logo

иҷтимоиёт

ҚАЛБ. ПЕШГИРИИ БЕМОРИҲОИ МОДАРЗОДӢ

Рӯзноманигор Шервони Умриддин бо Амирҳусайн Алдубонии Сомӣ, доктори ташхису табобати бемориҳои дилу рагҳо, бемориҳои дарунӣ, ташхиси ангиографӣ ва ангиопластии шарёнҳои дилу гурда ва андомҳои поён, катетеризатсияи ғуфраҳои дил, тармими интервенсионии як қатор нуқсҳои модарзодӣ ва пайдошудаи дили Бемористони байналмилалии Ибни Сино суҳбат намуд, ки он манзури хонандагон мегардад.
Пешрафти илм ва фановарӣ дар табобати бемориҳои қалб ҳам таъсири мусбати худро гузошт. Бо мурури замон дастгоҳҳои муосире пайдо шуданд, ки назар ба солҳои қаблӣ дар гузоштани ташхис ахборро мушаххас ва қариб 100 дарсад муайян менамоянд. Пештар беморон бо сабаби кам муҷаҳҳаз гардидани бемористонҳо бо дастгоҳҳои муосир барои табобат гирифтан ба хориҷи мамлакат мерафтанд. Имрӯз бошад, бо фароҳам шудани таҷҳизоту фановариҳои нав дар кишвар, муоина ва ташхиси бемориҳои гуногуни қалб роҳат ва осон шудааст. Он бемориҳое, ки пеш табобатнашаванда ба ҳисоб мерафтанд, акнун дар аксари мавридҳо бо истифода аз фановариҳои навтарин дармон бахшида мешаванд.
- Нахуст аз ин, ки фурсатеро дар ихтиёри мо гузоштед, то дар ин мавзӯъ суҳбат бикунем, сипосгузорам. Аввал, мехоҳам бипурсам, ки омилҳои сар задани бемориҳои модарзодии қалб дар кӯдакон кадомҳоянд? Бо чӣ сабабҳо кӯдакон ба бемории модарзодии қалб гирифтор мешаванд?
- Дили инсон шурӯъ аз ҳафтаи чорум то шашуми бордоршавӣ ташаккул меёбад. Агар дар ин замон модар дучори ягон уфунат (инфексия) гардад ё худ машрубот ё тамоку истеъмол намояд, хатари гирифтории ҷанини батн ба нуқси дил меафзояд. Инчунин, қабули доруҳо ва ё гирифтани радиатсия дар ин марҳила метавонад дар ташаккул ёфтани дил ихтилоле ба вуҷуд орад, ки аксаран боиси пайдоиши нуқси дил мегардад. Бемориҳои музмин ва боло будани синну соли модар низ боиси пайдоиши нуқси модарзодӣ мешавад. Дар пайдошавии нуқси модарзодии дил ҷаҳиш ё ихтилоли генетикӣ низ метавонад, таъсиргузор бошад. Бинобар ин, аксаран дар кӯдакони гирифтори бемориҳои генетикӣ нуқсҳои модарзодии дил пайдо мешаванд. Вале, ҳолатҳое вомехӯранд, ки модар, аслан, солим буда, одатҳои бад ҳам надорад, аммо кӯдак дорои нуқси дил мебошад, дар ин сурат пайдо кардани сабаби пайдоиши нуқс ғайриимкон аст.
- Чӣ гуна бояд ташхис бидиҳем, ки кӯдак нуқси модарзодӣ дорад?
- Аввалан, вақте кӯдак ба дунё меояд, маъмулан пизишкон, яъне пизишки занон ва пизишки кӯдакон, модару кӯдакро муоина мекунанд. Пизишкон ҳангоми таваллуди кӯдак бо дастгоҳи ултроскоп (дастгоҳе, ки бо он дилзании кӯдакро аз болои ишками модар гӯш мекунанд) метавонанд, нуқси модарзодии дили ӯро ташхис бидиҳанд. Ҳангоми муоина аз садоҳои ғайриодӣ дар дохили дили кӯдак метавон чигунагии нуқси модарзодиро ташхис дод, ки ин садоҳо баёнгари сӯрохи байни ду меъдача ё байни ду даҳлез ва ё баёнгари тангии даричаҳои дил ҳастанд. Мавҷудияти бемориҳои модарзодии дилро бо эхокардиографии ҷанин муайян мекунанд.
- Дуюм, агар навзоде ба дунё биёяду ҳангоми шир хӯрдан арақ кунад ва  натавонад хуб шир бихӯрад, параҳои биниаш ҳаракат кунанд ва ё зуд хаста шавад, ин метавонад аломати бемориҳои модарзодии дил бошад. Дар ин ҳолат бояд модари навзод зуд ба пизишкон муроҷиат намояд, то ҳар чи зудтар бемории фарзандаш ташхис карда шавад.
  Сеюм, агар навзод дар лабҳо, ангуштони даст ва пойҳояш кабудӣ дошта бошад, мумкин аст, ки аломати норасоии бемориҳои модарзодии дил бошад.
 - Бемориҳои модарзодии дил танҳо бо ҷарроҳӣ муолиҷа мешаванд ё роҳи дигари табобат низ ҳаст?
 - На ҳамаи онҳое, ки бемориҳои модарзодии диланд, эҳтиёҷ ба дармон доранд. Масалан, мумкин аст, ки сӯрохи байни ду меъда хеле хурд бошад ва он метавонад бо гузашти замон худ баста шавад. Вале, маъмулан, сӯрохи байни ду даҳлез баста намешавад. Агар сӯрох хеле бузург набошад, лозим нест, ки онро ҷарроҳӣ кунанд. Вале агар бузург бошад, бояд онро баст.
Агар даричаи митралии дили бемор аз ҳад зиёд танг бошад, онро метавон бо яке аз равишҳои дармони интервенсионӣ, дақиқтараш бо валвулопластӣ боз ва ё бо роҳи ҷарроҳӣ бартараф кард. Мавридҳое ҳастанд, ки кӯдакон бо бемориҳои вазнини модарзодӣ, аз ҷумла бо нуқси Тетрадаи Фалло ба дунё меоянд. Ин гуна бемориҳо бояд, ҷарроҳӣ шаванд.
- Чӣ чораҳое барои пешгирӣ аз гирифторӣ ба ҳамин бемориҳои модарзодии дил вуҷуд дорад?
- Барои он, ки чунин мушкилот пеш наояд, хеле муҳим аст, ки модар дар даврони бордорияш  таҳти муроқибати мутахассиси занону зоймон бошад. Агар аломати бемории модарзодии дилро дар ҷанин мушоҳида кунанд, бояд ҷанини батн ЭКО-кардиографӣ шавад. Ин навъи ташхис кумак мекунад, ки бемории ҷанин ҳангоми дар шиками модар будан муайян шавад ва баъди таваллуди кӯдак иқдоми табобати онро пеш гиранд. Инчунин, барои пешгирӣ аз гирифторӣ ба бемориҳои нуқси модарзодӣ хеле муҳим аст, то модар тарзи ҳаёти солимро пеш барад ва аз истеъмоли сигор, шароб ва аз баъзе доруҳои номумкин дар даврони ҳомилагӣ парҳез кунад.
Тавсияи ман ҳамчун мутахассиси ин соҳа чунин аст, ки ҳар як нафар бояд ҳангоми пайдо шудани нишонаҳои нахустини бемории модарзодии дил ба мутахассисони соҳаи тиб муроҷиат кунад. Барои сари вақт табобат ёфтану пешгирӣ кардан аз бемориҳои модарзодии дил шахси бемор бояд аз маслиҳатҳои пизишкон сар напечад ва ҳамеша бо онҳо дар тамос бошад.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15.01.2021    №: 10    Мутолиа карданд: 184
04.03.2021


ФОРУМИ ҶУМҲУРИЯВӢ ОИД БА БАЛАНД БАРДОШТАНИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚИИ ЗАНОН

ШАҲРИНАВ. ГУЛГАШТИ НАЗДИ МУҶАССАМАИ МИРЗО ТУРСУНЗОДА НАВСОЗӢ МЕШАВАД

КАМОНВАРӢ

Муассисаҳои таълимии олии Россия дарҳояшонро барои донишҷӯёни хориҷӣ боз намуданд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

03.03.2021


Мулоқоти Зулфия Давлатзода бо Мирвайс Ноб

Дар Доғистон хотираи ҳалокшудагони ҷангро гиромӣ медоранд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФУТБОЛ. СИТОРАҲОИ ДУРАХШОНИ ВАРЗИШИ ТОҶИК

ИФТИТОҲИ МАРКАЗИ ДӮСТӢ ВА ҲАМКОРИИ СҲШ ДАР ТОҶИКИСТОН

ҚУЛЛАИ «РАҲИМ МАСОВ» ДАР ИШКОШИМ

ҶОМИ КФО – 2021

Путин ҷиҳати муколама бо ИМА ва дигар кишварҳо омода аст

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

01.03.2021


ВМКБ. ОЗМУНИ «ДАСТАРХОНОРОӢ» ҶАМЪБАСТ ГАРДИД

ФФТ БАРНОМАИ МАХСУСИ ПРЕЗИДЕНТ БАРОИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ДЕҲОТ

«ҚОНУНИ ТИБ» БОЗНАШР ШУД

ТАЪСИСИ КОРХОНАИ ХУРДИ ИЛМӢ - ИСТЕҲСОЛИИ МАВОДИ ДОРУВОР

КОРВОНИ САЛОМАТӢ ДАР ЛАХШ

27.02.2021


Ҷаҳон дар як сатр

Си Ҷинпин изҳор намуд, ки Чин бар бенавоӣ комилан пирӯз гардид

Масъулиятро нисбат ба он мансабдорҳое, ки душаҳрвандӣ доранд, бояд сахттар намуд

ИМА имкони тамдиди ҳузури низомиёнашро дар Афғонистон истисно намекунад

Кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ба таҳияи «шиносномаи эмкунӣ» - и ягона ба мувофиқа расиданд

ТЕННИС ВА НАҚШИ «ҶУМҲУРИЯТ» ДАР ОММАВИЯТИ ВАРЗИШ

25.02.2021


ХАДАМОТИ ГУМРУК. ҚОНУНШИКАНӢ КАМ ВА ПАРДОХТҲОИ ГУМРУКӢ ЗИЁД ШУДАНД

«ТОҶИКОН» ДАР ТОҶИКОБОД

АЗ РАШТ ТО ЛАХШ. АВЛАВИЯТ БА ТАВСЕАИ ЗАМИНҲОИ КИШТ

КИШОВАРЗӢ. 11 КОРХОНАИ ПАРАНДАПАРВАРӢ ТАЪСИС МЕЁБАД

TASHKENT GRAND SLAM 2021. ТОҶИКИСТОНРО КИҲО МУАРРИФӢ МЕКУНАНД?

ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

24.02.2021


ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

23.02.2021


ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ. СУОЛИ "ҶУМҲУРИЯТ" ОШКОР КАРД, КИ ДАР КАДОМ МАҚОМОТ БОНУВОН ҶАЛБ НАМЕШАВАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед