ ФАРҲАНГӢ
ФЕСТИВАЛИ ФАРҲАНГИ КИШВАРҲОИ УЗВИ СҲШ
Фестивали байналмилалии фарҳанги кишварҳои узви СҲШ, ки ба рушди ҳамкориҳои фарҳангӣ ва баҳри шиносоӣ бо санъати давлатҳои аъзо равона гардидааст, дар шакли филми ҳунарӣ манзури мухлисон мегардад.
Он бояд соли 2020 дар Россия барпо мешуд, аммо бо сабаби пандемияи коронавирус шаклаш тағйир ёфт. Акнун тариқи шабакаҳои телевизионӣ ва интернет тамошогарон садои нодири созҳои ба рӯйхати Мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО воридшударо мешунаванду бо вижагиҳои хореографияи кишварҳои мухталиф ошно мегарданд.
ОЗМУНИ ТАҶРИБАВИИ БЕҲТАРИН МУАССИСАИ ТАҲСИЛОТӢ
ДАР ПОЙТАХТ ҶАМЪБАСТ ГАРДИД
Тибқи қарори ҳайати ҳакамони озмуни «Ташаккули тарзи ҳаёти солим», муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 58-и шаҳри Ваҳдат беҳтарин дониста шуд. Муассисаи № 12-и ноҳияи Рашт сазовори ҷойи дуюм ва МТМУ № 7-и шаҳри Турсунзода соҳиби ҷойи сеюм гардида, бо ҷоизаҳои таъсисдодаи кумитаи тадорукоти озмун қадр шуданд.
Ёдовар мешавем, ки озмуни мазкур бори аввал ва ба таври таҷрибавӣ сурат гирифта, танҳо дар се шаҳру ноҳия доир гардид. Даври якуми он дар 390 муассисаи таҳсилотии шаҳру ноҳияҳои Турсунзодаю Ваҳдат ва Рашт гузаронда шуд. Дар натиҷа, 9 муассисаи беҳтарин ба даври ниҳоӣ роҳ ёфт.
Озмунро Вазорати маориф ва илм дар ҳамкорӣ бо Хазинаи нуфуси аҳолии Созмони Милали Муттаҳид (ЮНФПА) ва Ташкилоти ҷамъиятии “Ҳамсол ба ҳамсол” дар доираи татбиқи Барномаи миллии ташаккули тарзи ҳаёти солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011 – 2020 доир намуд.
«САФАРНОМА: ЁДДОШТ ДАР ПАЙРОҲАИ МЕРОС» ДАР КИНОФЕСТИВАЛИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ИШТИРОК МЕКУНАД
Филми мустанади «Сафарнома: ёддошт дар пайроҳаи мерос» - и коргардони ҷавон ва соҳибзавқи тоҷик Шарофат Арабова дар озмуни филмҳои маънавию ахлоқии Кинофестивали XIX байналмилалии шаҳри Даккаи Бангладеш иштирок хоҳад кард. Кинофестивали мазкур яке аз бонуфузтарин ҳамоишҳои синамоии Осиё ба ҳисоб меравад.
Филми мазкур дар Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» таҳия гардида. Он раҳовардест ҳамчун натиҷаи сафари муаллиф дар баҳори соли 2019 ба шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Ҳисор, Шаҳритус, Қубодиён, Дӯстӣ ва Носири Хусрав. Дар он мушоҳида ва андешаҳои муаллиф оид ба ёдгориҳои таърихӣ, фарҳангӣ ва маънавии тоҷикон ҷой дода шудаанд.
Дар филм мақомҳои «Рост» ва «Наво» - и Шашмақом, ки сохторашон тамсилан ба роҳ монанд аст, истифода шудаанд.
Ёдовар мешавем, ки филми мазкур, ҳамчунин, дар Кинофестивали байналмилалии «Дидор-2019» иштирок намуда, соҳиби ҷоиза ҳам гардида буд.
М. ТАБАРӢ, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 229