logo

иҷтимоиёт

ҒОИБ САФАРЗОДА. НОГУФТАҲОЕ, КИ БОЯД ГУФТ

Ғоиб Сафарзода яке аз рӯзноманигорони ҳақиқатнигор, публитсисти оташинсухан ва шоири навпардози солҳои шастуми қарни гузаштаи мо буд. Шеърҳои навоваронаю пуробурангаш, ки дар онҳо васфи модару Ватан, ишқу ҷавонӣ, дӯстию рафоқат, одаму одамгарӣ ва амсоли инҳо хеле барҷаста ифода шудаанд, дар ҳақиқат, ёдгори бегазанди ҳаёти кӯтоҳ ва босамари ӯянд. Оре, ӯ ниҳоле буд пурсамар. Гуле хушрангубӯ. Дареғу дард, ки зуд шукуфту зуд хазон шуд. 
Бо амри қисмат мо замоне бо аҳли оилаи Ғоиб Сафарзода ҳамсояи дар ба дар шудем. Ин тақрибан соли 1982, баъди даҳ соли вафоти сарвари ин хонадон буд. Рафиқи ҳамкори ман Карим Мӯсо, ки дар кӯчаи Ломоносови шаҳри Душанбе, дар бинои ба ном «хонаи журналистон» мезист, ба сифати тарҷумон ба ҳамонвақта Ҷумҳурии Демократии Афғонистон рафтагор шуд. Дар омади гап гуфт, ки то бозгашт дар манзили худ хешбачаҳои донишҷӯяшро ҷой карданист. Ман, ки дар кӯчаи Орҷоникидзе мезистам, пешниҳод кардам, ки мо бо хешбачаҳои ӯ ҷояшонро иваз кунем. Далел овардам, ки ин барои ҳар ду ҷониб суд дорад. Роҳи таълимгоҳҳо ба он донишҷӯён, ки дар Донишкадаи тиббӣ ва Донишкадаи омӯзгорӣ мехондаанд, наздик мешавад. Каримҷон ин пешниҳодро ба хушӣ пазируфт. Ҳамин тавр, мо бо аҳли оилаи Сафарзодаҳо ҳамсоя шудем. Зимнан, ман аз ин кӯчбандӣ хеле шод шудам. Зеро дар ҳамсоягӣ бо инсонҳои хуб, ки аксарашон адибу рӯзноманигор ва, муҳимтар аз ин, шиносони деринаву қадршинос буданд, зистан бароям басо гуворо буд. Бахтро бинед, ҳамсари Ғоиб – Ҳоҷибӣ ва фарзандонаш, бе он ки бидонанд мо кистем, чун шиносони дерина, балки бародару хоҳарвор истиқболамон карданд. Дар кашондану ҷо ба ҷо кардани чизу чораамон кумак расонданд. Албатта, мо чандон ҷиҳози зиёде надоштем. Ба ҳар ҳол ҳамон чизи камро ҳам ба ошёнаи сеюм баровардан машаққат дошт. Муҳимтар аз ҳама мо донистем, ки соҳиби ҳамсояҳои хуб шудаем ва ба онҳо бовар кардану дар зарурат такя намудан мумкин аст.
Ҳоҷибиро мегуфтед фаришта аст. Ҳам дар ақлу фаросат, ҳам адабу ахлоқ, ҳам муносибату муошират ва ҳам ҳусну ҷамол кам зане ба ӯ рақобат карда метавонист. Гумон бурдан мумкин буд, ки маҳз муҳаббати ӯ Ғоиби ҷавонро шоир кардааст. Вай зани хеле хоксору меҳрубон, росткору ростқавл, покизаву бадаступо ва сарфаю сариштакор менамуд. Ғурур ва сари баланди ба худ хос дошт. Ба касе сар хам намекард. Аз касе чизе намехост. Рӯзгорашро худ саришта мекард. Ба касе мадад мерасонду аз касе мадад намеҷуст. Аслан ба кумаки касе муҳтоҷ набуд. Чор фарзанд (ду писару ду духтари дугоник) дошт, ки дар синфҳои мухталифи мактаби миёна таҳсил мекарданд. Худ дар дукони дӯзандагӣ кор мекарду маоши хуб мегирифт. Бо нӯги сӯзан бачаҳоро мехӯронду мепӯшонд ва ба таври арзанда тарбия мекард. Мекӯшид, ки бепадариашонро ҳис накунанд. Ин буд, ки ҳамаи онҳо нағз мехонданду одоби намунавӣ доштанд. Писари калонӣ Сайёд ба имтиҳони хатми мактаби миёнаву имтиҳони қабули мактаби олӣ пешакӣ тайёрӣ медид. Писари хурдиаш Акмал дар баробари таҳсили хуб машқи шеър низ мекард ва умед буд, ки номбардори падар бишавад. Духтарчаҳо Фотимаю Зуҳро дар сурату сират айнан модарро мемонданд. 
Сипас, мо хона гирифта, ба ҷойи дигар кӯчидем. Муддате аз ҳоли ҳамдигар хабар мегирифтем. Мутаассифона, баъдтар нобасомониҳо сар шуду ҳамаро пароканда ва саргардон кард. Бо ҳукми тасодуф ё амри тақдир мо ҳам ба зодгоҳ баргаштанамонро худ нафаҳмида мондем. Ҳамин тавр, хеле вақт аз аҳволи зиндагии аҳли хонадони Сафарзодаҳо бехабар мондем.
Боре тасодуфан фаҳмидам, ки духтари Ғоиб Сафарзода – Зуҳро касби падарро интихоб карда журналист шудаасту дар рӯзномаи «Ҷумҳурият» фаъолият доштааст. Як – ду дафъае, ки он ҷо саргашта шудам, сари қадам наздаш даромада пурсупос кардам. Ӯ ҳам «тинҷӣ, ҳама нағз» гуфту гапро мухтасар кард ва дар бораи аҳли оилаашон маълумоти кофӣ надод.
Баъдҳо кам – кам ва аз ҳар ҷо шунидам, ки аҳли оилаи онҳо низ чун дигарон дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ азоб кашидаанд. Модар маҷбур шудааст, ки баъдҳо ба тиҷорат машғул шавад. Ба наздику дур рафта молу коло меовардаасту мефурӯхтааст ва маоши аҳли байтро таъмин мекардааст. Ғоибона ба ӯ ҳам таҳсин кардаму ҳам ҳайрон шудам, ки чунин як зани фариштахӯю беозор ва ҳалолхӯр чӣ гуна ба ин кор таваккалан даст задааст. 
Ҳар чи ҳам бошад, ӯ зарра – зарра бо нохун ҷамъ карду бо сад орзую умед сари писари калониро ҷуфт намуд. Соҳиби хонааш кард. Вале дарду доғҳои ятимӣ ва носозгориҳои зиндагӣ, ки батадриҷ ҷисму рӯҳи Сайёдро афгор карда буданд, ӯро бемор сохтанду аз пой фиканданд ва боиси хонавайрониаш шуданд. 
Тобистони соли 2018 барои табобати чашм аз деҳа ба пойтахт омадаму дар ҳамон хонаи нави худ, ки даҳ сол зиста будам, манзил гузидам… Нохост садои занг баланд шуд. Дарро кушодаму лаҳзае ҳайрон шудам. Дар паси дар яке аз ҳамон Фотима – Зуҳроҳо меистод.
- О, даро – даро, хоҳарҷон. Туро шамоли куҷо парронд?
- Шамоли дидори шумо, - хандида гуфт ӯ. – Аз тирезаи ошёнаи дуюм дидам, ки ин сӯ гузаштед. Давида баромадам. Ин бино дувоздаҳқабата буда хонаи мо дар ошёнаи ҳафтум ҷой дошт. Ҳоло ба ҷое шитоб дорам. Албатта, пагоҳ меоям.
- Модарат, хоҳару бародаронат сиҳату саломат ҳастанд?
- Додаракам вафот кард. Шукр, дигарон саломатанд, - дар чашмони духтарак ашк ҳалқа зад.
- Маро бубахш. Аз ин мусибат хабар надоштам. Хайр, қисмат ҳамин будааст. Ҳамдардии маро қабул кун, - гуфтам ва мавзӯи суҳбатро дигар кардан хостам: - Оё ту аз ҳамин бино хона гирифтӣ?
- Хонаамонро ба хонаи поёни Шумо (дар қабати дуюм) иваз кардем.
- Чаро? Охир, ҷойи пешинаатон хуб буд – ку. Хонаатон, ба фикрам, сеҳуҷрагӣ буд, ҳамсояҳои хуб доштед. Хонаҳои ин бино асосан дуҳуҷрагист…
- Ҳа, рост мегӯед. Акаам ба ин кор исрор кард. Розӣ шудем. 
Хайр, саломатиаш беҳтар шуд, охир?
- Саломатиаш бад не. Аммо баъди аз зан ҷудо шудан хеле хафаю рӯҳафтода аст. Хонаро занаш кашида гирифту ӯро ба кӯча партофт. Аз фарзандон ҷудо. Онҳоро пазмон мешавад. Намедонад чӣ кор кунад. Аз бекорию бечорагӣ рӯзи дароз дар хона мехобад. 
Духтар майли бозгашт карду гуфтам:
-  Хоҳарҷон, ба ҳама аҳли оила салом бирасон. Пагоҳ саҳари солеҳон бармегардам. Ба қарибӣ боз меоям. Ин дафъа ҳатман ба хонаатон медароям.
Агар мо атрофиён ба қисмати ҳамдигар бепарво набошему сари вақт дасти ҳамдигарро бигирем, бадбахтӣ ва ғаму ғуссаҳо камтар рух мезананд. Ба хотири бузургдошти хотираи неки Ғоиб Сафарзода корҳои зиёд ва шоиста ба анҷом расонда шуд. Мутаассифона, аз боиси нокомиҳои фарзандон рӯҳи ӯ ҳанӯз саргардону парешон аст.
Шоире хуб гуфтааст: «Дусад гуфта чун ними кирдор нест». Агар мо аҳли қалам, дӯстону ҳамсафони Ғоиб Сафарзода, алалхусус дастандаркорони чорабиниҳои ҷашнии ӯ барои ба сомон даровардани зиндагии фарзандони ин шоири ҷавонмарги дар зиндагӣ роҳатнадида иқдоме мекардем, рӯҳи ӯ ҳақиқатан ҳам шод мешуд. Ба андешаи мо, ин кор ҳоло ҳам дер нашудааст. Бовар дорем, агар ба роҳбарияти Ҳукумати кишвар ё ҳукумати шаҳри Душанбе муроҷиат карда шавад, онҳо барои беҳбуди зиндагии ҳамсару фарзандони Ғоиб Сафарзода кумаки худро дареғ нахоҳанд дошт.
 
Эҳсон СУБҲОН, нависанда


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 14.01.2021    №: 9    Мутолиа карданд: 53
03.03.2021


Мулоқоти Зулфия Давлатзода бо Мирвайс Ноб

Дар Доғистон хотираи ҳалокшудагони ҷангро гиромӣ медоранд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФУТБОЛ. СИТОРАҲОИ ДУРАХШОНИ ВАРЗИШИ ТОҶИК

ИФТИТОҲИ МАРКАЗИ ДӮСТӢ ВА ҲАМКОРИИ СҲШ ДАР ТОҶИКИСТОН

ҚУЛЛАИ «РАҲИМ МАСОВ» ДАР ИШКОШИМ

ҶОМИ КФО – 2021

Путин ҷиҳати муколама бо ИМА ва дигар кишварҳо омода аст

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

01.03.2021


ВМКБ. ОЗМУНИ «ДАСТАРХОНОРОӢ» ҶАМЪБАСТ ГАРДИД

ФФТ БАРНОМАИ МАХСУСИ ПРЕЗИДЕНТ БАРОИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ДЕҲОТ

«ҚОНУНИ ТИБ» БОЗНАШР ШУД

ТАЪСИСИ КОРХОНАИ ХУРДИ ИЛМӢ - ИСТЕҲСОЛИИ МАВОДИ ДОРУВОР

КОРВОНИ САЛОМАТӢ ДАР ЛАХШ

27.02.2021


Ҷаҳон дар як сатр

Си Ҷинпин изҳор намуд, ки Чин бар бенавоӣ комилан пирӯз гардид

Масъулиятро нисбат ба он мансабдорҳое, ки душаҳрвандӣ доранд, бояд сахттар намуд

ИМА имкони тамдиди ҳузури низомиёнашро дар Афғонистон истисно намекунад

Кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ба таҳияи «шиносномаи эмкунӣ» - и ягона ба мувофиқа расиданд

ТЕННИС ВА НАҚШИ «ҶУМҲУРИЯТ» ДАР ОММАВИЯТИ ВАРЗИШ

25.02.2021


ХАДАМОТИ ГУМРУК. ҚОНУНШИКАНӢ КАМ ВА ПАРДОХТҲОИ ГУМРУКӢ ЗИЁД ШУДАНД

«ТОҶИКОН» ДАР ТОҶИКОБОД

АЗ РАШТ ТО ЛАХШ. АВЛАВИЯТ БА ТАВСЕАИ ЗАМИНҲОИ КИШТ

КИШОВАРЗӢ. 11 КОРХОНАИ ПАРАНДАПАРВАРӢ ТАЪСИС МЕЁБАД

TASHKENT GRAND SLAM 2021. ТОҶИКИСТОНРО КИҲО МУАРРИФӢ МЕКУНАНД?

ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

24.02.2021


ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

23.02.2021


ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ. СУОЛИ "ҶУМҲУРИЯТ" ОШКОР КАРД, КИ ДАР КАДОМ МАҚОМОТ БОНУВОН ҶАЛБ НАМЕШАВАНД

22.02.2021


ҶОМИ ФФТ – 2021. "ИСТИҚЛОЛ" МАРОТИБАИ ШАШУМ СОҲИБИ ҶОМИ ФФТ ШУД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

МИЗИ МУДАВВАР. БАРРАСИИ МАВЗӮИ КОРКАРДИ НАХИ ПАХТА ТО МАҲСУЛОТИ НИҲОӢ

ХАТЛОН. ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНҲОИ ОЯНДАСОЗ

19.02.2021


АЪЗОИ ТАШКИЛОТИ ТЕРРОРИСТИИ «ҲИЗБ УТ-ТАҲРИР» БА ДАСТ АФТОДАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед